ҲУНАР БЕҲТАР АЗ ГАВҲАР
Ҳунар сармояи гаронест, ки онро бо ягон дороӣ, сарват, симу зар иваз кардану харидан номумкин аст. Ҳунар инсонро бузургӣ бахшида, соҳибэҳтиром мегардонад. Қаҳрамони мо Фозил Носиров ин нуктаро хеле хуб дарк кардааст, ки пайваста дар талоши омӯхтану сайқал додани касби хеш аст ва роҳи худро дар олами рангини ҳунари кулолӣ пайдо намудааст. Ин аст, ки ӯ бо аҳли оилаи ҳунарманди худ солҳост бо армуғонҳои ҷолибу диданӣ хотири мизоҷонро хушнуд месозад.
Тавре ӯ мегӯяд, меҳри ногусастанӣ нисбати ҳунари кулолӣ аз хурдӣ дар дилаш ҷой гирифт. Ин ҳунарро ӯ аз устодаш Ашуралӣ Ёдгоров, ки яке аз наққошони номдори минтақаи водии Ҳисор буд, дар давраи наврасӣ омӯхтааст.
– Ин ҳунар барои ман азиз аст, зеро маҳз аз пушти ҳамин ҳунар мардум моро мешиносанд, эҳтиром мекунанд. Самараи ҳамкориҳои тулонӣ, вале судманд бо устодонам буд, ки имрӯз ба як мактаби хоси худ низ дастёб ҳастам, – иброз медорад ӯ.
Фозил Носиров дар ноҳияи Шаҳринав истиқомат дошта, соҳиби устохонаи наздиҳавлигӣ ва мактаби ҳунармандист. Ҳамсар, ду духтар, писару келинаш дар вақтҳои фориғ аз кор дар устохона ба омодасозии армуғонҳо, хоса ба корҳои ороишӣ, машғул мешаванд.
Айни ҳол чунин мактабҳои ҳунаромӯзӣ дар шаҳри Турсунзода ва ноҳияи Шаҳринав фаъолият доранд. Ӯ ҳамчун омӯзгори ҳунарманд аз соли 2013 инҷониб ба шогирдон аз рӯи усули анъанавии миллии «устод – шогирд» асрори соҳаи кулолӣ ва армуғонсозиро меомӯзонад. Имрӯз дар шаҳри Турсунзода 20 ва ноҳияи Шаҳринав 15 хонанда ба таҳсили ҳунаромӯзӣ фаро гирифта шудааст. Баъди хатми чор соли хониш онҳо бо шаҳодатномаи мактаби санъат метавонанд дар дилхоҳ муассисаву ташкилот бо ҷойи кор таъмин гарданд.
ДАР ҲУНАР КӮШ, КИ ЗАР ЧИЗЕ НЕСТ
Маҳсулоти омоданамудаи онҳо диққати бинандаро зуд ба худ ҷалб мекунад. Ҳар як навъи маҳсулоти тайёр як асар маҳсуб меёбад. Асарҳо гуногунранг буда, манзараҳои зебои табиат, ҳайвоноти гуногун, кӯзаву табақ, чеҳраи шахсиятҳои гуногун, шоиру нависандагони машҳур, мавзеъҳои таърихии Тоҷикистон ва қаҳрамонони филму афсонаҳои халқиро дар бар мегиранд.
ҲАДАФ – САҲМ ГУЗОШТАН ДАР РУШДИ СОҲАИ САЙЁҲӢ
Талошҳои Ф.Носиров ба он равона гардидааст, ки бо ин амалаш мехоҳад таваҷҷуҳи сайёҳони дохиливу хориҷиро ба Тоҷикистон ҳарчи бештар ҷалб намояд. Вақте сайёҳону меҳмонони хориҷӣ армуғони дар он мавзеъҳои таърихӣ тасвирёфтаро бо худ ба кишварашон мебаранд, завқи мардуми он давлатҳо бо дидани чунин ёдгориҳо меафзояд. Ин, албатта, ба он мусоидат мекунад, ки шумораи сайёҳон бештар гардад.
ЗАҲМАТУ ҲУНАР КАСРО НАМОЯД НОМВАР
Фозил Носиров бо маҳсули дасти хеш дар тамоми чорабиниҳое, ки дар Ватани азизамон, хориҷи кишвар баргузор мешаванд, фаъолона ширкат меварзад. Шукргузор аз он ҳаст, ки сазовори ҷоизаҳои зиёд низ гаштааст. Аз ҷумла, соли 2024 дар озмуни «Ҳунар омӯз…», ки бо ибтикори Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ баргузор шуд, ҳамчун армуғонсози беҳтарин сазовори дипломи дараҷаи 1 гардид. Дар озмунҳои «Ҳунар беҳтар аз зар» бо дипломи дараҷаи 1 ва «Ҳунарманди беҳтарини сол», ки дар ҷамъбасти сол дар шаҳри Турсунзода баргузор шуд, бо дипломи дараҷаи 2 ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гашт. Ҳамчунин, дар Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин оилаи ҳунарманд», ки аз ҷониби Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли гузашта ташкил шуд, соҳиби дипломи дараҷаи 2 гардид.
– Ин қадрдониҳо ва ғамхориҳо моро боз ҳам руҳбаланд ва нисбат ба кор дилгарм месозанд. Ҳадафи асосии мо ҷалби бештари сайёҳони хориҷӣ ва муаррифии фарҳангу маданияти миллати тоҷик мебошад, – мегӯяд бо қаноатмандӣ Н. Фозилов.
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР,
«Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 29.04.2025 №: 84-85
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
29 январ 2025, Чоршанбе
БО МАРДУМ ВА БАРОИ МАРДУМ Ё КОРНОМАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР СОЛИ 2024 БО РАҚАМҲО
18 ноябр 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ИҶОРАИ МОЛИЯВӢ (ЛИЗИНГ)»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН