БОКС

05 май 2025, Душанбе
8
4 медали муштзанони кишвар дар Қирғизистон
Тими мунтахаби бокси Тоҷикистон дар 47-ум Мусобиқаи байналмилалӣ ба хотираи Дуйшонқул Шопоков дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон 4 медали биринҷӣ гирифт.
Дар мусобиқа муштзанҳо аз Тоҷикистон, Россия, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Олмон, Испания, Чин, Туркманистон, Озарбойҷон, Ироқ ва Муғулистон ширкат доштанд. Муҳорибаҳо аз 29-уми апрел то 4-уми май идома карданд.
Ба иттилои Федератсияи бокси Тоҷикистон, ба ҳайати дастаи мунтахаби кишвар 11 муштзан шомил буд. Медалҳоро Муинхуҷа Муминов (48 кг), Дамир Муйбалихонов (60 кг), Абдумалик Болтаев (80 кг), Парвиз Каримов (92 кг) ба даст оварданд.
ФУТБОЛ
“Истиқлол” ба садри ҷадвал баргашт
Се рӯзи гузашта бозиҳои даври ҳафтуми Чемпионати футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои Лигаи олӣ баргузор шуданд.
Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе бар тими “Ҳулбук”-и Восеъ бо ҳисоби 2:0 пирӯз гашта, ба садри ҷадвали мусобиқа баргашт. Тими “Вахш”-и Бохтар, ки якум буд, пас аз натиҷаи мусовӣ бо тими “Барқчӣ” (2:2) ба ҷойи дуюм фуромад.
Дар чор бозии дигар “Эсхата” бар “Ҳосилот”-и Фархор, “Истаравшан” бар “Панҷшер” бо ҳисоби якхелаи 2:1, “Хуҷанд” бар “Регар-ТадАЗ” бо ҳисоби 1:0 ғолиб омада, бозӣ миёни дастаҳои “Равшан”-и Кӯлоб – КМВА мусовӣ (0:0) анҷом ёфт.
Бозиҳои даври ҳаштуми дастаҳои Лигаи олӣ 9-11-уми май ба нақша гирифта шудааст. Дар даври навбатӣ “Ҳосилот”-и Фархор “Хуҷанд”, “Панҷшер”-и Ҷалолиддин Балхӣ “Эсхата”-ро қабул мекунанд. Дар Ҳисор бозӣ миёни дастаҳои “Барқчӣ” – “Равшан”, дар Душанбе бозии дастаҳои КМВА – “Истаравшан”, “Истиқлол” – “Вахш” доир мегарданд. “Регар-ТадАЗ” бошад, ба меҳмонии “Ҳулбук” меравад.
Марҳалаи муқаддамотии Ҷоми Тоҷикистон доир гашт
Дар бозиҳои марҳалаи муқаддамотии Ҷоми Тоҷикистон-2025 “Мастчоҳ” бар “Рангон” (Рӯдакӣ) бо ҳисоби 2:1, “Парвоз” бар “Исфара” бо ҳисоби 5:2, “Саройкамар”-и Панҷ бар “Душанбе” бо ҳисоби 2:0, “Сардор” (Турсунзода) бар “Сарҳадчӣ” бо ҳисоби 4:0, “Ваҳдат” бар “Моҳир”-и Ёвон бо ҳисоби 4:1 ва “Шодмон”-и Ҳисор бар “Саразм”-и Панҷакент бо ҳисоби 3:2 пирӯз гашта, ба марҳалаи дуюм роҳхат гирифтанд. Марҳалаи дуюм 5-уми июл ба нақша гирифта шудааст. Дастаҳои ғолиби марҳалаи аввал барои се роҳхат ба марҳалаи асосӣ, ки тимҳои Лигаи олӣ низ пайваст мешаванд, мубориза мебаранд.
ШОҲМОТ
Комёбии шатранҷбозони навраси тоҷик
Дар Чемпионати шоҳмоти Осиёи Ғарбӣ миёни кӯдакону наврасон, ки дар кохи “Олимп”-и шаҳри Душанбе 10 рӯз идома кард, мунтахаби Тоҷикистон соҳиби медалҳо шуд.
Ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи шоҳмоти Тоҷикистон, мусобиқа бо иштироки беш аз 400 шатранҷбоз аз 13 кишвар мувофиқи синну соли иштироккунандагон дар шаш гурӯҳи аз 8 то 18-сола дар се равия – рапид, блитс ва шоҳмоти маъмулӣ (классикӣ) сурат гирифт.
Байни шоҳмотбозони тоҷик нахуст Пайрав Қодирӣ дар мусобиқа байни наврасони то 14-сола дар равияи рапид бо касби 6 хол аз 7 бозӣ соҳиби медали нуқра гардид.
Дар равияи блитс шоҳмотбозони мо 4 медал гирифтанд. Дар бозиҳои инфиродӣ Ҷалолиддин Илҳомӣ дар байни 18-солаҳо бо 6,5 хол аз 9 бозӣ бо медали нуқра сарфароз гашт. Дар сабқати даставӣ байни 18-солаҳо тими Тоҷикистон дар ҳайати Ҷалолиддин Илҳомӣ, Эҳсон Ҷумъаев, Бузургмеҳр Нурализода бо медали биринҷӣ мукофотонида шуд. Байни 14-солаҳо низ дастаи Тоҷикистон дар ҳайати Пайрав Қодирӣ, Давид Наимов, Назар Ғафуров мақоми сеюмро касб кард. Медали дигари биринҷиро дастаи Тоҷикистон дар миёни ҳаштсолаҳо дар ҳайати Муродалӣ Сайфиев, Идрис Шамсов, Ғайратҷони Дилмурод сазовор шуд.
Дар шатранҷи классикӣ бошад, мунтахаби Тоҷикистон ду медали нуқра ва ду биринҷӣ гирифт.
Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 05.05.2025 №: 88