НОМАИ ИД АСТУ БЕДОРӢ
Ба ифтихори садсолагии рӯзномаи "Ҷумҳурият"
Саҳфаҳо пур ҳарфи ваҳдат, ифтихор аз ҳувият,
"Иди тоҷик " будиву "Бедории тоҷик " шудӣ,
Муждаори ҳастии мо ҳар саҳар "Ҷумҳурият" –
Дафтари таърихи давлатдории тоҷик шудӣ.
Матбуоти тоҷиконро сарҷарида садбаҳор,
То абад аз давлату аз бахти миллат мужда ор!
Рӯйи авроқат навиду муждаи ҳар рӯзи мо,
Аз садоқат, аз шарофат аз сиёсат аз вафо.
Саҳфаҳо пур васфи таърихи навини тоҷикон,
Нақши давлатдории неки муаззам Пешво.
Матбуоти тоҷиконро сарҷарида садбаҳор,
То абад аз давлату аз бахти миллат мужда ор!
Аз канору гӯшаи дунё ту пайғом оварӣ,
Муждабар аз бахти тоҷик бар фарангу ховарӣ.
Айнии аллома неку хуш баҳо дода туро:
"Матбуоти Тоҷикистонро ту, ҳаққо, модарӣ!".
Матбуоти тоҷиконро сарҷарида садбаҳор,
То абад аз давлату аз бахти миллат мужда ор!
Иброҳимҷон ДӮСТАЛИЗОДА,
узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон
Санаи нашр: 25.04.2025 №: 79
