БА СӮИ ҲАДАФҲОИ ОЛӢ! БО ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ПЕШ!

02 май 2025, Ҷумъа
11
Тоҷикистон, ба пеш! Шиори умедбахши зиндагии босаодату арзандаи ҳар сокини мамлакат аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон садо дода, ба замири хурду бузурги кишвар нуру рӯшноӣ мебахшад. Воқеан, Тоҷикистон таҳти роҳбариву роҳнамоии Роҳбари давлат ба ояндаи неку босаодат қадамҳои устувор мегузорад.
Ба пеш, ба сӯи амалӣ намудани орзуҳо, барои иҷрои ҳадафҳои страгегии мамлакат, аз ҷумла баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, расидан ба истиқлолияти энергегикӣ, таъмини амнияти озуқавории мамлакат, саноатикунонии босуръати кишвар, баҳри созандагиву бунёдкорӣ, муаррифии таърихи куҳанбунёду тамаддунофари тоҷик, пешниҳоди иқдомҳои ҷаҳонӣ, таъмини шароити арзандаи кору зиндагӣ ва рушду пешрафти кулли соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар мебошад. Ин шиори ҳидояткунандаи Сарвари давлат фарогири ҳамаи самтҳои ҳаёту зиндагии ҷомеаи кишвар аст.
Аз ин ҷост, ки мардуми хушиқболи Тоҷикистони азиз бо пуштибонӣ аз сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумат, сарҷамъона атрофи Президенти мардумии хеш ба пеш, ба сӯи қуллаҳои мурод равона аст.
Дар хотир дорам, марҳалаи аввали ба сари қудрат омадани Пешвои миллат кишвар дар ҳоли нестшавию буҳрони шадиди иқтисодиву молиявӣ буд. Омӯзгорон моҳҳо маош гирифта наметавонистанд. Мардум ба нони серӣ ниёз дошт. Имрӯз бошад, бо ифтихор аз амалҳои бунёдкоронаву созанда ҳарф мезанему тамоми минтақаҳои ҷумҳуриамон сол ба сол симову намуди дигар гирифта, ободу зебо мегарданд. Дар ин кори хайр, ки аз эҳсоси баланди ватандориву ватандӯстӣ сарчашма мегирад, мардуми кишвар бо дилгармӣ сарҷамъу якмаром ҳастанд. Пешвои миллат дар Паёми навбатии хеш иброз доштанд, ки барои иҷрои нақшаи корҳои ободониву бунёдкорӣ ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ аз ҳисоби соҳибкорону шахсони саховатпеша ва сокинони бонангу номуси кишвар дар се соли охир беш аз 20 миллиард сомонӣ харҷ карда шуд.
Ин амалҳои неку созандаи халқи Тоҷикистони азиз аз пуштибониву пайравӣ аз ташаббусҳои дурбинонаи Сарвари давлат башорат медиҳанд. Паёми ҳарсола далели босуръат рушд намудани тамоми самтҳои хоҷагии халқи мамлакат ва ба пеш, ба сӯи ормонҳои ҳазорсолаи хеш равона гардидани халқи тоҷик мебошад.
Устуворона қадам гузоштану ба пеш, ба сӯи мақсадҳои олӣ – зиндагии арзандаву шоиставу босаодат расидани ҳар сокин самараи ваҳдати комил дар мамлакат аст, ки меъмори он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Чуноне Роҳбари давлат иброз медоранд: “Ваҳдат барои мо як вожа ва калимаи одӣ нест, балки номаи тақдири мо, шарти пешрафти кишварамон ба сӯи ояндаи ободу осуда ва муҳимтар аз ҳама, кафили сарҷамъию хушбахтии имрӯзу ояндаи халқамон аст”. Бо дарки ҳамин воқеияти ҳаёту зиндагӣ хурду бузурги мамлакат ҳидояти Пешвои миллат “Тоҷикистон, ба пеш!”-ро бо самимияту муҳаббат ба Ватани азизи хеш шиори зиндагии худ қабул намудаанд.
Тоҷикистон ба пеш, Тоҷикистон ба пеш, Тоҷикистон ба пеш!
Аминҷон ШАРИФЗОДА,
сармуҳаррири нашрияи “Ҳақиқати Суғд”
Санаи нашр: 02.05.2025 №: 87