САЁҲАТ АЗ ВАТАН ОҒОЗ МЕШАВАД. БОЗТОБИ ИҚДОМИ ДУРАНДЕШОНАИ КУМИТАИ РУШДИ САЙЁҲӢ
Бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 26-уми апрел дар майдони Маҷмааи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе ҷиҳати оғози мавсими саёҳати дохилӣ ҳамоиш доир гардид. Дар доираи ташаббуси мазкур намояндагони вазорату идораҳо, васоити ахбори омма ва блогерон ба мавзеъҳои гуногуни сайёҳии ҷумҳурӣ барои таблиғу ташвиқи имкониятҳои сайёҳии кишвар дар шабакаҳои телевизиониву интернетӣ ва рӯзномаву ҳафтаномаҳо сафарбар шуданд.
ОҒОЗИ МАВСИМИ САЙЁҲИИ ДОХИЛӢ
Ҷамшед Ҷумахонзода, раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ, бо иштирокдорон мулоқот намуда, иброз дошт, ки иқдоми мазкур бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва рушди сайёҳии дохилӣ ба роҳ монда шуд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки имконоти бузурги Тоҷикистон барои рушди сайёҳии дохилӣ пурра истифода намешаванд. Барои ҳамин ҳам, Пешвои муаззами миллат ба ин самти сайёҳӣ диққат дода, дар Паёми навбатии худ (28-уми декабри соли 2024) махсус ба саёҳат ва сайёҳии дохилӣ таваҷҷуҳ намуда, таъкид доштанд, ки дар баробари ҷалби сайёҳони хориҷӣ, ба рушди сайёҳии дохилӣ низ бояд таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир карда шавад. Ба ҳамин хотир, мо иқдом гирифтем, ки бо ҷалби намояндагони сохторҳои давлатӣ, ассотсиатсияи блогерон, рӯзноманигорон, дигар қишри ҷомеа ташаббусеро роҳандозӣ намоем, ки имконияту иқтидорҳои сайёҳии Ватани азизамон дар тамоми васоити ахбори омма ва дигар имкониятҳои фазои интернетӣ инъикос ёбанд. Ва ҳамватанони мо аз имконияту иқтидорҳои саёҳати дохилӣ хабардор бошанд ва ҳамроҳи наздикону ёру дӯстон аз мавзеъҳои ҷолиби кишварамон дидан намоянд. Ташаббуси роҳандозикардаи мо аз 10 хатсайр иборат буда, маконҳои зебову диданӣ, мавзеъҳои таърихиву табииро дар бар мегирад. Мутмаинем, ки ин иқдом эҳсоси нави ифтихор ба мамлакат ва ё минтақаҳои гуногуни кишварро ба вуҷуд оварда, ба рушди сайёҳии дохилӣ ва афзоиши шумораи сайёҳони маҳаллӣ ёрӣ мерасонад.
РОМИТ ВА ИҚТИДОРИ САЙЁҲИВУ ИСТИРОҲАТИИ ОН
Мо – як гурӯҳи ширкатдорон, ки ба самти Душанбе – Ваҳдат (Ромит) – Душанбе сафар доштем, аз табиати зебову дилрабои дараи Ромит, боду ҳавои форам, мавзеъҳои сайёҳиву истироҳатии он баҳравар гаштем. Зимни сафар ба ин минтақа мо бо иқтидори мавзеъҳои истироҳатию фароғатии «Шоми Наврӯз» ва истироҳатгоҳи «Оби Зайрон» шинос шудем, ки дорои шароитҳои хуби истироҳативу фароғатӣ мебошанд. Шамсуддин Холназаров, масъули бахши сайёҳии шаҳри Ваҳдат, зимни шиносоӣ бо истироҳатгоҳ иброз дошт, ки «Оби Зайрон» муассисаи хусусӣ буда, дорои 3 бино мебошад. Бинои асосӣ барои хизматрасонии тиббӣ ва ду бинои дигар ҳамчун меҳмонхона амал мекунанд. Дар ин ҷо, 60 кати хоб ва 10 кати тобистонаи истироҳатӣ мавҷуд мебошад. Ғайр аз ин, ҷиҳати баргузории ҷамъомадҳо, шабнишиниҳо ва дигар намудҳои дилхушӣ барои гардишгарон шароит муҳайё шудааст.
Дар идомаи сафар мо аз истироҳатгоҳи Роҳи оҳани Тоҷикистон дидан кардем. Дар ин макони ниҳоят зебову форам якчанд бинои истироҳатӣ қомат афрохта, саҳни он хеле фарох ва сердарахт мебошад, ки сайругашт ва истироҳатро дар ин макон боз ҳам гуворотар месозад. Дарёи серҷараёни Кофарниҳон, ки дар натиҷаи якҷошавии дарёҳои мусаффои Сардаи Миёна ва Сорво ба вуҷуд меояд, манзараи табиати инҷоро зебову ҷолиб мегардонад.
Чун боду ҳаво дар дараи Ромит хеле форам аст, мо пай набурдем, ки чӣ тавр ба километри 70-ум расидем. Барои истиқболи мо, аллакай, дӯстрӯякон омода буданд ва моро бо сурудхонӣ ва рақсҳои мавзун пешвоз гирифтанд.
Дар ин ҷо барои истироҳату фароғати сайёҳон Маҷмааи истеҳсолӣ ва истироҳатии «Баҳор – Форел» бунёд ёфтааст, ки аз меҳмонхона, ошхона ва дигар биноҳои ёрирасон иборат мебошад.
ХУЛОСА ВА ТААССУРОТ
Дараи Ромит ба ғайр аз ин, дорои манотиқи фароғатии сершумор, чашмаҳои мусаффо, ҷангалҳои ҳифзшаванда ва табиати бою рангин мебошад. Ҳукумати мамлакат барои рушди соҳаи сайёҳӣ дар ин мавзеи зебоманзар дараи Ромитро минтақаи фароғатӣ-сайёҳӣ эълон кардааст. Ҳамсафарони мо аз таассуроти рангину хотирмонашон ёдовар шуда, орзуи сафари дигарбора ба ин макон намуданд.
Махфират Ҳамроқулова, табиби оилавии маркази саломатии шаҳрии №13-уми пойтахт, дар суҳбат ба мо иброз дошт, ки бениҳоят шодем ба ин ҷо барои истироҳат омадем. Барои фароҳамоварии шароити истироҳату сафар аз Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Кумитаи рушди сайёҳӣ сипосгузорем. Бигзор сайёҳони бештар ба кишвар сафар дошта бошанд ва сокинони мамлакат ҳам зиёдтар аз минтақаҳои гуноногун Ватани азизамон дидан намоянд.
– Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат бо сарварии раиси шаҳр Мирзо Исмоилзода барои ободӣ ва шукуфоии ин минтақаи зебо ҳамеша таваҷҷуҳи хос зоҳир менамоянд, – гуфт Руқия Раҳматзода, собиқадори меҳнат, директори Кохи маърифати шаҳри Ваҳдат. – Ҳамеша дастандарткорон дар азму талошанд, ки ҳар як гӯшаи Ватанро обод созанд ва барои қабули гардишгарон омодагӣ дошта бошанд. Ман ҳамчун як шаҳрванд мехоҳам, ки мардум ба ин дараи зебоманзар омада, дар соҳили пурталотуми Кофарниҳон истироҳат кунанд ва аз табиати зебои диёри худ баҳра баранд.
Тавре маълум аст, таассуроти бардоштаи як нафар метавонад каси дигареро барои сафар ба самти муайян ҳавасманд гардонад. Умедворем, ки ин иқдоми пешгирифтаи Кумитаи рушди сайёҳӣ аз ҷониби ҷомеа пазироии хуб пайдо намуда, ба рушди сайёҳии дохилӣ дар мамлакат такони ҷиддӣ мебахшад.
Шаҳноз ҚУРБОН, «Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 01.05.2025 №: 86
Ҳамчунин хонед:
29 январ 2025, Чоршанбе
БО МАРДУМ ВА БАРОИ МАРДУМ Ё КОРНОМАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР СОЛИ 2024 БО РАҚАМҲО
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
18 ноябр 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ИҶОРАИ МОЛИЯВӢ (ЛИЗИНГ)»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН