КИШОВАРЗӢ. ДАР СЕ МОҲ БА МАБЛАҒИ БЕШ АЗ 4,2 МИЛЛИАРД СОМОНӢ МАҲСУЛОТ ИСТЕҲСОЛ ШУД
Таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти кишоварзии ватанӣ, бехатарии озуқаворӣ ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар кишвар яке аз масъалаҳои асосӣ дар шароити имрӯза буда, ба рушди соҳаи кишоварзӣ вобастагии калон дорад. Имрӯз сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бахши кишоварзӣ ба он равона гаштааст, ки ҳар порча замин ва рӯзҳои офтобӣ самаранок истифода шуда, маҳсулнокии зироатҳо баланд бардошта шаванд.
Ҳамчунин, яке аз ҳадафҳои стратегӣ, ки ба таъсиси ҷойҳои корӣ ва афзоиши иқтидори содиротии мамлакат таъсири бевосита мерасонад, ҳифзи амнияти ғизоӣ тавассути рушди соҳаи кишоварзӣ ба ҳисоб меравад. Дар ин самт нишондиҳандаҳои иқтисодии соҳаи кишоварзии мамлакат нишон медиҳанд, ки ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ мунтазам меафзояд.
Тибқи маълумоти оморӣ, дар семоҳаи якуми соли равон ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳамаи категорияҳои хоҷагии мамлакат ба 4 миллиарду 271,8 миллион сомонӣ баробар гардид, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта бо нархҳои муқоисавӣ 7,2 дарсад зиёд мебошад. Суръати афзоиш дар соҳаҳои рустанипарварию чорводорӣ мутаносибан 106,2 ва 107,3 дарсадро ташкил кард.
Тавре аз Вазорати кишоварзӣ ба хабарнигори рӯзномаи «Ҷумҳурият» иттилоъ доданд, дар ҳамаи категорияҳои хоҷагиҳо саршумори чорвои калон афзуда, то якуми апрели соли равон беш аз 2,8 миллион сарро ташкил кард. Дар ҳамин давра, саршумори гӯсфанду буз ба беш аз 7,4 миллион сар расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 382,4 ҳазор сар зиёд мебошад. Аз саршумори умумӣ 93,9 дарсад саршумори чорвои калон ва 81,9 дарсад саршумори гӯсфанду буз ба хоҷагиҳои аҳолӣ рост меояд.
Саршумори чорвои калон дар хоҷагиҳои вилоятҳои Хатлон 5,9 дарсад, Суғд-2,9, ВМКБ-2,8 ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 4,4 дарсад афзудааст.
Кароматулло АТО,
“Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 01.05.2025 №: 86
Ҳамчунин хонед:
29 январ 2025, Чоршанбе
БО МАРДУМ ВА БАРОИ МАРДУМ Ё КОРНОМАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР СОЛИ 2024 БО РАҚАМҲО
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
18 ноябр 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ИҶОРАИ МОЛИЯВӢ (ЛИЗИНГ)»
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН