НАХУСТИН «НАҚЛИЁТИ САБЗ»-И ҶУМҲУРӢ 70-СОЛА ШУД
Пойтахти кишварамон шаҳри зебои Душанбе дар баробари иморатҳои хуштарҳу замонавӣ ва боғу гулгаштҳои дилрабояш, инчунин, бо «нақлиёти сабз»-аш низ машҳур гардидааст. Ба шарофати сиёсати дурандешонаи раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҳоло дар пойтахти мамлакат теъдоди электробусу троллейбус, микроэлектробус ва электромобил-таксиҳо нисбат ба дигар шаҳрҳои минтақа зиёд мебошад.
Агар саҳифаи таърихро варақгардон намоем, якуми майи соли равон ба ҳаракати нахустин «нақлиёти сабз», яъне троллейбус, дар пойтахти кишвар 70 сол пур мешавад. Бо қарори №106 Кумитаи иҷроияи Шурои вакилони халқи шаҳри Сталинобод (ҳоло Душанбе) аз 6-уми апрели соли 1955 дар пойтахти ҷумҳурӣ раёсати троллейбусҳо таъсис ёфт. Бисту ҳафтуми апрели ҳамон сол аз шаҳраки Шимолӣ (наздикии Донишгоҳи аграрӣ) то вокзали роҳи оҳан, ки 11 километрро дар бар мегирифт, бори нахуст ҳаракати санҷишии троллейбус ба роҳ монда шуд.
Якуми майи соли 1955 бо иштироки Раиси вақти Шурои Вазирони ҶШС Тоҷикистон Ҷаббор Расулов маросими ифтитоҳи хатсайри троллейбуси №1 аз шаҳраки Шимолӣ то истгоҳи роҳи оҳан ботантана баргузор гардид. Дар ин хатсайр 7 троллейбуси тамғаи МТБ-82Д ба мусофиркашӣ шуруъ намуд.
Бисту чоруми июли соли 1962 ҳаракати троллейбусҳо дар хатсайри нави майдони Айнӣ – корхонаи коркарди чӯбу тахта (ДОК) ба роҳ монда шуд.
Соли 1967 Парки троллейбуси №2 ба истифода дода шуд, ки дар натиҷа, теъдоди хатсайрҳо ба 9 номгӯй, дарозии хатти троллейбус ба 49 километр, теъдоди троллейбусҳо ба 65 адад ва шумораи коргарон ба 700 нафар расид. Охири солҳои ҳаштодуми асри гузашта парки троллейбусии шаҳри Душанбе хеле муқтадир гашта, дарозии хатҳои троллейбус ба 136 километр расида, шумораи троллейбусҳо 250 ададро ташкил дод.
Дар даврони ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, ки дастрасӣ ба сӯзишворӣ хеле мушкил гашта буд, бори асосии мусофиркашонӣ дар пойтахт ба дӯши троллейбусҳо афтод. Аз ин рӯ, бинобар сарбории зиёд ва набудани қисмҳои эҳтиётӣ аксар троллейбусҳо аз фаъолият монданд.
Солҳои 2005-2006 аз корхонаи «Тролза-Маркет»-и Федератсияи Россия 100 троллейбуси нав харида шуд. То харидани троллейбусҳои нав баъзе ихтироъкорон автобусҳои «Икарус»-и куҳнашударо бо троллейбус "пайванд" карданд, ки чанд муддат дар кашондани мусофирон нақши муҳим бозиданд. Бо сабаби набудани сӯзишворӣ, ҳатто троллейбусҳои боркаши тамғаи КТГ-1 низ ба мусофиркашонӣ сафарбар гардиданд.
Соли 2015 дар шаҳри Душанбе корхонаи васлу насби троллейбусҳо бо номи «Тролза» ба истифода дода шуд.
Соли 2019 бори нахуст дар Осиёи Марказӣ дар шаҳри Душанбе ҳаракати троллейбусҳои бесим ба роҳ монда шуд, ки аз хатҳои барқи троллейбус неру (заряд) гирифта, 15 километр бесим гашта метавонанд.
Ҳаштуми июни соли 2021 муаррифии нахустин троллейбуси тамғаи «Akia Ultra TB-12», ки аз ҷониби корхонаи ватании «Акиа Авесто» истеҳсол шудааст, баргузор гардид.
Тибқи иттилои директори Корхонаи коммуналии воҳиди давлатии «Троллейбус» Сорбон Акрамзода, ҳоло 120 троллейбуси замонавӣ дар 8 хатсайр ба мусофирон хизмат мерасонад. Дар корхона 102 кас фаъолият мекунад, ки 25 нафараш зан мебошад. Нахустин бонуи троллейбусрони шаҳри Душанбе Олга Журавлёва мебошад, ки нимаи дуюми солҳои панҷоҳуми асри гузашта ба мусофирон хизмат мерасонд.
Бовар дорем, ки шумораи троллейбусҳои замонавию бароҳат дар пойтахти кишвар афзуда, шаҳри Душанбе аз ҷиҳати истифодабарии «нақлиёти сабз» дар қатори машҳуртарин шаҳрҳои ҷаҳон ҷой хоҳад гирифт.
Сайфиддин СУННАТӢ,
Аълочии матбуот ва фарҳанги
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Санаи нашр: 29.04.2025 №: 84-85
