МАОРИФ. САҲМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ТАШАККУЛИ ИНСОНИ КОМИЛ

01 май 2025, Панҷшанбе
5
Маориф дар тарбия ва ташаккули инсони комил ва солиму созанда нақши муҳим дорад. Аз ин ҷост, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маорифро омили муҳимтарини таҳкими давлатдорӣ ва наҷоти миллат номидаанд.
Бояд гуфт, ки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба масъалаи илму маориф эътибори доимӣ ва аввалиндараҷа зоҳир намуда, дар ин самт иқдомоти наҷибу созандаро пеш мегиранд.
Дар ин замина, на Ҳукумати мамлакат ба пешрафти соҳаи маориф ҳамчун омили асосии тараққиёти тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, ин сиёсатро муттасил таҳким мебахшад. Ҳамасола дар арафаи оғози соли нави таҳсил муассисаҳои таълимии зинаҳои гуногун сохта ба истифода дода мешаванд. Натиҷаи ҳамин ғамхориҳост, ки бо назардошти афзоиши аҳолӣ шумораи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ мунтазам зиёд мегарданд. Масалан, агар соли 1991 дар Тоҷикистон 3229 муассисаи таҳсилоти умумӣ бо 1,3 миллион нафар хонанда фаъолият дошт, имрӯз 4037 муассиса, аз ҷумла 170 литсейю гимназия, яъне муассисаҳои таълимии типи нав, фаъолият менамояд. Дар соҳаи маориф ҳашт барномаи давлатӣ ва ду стратегия татбиқ шуда истодаанд, ки ба рушду инкишофи таълиму тарбия, дастгирии мактабу омӯзгор, таълифи китобҳои дарсии нав ва такмили мазмуну мундариҷаи таҳсилот мусоидат менамояд.
Пешвои миллат ҳамасола дар Рӯзи дониш ва дарси сулҳ дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, миёна ва олии касбӣ шахсан иштироку суханронӣ намуда, соҳаи маорифро ҳамаҷиҳата таҳлилу баррасӣ менамоянд, барои пешрафту инкишофи он дастуру супоришҳои мушаххас медиҳанд. Ҳамзамон, Пешвои миллат дар тамоми сафарҳои кории худ ба шаҳру ноҳияҳои мамлакат, пеш аз ҳама, бо хонандагону омӯзгорон суҳбату мулоқоти судманд доир карда, дар ифтитоҳи биноҳои нави муассисаҳои таълимӣ ширкат меварзанд. Дар баробари таъмиру таҷдид, аксари муассисаҳои таълимӣ дар ҷараёни дарс бо истифода аз технологияҳои наву замонавӣ ва шаклу усулҳои фаъоли таълим, насли наврасро бо дастовардҳои муосири илмӣ шинос намуда, дараҷаи ҷаҳобинии онҳоро пайваста васеъ мегардонанд. Ба шарофати шароити мусоиди таълим ва дастгириҳои пайвастаи давлат, имрӯз таълимгирандагони муассисаҳои таҳсилотӣ дар озмуну олимпиадаҳои сатҳи минтақавӣ ва байналмилалӣ фаъолона иштирок намуда, сазовори ҷойҳои намоён мегарданд ва ҷумҳурии соҳибистиқлоли моро дар арсаи ҷаҳонӣ ба таври шоиста муаррифӣ менамоянд.
Арабгул МАҲБАТШОЗОДА,
директори Мактаб-
интернати ҷумҳуриявӣ
дар ноҳияи Рӯшон
Санаи нашр: 01.05.2025 №: 86