ГӮШТИНГИРӢ
Мусобиқаи байналмилалӣ барои Ҷоми раиси шаҳри Душанбе доир мешавад
26-уми апрел дар Қасри тенниси Роҳи оҳан ба ифтихори Рӯзи пойтахт барои дарёфти Ҷоми раиси шаҳри Душанбе шашум мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор мегардад.
Дар мусобиқа иштироки 108 паҳлавон аз 25 кишвар дар назар аст. Онҳо аз рӯйи вазнҳои 65 кг, 78 кг, 95 ва +95 кг миёни мардҳо ва 70 кг миёни бонувон барои мақомҳои ифтихорӣ талош менамоянд. Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 20 варзишгар намояндагӣ мекунад.
Фонди ҷоизаҳои мусобиқа 110 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Ғолибон соҳиби 10 ҳазор доллар, барандагони медали нуқра соҳиби 5 ҳазор доллар ва медали биринҷӣ сазовори 2,5 ҳазор доллари амрикоӣ мегарданд.
ҶУДО
Аввалин мураббии сатҳи байналмилалӣ аз Тоҷикистон
Мураббии тими мунтахаби ҷудои Тоҷикистон Фотеҳ Маҳмадбеков Академияи Федератсияи байналмилалии ҷудоро бомуваффақият хатм карда, соҳиби шаҳодатнома гашт.
Тибқи муқаррарот Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF), аз соли 2025 ҳамаи доварон ва мураббиёне, ки дар мусобиқаҳои байналмилалӣ ширкат мекунанд, бояд шаҳодатномаи такмили ихтисос дошта бошанд – «Шаҳодатномаи бакалавр ҳамчун дастурдиҳандаи ҷудо». Ин сатҳи баланди тахассусро тасдиқ мекунад. Бе хатми ин курс мураббиён ва доварон дар мусобиқаҳо иштирок карда наметавонанд. Мураббиён бояд якчанд имтиҳон супоранд ва сипас ба амалия диққат диҳанд, қоидаҳои навро омӯзанд.
Мураббии мунтахаби ҷудои Тоҷикистон Фотеҳ Маҳмадбеков курси омӯзиширо дар Тянзин (Чин) анҷом дод.
– Ман ифтихор дорам, ки бори аввал дар таърихи ҷудои тоҷик, дар Академияи байналмилалии IJF таълим гирифтам, ҳамаи имтиҳонҳои назариявӣ ва амалиро бомуваффақият супурдам ва шаҳодатномаи расмии мураббии байналмилалиро сазовор шудам. Барои ман ин на танҳо дастоварди шахсӣ, балки як қадами муҳим барои оилаи ҷудои тоҷик аст. Ин эътирофи он аст, ки мураббиёни мо метавонанд ба баландтарин меъёрҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ бошанд, – иброз намуд Ф. Маҳмадбеков.
ФУТБОЛ
Мунтахаби Тоҷикистон бо тими миллии Камбоҷа бозии дӯстона анҷом медиҳад
Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар доираи омодагӣ ба даври дуюми марҳалаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 бо тими мунтахаби Камбоҷа бозии дӯстона анҷом медиҳад.
Вохӯрии дастаҳо 5-уми июн дар пойтахти ин кишвар – шаҳри Пномпен сурат хоҳад гирифт. Пас аз анҷоми бозии дӯстона тими миллии Тоҷикистон барои анҷом додани вохӯрии даври дуюми марҳалаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 муқобили мунтахаби Филиппин, ки 10-уми июн баргузор мешавад, ба шаҳри Капаси Филиппин сафар мекунад.
Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 24.04.2025 №: 80-81
