НАҚЛИЁТ ЗИЁДУ ПАРТОВ КОҲИШ МЕЁБАД

01 май 2025, Панҷшанбе
30

Тайи се моҳи аввали соли равон ба ҷумҳурӣ 6047 автомобили барқӣ ворид карда шуд. Теъдоди ин намуди воситаи нақлиёт – электромобил, автобус ва микроавтобусҳо, воситаҳои нақлиёти барқии боркаш ва воситаҳои махсуси борбардорӣ ба 27 ҳазору 580 адад расид, ки назар ба як соли пеш 9 885-то зиёд аст.
Ҳукумати мамлакат тасмим гирифтааст, ки ҳиссаи автомобилҳои барқиро нисбат ба шумораи умумии мошинҳо дар қаламрави ҷумҳурӣ 20-30 фоиз афзун намояд. Воридоти мошинҳои барқӣ дар доираи Барномаи давлатии рушди нақлиёти барқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2028 амалӣ мешавад. Лоиҳаи он аз тарафи Вазорати нақлиёт дар партави Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21-уми декабри соли 2021 таҳия гардида, бо қарори Ҳукумати мамлакат 31-уми октябри соли 2022, таҳти №532 қабул гардидааст.
Ҳукумати Тоҷикистон соли 2022 воридоти нақлиёти барқиро аз андоз ва боҷҳои гумрукӣ озод намуд.
Ҳоло афзоиши шумораи «нақлиёти сабз» дар ҷумҳурӣ вазифаи авлавиятнок эълон шудааст. Аз ин ба баъд ҳамаи соҳибони мошинҳои барқӣ дар Тоҷикистон ҳангоми бақайдгирии давлатӣ дар Бозрасии давлатии автомобилӣ бояд рақами давлатии замимааш сабз гиранд.
Дар ин бора ба хабарнигори рӯзномаи “Ҷумҳурият” аз Вазорати нақлиёт хабар дода, илова карданд, ки нақлиёти ҷамъиятии Тоҷикистон низ навсозӣ мешавад. Ба наздикӣ дар пойтахт микроавтобусҳои барқии истеҳсоли Чин ба кор дароварда шуд. Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Aкиа Avesto» истеҳсоли намудҳои нави автобусҳои барқӣ ва тавлиди системаҳои дастгирии батареяро барои мошинҳои барқӣ ба нақша гирифтааст.
Кароматулло АТО,
“Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 01.05.2025 №: 86