ГӮШТИНГИРӢ
Ғолибони Мусобиқаи байналмилалӣ барои Ҷоми раиси шаҳри Душанбе
26-уми апрел дар Қасри тенниси Роҳи оҳан ба ифтихори Рӯзи пойтахт барои дарёфти Ҷоми раиси шаҳри Душанбе шашум мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор шуд.
Дар мусобиқа беш аз 100 паҳлавони 25 кишвар ширкат карда, дар вазнҳои 65 кг, 78 кг, 95 ва +95 миёни мардҳо ва 70 кг миёни бонувон барои мақомҳои ифтихорӣ талош карданд. Тоҷикистонро 20 варзишгар намояндагӣ кард. Онҳо 11 медал ба даст оварданд.
Байни мардон дар се вазн – Суҳроб Боқиев (65 кг), Маҳмадшариф Наҷмиддинов (78 кг) ва Шакармамад Мирмамадов (+95 кг) ғолиб шуданд. Дар як вазн (95 кг) паҳлавон аз Ӯзбекистон Ҷонибек Қазоқов, дар вазни 70 кг байни занон Алёна Прокопенко аз Русия соҳиби медали тилло шуданд.
Паҳлавонони мо Муллораҷаб Халифаев (65 кг) медали нуқра, Сарвар Абдушукуров, Муслимбек Каримов (65 кг), Абубакр Боқиев, Аҳрор Зиёдуллоев (78 кг), Озаранг Содиқ (95 кг), Шарифҷон Назриев (+95 кг) ва Шоҳида Қаландарова (70 кг) медали биринҷӣ гирифтанд.
Фонди ҷоизаҳои мусобиқа 110 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил медод. Паҳлавонон барои ҷойи аввал 10 ҳазор доллар, барои ҷойи дуюм 5 ҳазор доллар ва барои ҷойи сеюм 2 ҳазору 500 доллар дарёфт карданд.
ФУТБОЛ
Ҳарифони тими бонувони Тоҷикистон дар марҳалаи интихобии Ҷоми Осиё-2026
муайян шуданд
28-уми апрел маросими қуръакашии марҳалаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 миёни бонувони то 20-сола баргузор шуд.
Тими бонувони Тоҷикистон шомили гурӯҳи «С» шуда, бо дастаҳои Австралия, Тайпейи Чин ва Фаластин рақобат хоҳад кард. Бозиҳои интихобии гурӯҳи «С» аз 6 то 10-уми август дар Душанбе баргузор мешаванд.
Дар марҳалаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 миёни дастаҳои мунтахаби бонувони то 20-сола дар маҷмуъ, 33 даста ширкат мекунад, ки ба ҳашт гурӯҳ тақсим шуданд. Як гурӯҳ аз панҷ даста ва ҳафт гурӯҳ аз чордастаӣ иборат аст.
Бо натиҷагирии марҳалаи интихобӣ ғолибон ва се дастаи беҳтарини ҷойҳои дуюми гурӯҳҳо ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2026, ки дар Тайланд баргузор мешавад, роҳ меёбанд.
Лигаи олӣ: “Вахш” аз “Истиқлол” пеш гузашт
Се рӯзи гузашта мо шоҳиди бозиҳои даври ёздаҳуми Чемпионати футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои Лигаи олӣ гаштем.
Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе, ки то ин вақт пешсафи ҷадвали мусобиқа буд, ҷояшро ба "Вахш"-и Бохтар дод. Тими Душанбе дар ин давр бо “Эсхата” мусовӣ (1:1) бозӣ карда, “Вахш” бар дастаи “Истаравшан” бо ҳисоби 3:2 пирӯз гашт.
Бозӣ миёни ду дастаи минтақаи Кӯлоб – “Ҳулбук” ва “Равшан” бе гол хотима ёфта, “Ҳосилот” (Фархор) бар “Панҷшер” (Ҷалолиддини Балхӣ) бо ҳисоби 2:1, КМВА бар “Регар-ТадАЗ” бо ҳисоби 1:0 ғолиб омаданд.
Ёдрас мекунем, ки бозиҳои даври 11-ум, ба хотири бозии даври дуюми интихобии Ҷоми Осиё-2027 миёни дастаҳои миллии Филиппин – Тоҷикистон (4-уми июн), пештар баргузор шуд. 2-4-уми май бозиҳои даври 7-ум ба нақша гирифта шудаанд, ки “Вахш” бо “Барқчӣ”, “Эсхата” бо “Ҳосилот”, “Истаравшан” бо “Панҷшер”, “Истиқлол” бо “Ҳулбук”, “Хуҷанд” бо “Регар-ТадАЗ”, “Равшан” бо КМВА вомехӯранд.
Феълан “Вахш” ва “Истиқлол”, ки ягон бохт надоранд, бо 17-холӣ дар ҷойҳои якуму дуюми ҷадвали мусобиқа мавқеъ доранд. “Равшан” бо 12 хол сеюм аст.
БОКС
Варзишгарони кишвар ба Қирғизистон рафтанд
Тими мунтахаби бокси Тоҷикистон дар 47-ум Мусобиқаи байналмилалӣ ба хотираи Дуйшонқул Шопоков дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон ширкат меварзад.
Ба иттилои Федератсияи бокси Тоҷикистон, ба ҳайати дастаи мунтахаби кишвар 11 муштзан шомил аст: Муинхуҷа Муминов (48 кг), Меҳроб Ҳамидов (51 кг), Изатулло Алиев (54 кг), Баҳриддини Зиёвуддин (57 кг), Дамир Муйбалихонов (60 кг), Акмал Убайдов (60 кг), Файзалӣ Ғуломов (63,5 кг), Довуд Маҳкамов (67 кг), Бахтиёр Мирзомуҳаммад (75 кг), Абдумалик Болтаев (80 кг), Парвиз Каримов (92 кг).
Дастаро мураббиҳо Муҳаммадҷон Сулаймонов, Хуршед Ҷӯраев ва Масрур Шобеков роҳнамоӣ мекунанд. Меҳроҷ Умаров бошад, дар мусобиқа ҳамчун довар кор хоҳад кард.
Дар Мусобиқаи мазкур муштзанҳо аз Тоҷикистон, Россия, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Олмон, Испания, Чин, Туркманистон, Озарбойҷон, Ироқ ва Муғулистон ширкат меварзанд. Муҳорибаҳо имрӯз оғоз ёфта, то 4-уми май идома меёбанд.
Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 29.04.2025 №: 84-85
Ҳамчунин хонед:
29 январ 2025, Чоршанбе
БО МАРДУМ ВА БАРОИ МАРДУМ Ё КОРНОМАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР СОЛИ 2024 БО РАҚАМҲО
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
18 ноябр 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ИҶОРАИ МОЛИЯВӢ (ЛИЗИНГ)»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН