ҶУДО

01 май 2025, Панҷшанбе
8
Дуюм Гранд-слами Душанбе доир мешавад
2-4-уми май шаҳри Душанбе мизбони Мусобиқаи байналмилалии ҷудо – Гранд-слам мегардад.
Бино ба маълумоти Федератсияи байналмилалии ҷудо, дар мусобиқа, ки бори дуюм дар пойтахти кишварамон баргузор мешавад, 233 варзишгар (129 мард, 104 зан) аз 27 давлат ширкат хоҳанд кард. Ҷумҳурии моро ба ҳайси мизбон 36 паҳлавон (28 мард, 8 зан) намояндагӣ мекунанд. Аз ҷумла, ҷудочиёни маъруфи кишвар – Муҳаммадсолеҳ Қувватов (-60 кг), Обид Ҷебов, Эмомалӣ Нуралӣ (-66 кг), Абубакр Шеров, Беҳрӯз Хоҷазода (-73 кг), Сомон Маҳмадбеков (-81 кг), Ҷаҳонгир Маҷидов (-100 кг), Темур Раҳимов (+100 кг) узви дастаи мунтахаби кишвар мебошанд.
Чун анъана рӯзи аввал паҳлавонони вазнашон -60 кг, -66 кг (мардҳо), -48 кг, -52 кг, -57 кг (бонувон) майдондорӣ мекунанд. Рӯзи дуюм мо шоҳиди маҳорати паҳлавонон дар вазнҳои -73 кг, -81 кг (мардон), -63 кг, -70 кг (бонувон) мегардем. Дар рӯзи сеюм варзишгарони вазнашон -90 кг, -100 кг, +100 кг (мардҳо), -78 кг, +78 кг (бонувон) гӯштин хоҳанд гирифт.
Фонди ҷоизаҳои мусобиқа 154 000 евроро ташкил медиҳад. Ғолибони ҳамаи 14 вазн 5000 евро, барандагони медали нуқра – 3000 ва биринҷӣ 1500 евро ҷоизапулӣ мегиранд.
Ёдрас мешавем, ки соли гузашта паҳлавонони мо дар мусобиқаи хонагӣ 7 медал – 1 тилло, 3 нуқра, 3 биринҷӣ ба даст оварда буданд.
ФУТБОЛ
Душанбе боз мизбони як мусобиқаи Осиё
30-юми апрел Конфедератсияи футболи Осиё мизбонони Бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё-2026 миёни тимҳои олимпӣ – ҷавонони то 23-соларо эълон кард.
Бозиҳои даври интихобии Ҷоми Осиё-2026 (U-23) дар ёздаҳ кишвар: Тоҷикистон, Камбоҷа, Чин, Индонезия, Урдун, Қирғизистон, Мянмар, Қатар, Тайланд, Амороти Муттаҳидаи Араб ва Ветнам баргузор мешаванд.
Дар марҳалаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 (U-23) 44 даста дар 11 гурӯҳ ширкат мекунад. Ғолибон ва чор дастаи беҳтарини ҷойи дуюми гурӯҳҳо ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2026, ки дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад, роҳхат мегиранд.
Мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 миёни дастаҳои олимпӣ аз 1 то 9-уми сентябри соли равон доир мегардад. Рақибони дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон дар гурӯҳ 29-уми май муайян мешаванд.
БОЗИҲОИ ОСИЁ
ММА ба барномаи Бозиҳои Осиё-2026 ворид шуд
Мусобиқаи санъати муҳорибаҳои омехта (ММА) дар доираи барномаи Бозиҳои Осиё бори аввал доир мешавад.
Бозиҳои Осиё-2026 дар шаҳрҳои Нагая ва Айчии Ҷопон аз 19-уми сентябр то 4-уми октябр доир мегарданд. Тибқи иттилои Шурои олимпии Осиё, ММА ҳамчун як равия, дар баробари шаш намуди варзиши дигар, шомили варзишҳои размӣ хоҳад шуд.
Кумитаи тадорукот миқёси васеъро барои Бозиҳои Осиё дар соли 2026 пешбинӣ мекунад ва интизор меравад, ки дар онҳо ҳудуди 15 000 варзишгар ширкат намояд. Ин шумора аз Бозиҳои олимпӣ зиёд аст.
Гуфтан зарур аст, ки ММА дар ҷумҳурии мо хеле рушд ёфтааст ва варзишгарони кишвар дар сатҳи ҷаҳон мавқеи баланд доранд. Ҳамчунин, роҳбарии Федератсияи санъати муҳорибаҳои омехтаи Осиёро аз моҳи ноябри соли 2024 раиси Федератсияи санъати муҳорибаҳои омехтаи Тоҷикистон Даврон Ҷӯраев бар уҳда дорад.
Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 01.05.2025 №: 86