ҶУДО
Чемпионати Осиё: ҳафт медали паҳлавонони тоҷик
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷудои Осиё, ки 25-28-уми апрел дар шаҳри Бангкоки Тайланд доир гашт, хуб дурахшиданд. Ҷудочиёни мо миёни мардҳо аз ҳафт вазн дар шаштоаш ҳафт медал – 2 нуқра, 5 биринҷӣ гирифтанд.
Бино ба маълумоти Федератсияи байналмилалии ҷудо, дар Чемпионат 289 варзишгари 29 давлати қора ширкат дошт. Аз ҷумла, ҷумҳурии моро 11 варзишгар (9 мард, 2 зан) намояндагӣ кард.
Медалҳои нуқраро дар ҳайати ҷудои Тоҷикистон Сомон Маҳмадбеков дар вазни -81 кг ва Темур Раҳимов дар вазни +100 кг сазовор гаштанд. Муҳаммадсолеҳ Қувватов (-60 кг), Обид Ҷебов, Эмомалӣ Нуралӣ (ҳар ду дар вазни -66 кг), Абубакр Шеров (-73 кг) ва Ҷаҳонгир Маҷидов (-100 кг) ба дарёфти медали биринҷӣ мушарраф шуданд.
Ҳамин тариқ, бори аввал аст, ки тими ҷудои кишвар дар як чемпионат 7 медал ба даст овард. Мураббии тими ҷудои кишвар Фотеҳ Маҳмадбеков дар як мусоҳибааш гуфт: “Дар Чемпионати Осиё диловарони мо чун шер размиданд. Дигар ҳар паҳлавони сатҳи ҷаҳонӣ дар зӯрозмоӣ бо тоҷикон ҳарос доранд. Ҳатто барои ватандорони ҷудо – ҷопониҳо хатарнок шудаем”.
Муовини аввали раиси Федератсияи ҷудои Тоҷикистон Эргаш Маҳмадбеков пас аз анҷоми Чемпионат назарашро чунин баён кард: “Зӯрозмоиҳои инфиродии Чемпионати Осиё дар Тайланд барои дастаи мо бо натиҷаи таърихӣ анҷом ёфт. Дастаи Тоҷикистон бори аввал дар таърих дар 6 вазни мардона 7 медал ба даст оварда, сатҳи баланди омодагӣ, устуворӣ ва характер нишон дод.
Мо ба ҳайати мураббиён барои маҳорати касбӣ, инчунин, ба ҳар як варзишгар баҳри фидокорӣ миннатдории самимӣ баён мекунем. Дар пеш рӯйдоди муҳим барои кишвари мо – Гранд-слами Душанбе аст. Ба дастаамон пирӯзиҳои нав ва саҳифаҳои дурахшон дар таърихи ҷудои тоҷик орзумандам”.
ФУТБОЛ
Тоҷикистон мизбони бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё-2026 интихоб шуд
Конфедератсияи футболи Осиё мизбонони марҳалаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 байни бонувони то 20-соларо тасдиқ кард.
Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, марҳалаи интихобӣ дар ҳашт кишвар: Тоҷикистон, Чин, Малайзия, Ӯзбекистон, Ветнам, Мянмар, Лаос ва Бутан мегузарад. Дар он 34 даста ширкат мекунад. Аз рӯйи натиҷаи қуръакашӣ ҳашт гурӯҳ ташкил карда мешавад: ду гурӯҳи панҷдастаӣ ва шаш гурӯҳи чордастаӣ. Ғолибони гурӯҳ ва се дастаи беҳтарини зинаи дуюми гурӯҳҳо ба марҳалаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2026 роҳхат мегиранд.
Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 28.04.2025 №: 83
