НАҚЛИЁТ. АЗ АФЗУДАНИ БОРКАШОНИИ ТРАНЗИТӢ ТО ВУСЪАТИ ТАТБИҚИ ЛОИҲАҲО

Тайи се моҳи аввали соли равон ҳаҷми боркашонии транзитӣ аз қаламрави кишвар 8,7 ҳазор тоннаро ташкил кард, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта чанд маротиба зиёд аст. Дар ин бора дар ҷаласаи васеи ҳайати мушовараи Вазорати нақлиёт маълумот доданд.
Муовини вазири нақлиёт Шоиста Саидмуродзода гузориш дод, ки Вазорат дар семоҳаи якуми соли 2025 ҷиҳати татбиқи супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати мамлакат, стратегияву барномаҳои давлатӣ ва дигар нақшаҳои тарҳрезишуда корҳои муайянро ба анҷом расонд.

БО ЗАБОНИ ДАЛЕЛУ АРҚОМ
Зикр шуд, ки ба ҳолати аввали моҳи апрел, 2831 корхона бо шаклҳои гуногуни моликият фаъолият мекунад. Ҳамзамон, 887 хатсайри мусофирбарӣ, аз ҷумла 181 шаҳрӣ, 507 наздишаҳрӣ, 168 байнишаҳрӣ ва 31 хатсайри байналмилалӣ ба қайд гирифта шудааст. Ба маълумоти Агентии омор, тавассути ҳама намудҳои нақлиёт 29 миллион тонна бор ва 252 миллион мусофир интиқол ёфта, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта боркашонӣ 12,3 ва мусофирбарӣ 8,3 дарсад зиёд гардид.
Ҳиссаи интиқолдиҳандагони ватанӣ дар ҳамлу нақли байналмилалӣ ҳамагӣ 53,9 дарсадро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,8 дарсад кам аст. Яке аз сабабҳои асосии камшавии нишондиҳанда сари вақт дастрас нагардидани рухсатномаҳо аз баъзе давлатҳо ва аз ҷониби ширкатҳои нақлиётӣ истифода нашудани қисмате аз рухсатномаҳои дастрасшуда мебошад.
Лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ дар соҳаи роҳу нақлиёт таҳти таваҷҷуҳ буда, тавассути Вазорат 12 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи 1 миллиарду 79 миллион доллари ИМА амалӣ мешавад.
НАҚШАВУ ВАЗИФАҲОИ НАВ
“Соҳаи роҳу нақлиёт на танҳо яке аз бахшҳои калидии иқтисодиёти кишвар маҳсуб меёбад, балки рушди тамоми соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии мамлакат ба фаъолияти мураттаб ва босифати он вобаста мебошад. Бинобар ин, мо бори масъулияти бузургеро бар дӯш дорем ва вазифадор ҳастем, ки онро бо иззат ва каромат, сарбаландона ва ифтихормандона пеш барем”, – гуфт Азим Иброҳим.
Дар зимн, вазир хотирнишон намуд, ки соли равон корҳои сохтмонӣ дар роҳи автомобилгарди Данғара – Гулистон (49 километр) ва Гулистон – Фархор (29,6 километр) оғоз гардиданд. Ҳамзамон, имсол тибқи 5 лоиҳаи дигар, 23 пули автомобилгард бо дарозии 1,9 км, 3 нақб бо дарозии 5,2 км ва 180 км роҳҳои дорои аҳамияти байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ, аз ҷумла роҳҳои автомобилгарди Роғун – Обигарм – Нуробод, Қалъаихумб – Ванҷ – даромадгоҳи ноҳияи Рӯшон, қитъаи роҳ аз шоҳроҳи Душанбе – Рашт то шаҳраки Роғун ва нақби «Истиқлол» ба истифода дода мешаванд.
Азим Иброҳим ба камбудиҳои мавҷуда дар фаъолияти соҳа ишора карда, дар назди сохторҳои дахлдор ҷиҳати сари вақт бартараф сохтани онҳо вазифаҳои мушаххас гузошт. Аз ҷумла, дастур дод, ки МД «Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ» ва КВД «Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт» ҷиҳати татбиқи Барномаи давлатии рушди низоми логистика дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2028 ва Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 тадбирҳои зарурӣ андешида, дар қаламрави кишвар ва берун аз он, аз ҷумла дар бандари баҳрии Чобаҳори Ҷумҳурии Исломии Эрон ва шаҳри Қошғари Ҷумҳурии Мардумии Чин, марказҳои логистикӣ боз намоянд, кори агентҳо - экспедиторҳоро тақвият бахшанд, платформаи ягонаи иттилоотии маҷмааи логистикии кишварро таъсис диҳанд.
Кароматулло АТО,
«Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 01.05.2025 №: 86
Ҳамчунин хонед:
29 январ 2025, Чоршанбе
БО МАРДУМ ВА БАРОИ МАРДУМ Ё КОРНОМАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР СОЛИ 2024 БО РАҚАМҲО
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
18 ноябр 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ИҶОРАИ МОЛИЯВӢ (ЛИЗИНГ)»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН