РОҲБАР. ПОРАЕ АЗ ЗИНДАГИНОМАИ ГАДОАЛӢ ОТАМБЕКОВ

05 май 2025, Душанбе
11
Насли имрӯз аз миёни даштҳои Роғак, Язғулом, Шитам, Сижд, Удобу, Гармчашма ва мавзеи Тагобҷангал мегузаранду аз сарсабзии он ҳаловат мебаранд. Вале шояд надонанд, ки дар ин ҳама ободкорию шукуфтанҳо киҳо саҳиманд...
Номи яке аз онҳоро меорам: Гадоалӣ Отамбеков, ки исми накуяшон вирди забони кишоварзони ВМКБ буд ва ҳамчун роҳбари кордон дар пешрафти мавзеъҳои болозикр ҳиссаи арзанда гузоштанд. Аз ин рӯ, Гадоалӣ Отамбековро чун роҳбари ҳалиму меҳрубон, кордон ва дастгиру тарбиятгари ҷавонон мешинохтанду қадр менамуданд.
Гадоалӣ Отамбеков дар қатори роҳбар ва мутахассиси кордон будан, бо институтҳои илмӣ-тадқиқотӣ равобити хуб доштанд. Барои мисол, дар ноҳияҳои Ишкошим ва Роштқалъа хоҷагиҳои тухмипарварии картошка таъсис доданд, ки ба рӯйхати хоҷагиҳои махсуси тухмипарварии Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ дохил гаштанд.
Хизматҳои шоёни ӯ дар самти минтақабандии истеҳсолоти кишоварзӣ низ хеле муҳиманд. Ҷорикунонии парвариш ва истеҳсоли меваҳои ситрусӣ дар ноҳияи Дарвоз, боғпарварӣ дар ноҳияи Ванҷ, бунёди фермаҳои ширӣ ва молӣ дар ноҳияҳои Шуғнон ва Ишкошим ба давраи роҳбарии ин шахси кордон рост меояд. Барои хонанда як мисол меорам: дар зарфи даҳсолаҳо дар минтақаи Роғаки ноҳияи Дарвоз ҳамагӣ 16 лимӯхона бунёд гашта буд. Ман, ки сарварии соҳаи рустанипарварии комплекси агросаноатии вилоятро ба уҳда доштам, имкониятҳои минтақаро ба ҳисоб гирифта, ба устод пешниҳоди зиёд намудани шумораи лимӯхонаҳоро кардам. Пагоҳии ҳамон рӯз ба мо 16 тонна арматура омад, ки бо он 16 лимӯхонаи дигар сохтем. Сохтмон ва баистифодадиҳии онҳо дар муҳлати се моҳ ба анҷом расид.
Ҳамзамон, месазад ёдовар шуд, ки ташкили совхози махсуси занбӯриасалпарварӣ дар минтақаҳои Сағирдашт ва Висхарв, ташкили хоҷагии ниҳолпарварии “Ганҷина” дар ноҳияи Ванҷ, совхозҳои махсуси истеҳсоли рустаниҳои дорувории ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур, “50-солагии Октябр” ва Сино ба номи ӯ рабт доранд ва намунаи навовариҳои истеҳсолӣ дар соҳаи кишоварзии вилоят ба шумор мераванд.
Ҳамин тавр, устод Гадоалӣ Отамбеков дар камолоти мо – шогирдон, саҳми арзанда гузошту дар пешрафти хоҷагии қишлоқи вилояте, ки асосаш кӯҳ аст, нақши калидӣ. Ёду номи некашон дар қалбҳои мо то абад боқӣ хоҳад монд.
Мизроб АМИРБЕКОВ, агроном, сокини ноҳияи Ванҷ
Санаи нашр: 05.05.2025 №: 88