28 СОЛ ДАР ПАРТАВИ СУЛҲ
«Ваҳдати миллӣ барои халқи мо неъмати бебаҳо, арзиши муқаддас, рамзи ҳувияту худогоҳӣ, кафили бақои давлату давлатдорӣ ва рамзи саодати наслҳои имрӯзу оянда мебошад», – зикр карда буданд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар номаи шодбошии худ ба муносибати 27-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ ба сокинони кишвари маҳбубамон – Тоҷикистон ва тоҷикони бурунмарзӣ.
Воқеан ҳам сулҳ, оромӣ, ваҳдат вожаҳоеанд, ки барои мардуми одӣ ғизои маънавӣ, далели ҳаёти ояндаи осудаҳолона, сабаби рушди корҳои созандагиву ободонӣ, пешрафти ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ мебошанд.
Пешвои муҳтарами миллат Рӯзи Ваҳдати миллиро «рамзи саодат» номидаанд. Бале, он рамзи саодат ҳатто худи саодат ҳам ҳаст. Саодати мо дар он аст, ки ба шарофати сулҳ нотарсонаву далерона дар талоши зиндагонием, меомӯзем, тарбия менамоем, маҳсулоти моддию маънавӣ меофарем, кишварро рушд медиҳем. Албатта, ҳамаи инро дар солҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ба гӯшаи хотир ҳам роҳ намедодем. Орзуе буд дастнорас. Хушбахтона, аз Қасри Арбоб навиди сулҳ омад. Сарвари навинтихоби давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфтанд: «Ман ба шумо сулҳ меорам!», вале роҳи омад-омади сулҳ ҳамвор набуд. Солҳои 1992-1993 роҳи мо ба водиҳои Қубодиёну Вахш, Рашту Лахш ва Кӯҳистони Бадахшон душворгузар буд. Он вақт телефонҳои мобилӣ набуданд, ки аз ҳоли зодмандону хоҳару бародарон ҳар дам огаҳ бишавем. Вақте ки роҳҳо кушода шуданд, омадем ба водиҳо. Чӣ дидем? Хонаҳои зиёди сӯхтаву валангор, киштаҳои беодам. Водиҳои муҳаббат, лабрези шодиву нишот, бунёдгариву заминкушоӣ шабоҳат доштанд ба манзили хомӯшон. Новобаста ба вазъи сангин, хушбахтона, зиндагӣ идома дошт. Мардумро суханони Роҳбари мамлакат: «То даме, ки ҳамаи гурезаҳо то як нафар мондан ба Ватан барнагарданд, худро хушбахт намеҳисобам!», дилпур месохтанд, ки рӯзи ба диёр омадани Иди Ваҳдат наздик аст. Бо ҳамин боварӣ хонаҳои сӯхта барқарор гаштанд. Имрӯз дар ҷойи кулбаҳои похсагини деҳаҳо хонаҳои истиқоматии замонавии ду ва сеошёна қад кашидаанд. Дар шаҳри Бохтар биноҳои зиёди осмонбӯс қомат афрохтанд. Қариб дар ҳар деҳа бунгоҳҳои тиббӣ, боғча, мағозаҳои гуногунмавод фаъоланду мошинҳои гуногунтамға дар рафтуо. Ҳама чизи беҳтарин дар хизмати мардум. Барномаву ҳадафҳои зиёди миллии созандагӣ ба шарофати сулҳ амалӣ гашта, рушди муттасили иқтисоди кишварро таъмин карданд. Сатҳу сифати тарзи ҳаёти мардум боло рафт.
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамчун дастури раҳнамо барои фаъолиятамон дар соли 2025 ва солҳои минбаъда аст, тазаккур доданд: «Мардуми мо ҳуқуқи маънавии зиндагии шоистаро доранд. Ин аст ҳадафи олии сиёсати давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон». Ҳамчун шаҳрванди Тоҷикистони соҳибистиқлоли рӯ ба рушди иҷтимоӣ, иқтисодӣ, илмию фарҳангӣ иброз медорам, ки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзи нахустини ба сари қудрат омадан, дар дили софи худ ҳамин мақсадро доштанд: «Муҳайё намудани зиндагии шоиста ба сокинони Тоҷикистони азиз, диёри арҷманди худ».
Мардуми сипосгузори Тоҷикистон низ дар баҳои ҷоннисориҳову азхудгузаштанҳои Пешвои миллат дар корҳои ободонӣ, инкишофи илму техника, бунёди неругоҳҳо, роҳҳо, коргоҳҳо саъй намуда, ба пешвози 28-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва 35-солагии Рӯзи Истиқлоли давлатӣ нақшаҳои ҷашнии хешро бо сарбаландӣ иҷро менамоянд. Мо, сокинони кишвар: деҳқонон, боғдорон, коргарон, омӯзгорон, зиёиён бояд ба насли нави ояндасоз ҳар як ташаббуси ҷаҳонии Сарвари давлат, комёбиҳои дар арсаи сиёсати дохилию хориҷӣ бадастовардаи кишвари биҳиштосоямонро шарҳу тавзеҳ дода, зикр созем, ки ҳамаи муваффақиятҳои мо ба шарофати ваҳдати миллӣ ва сулҳ муҳайё гардидаанд. Сӣ сол дар назди таърих ба сони як мижа задан ҳам нест, вале барои сокинони Тоҷикистон, ки тавонистанд дар рӯи харобаҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ бо роҳбарию ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон биҳиште бисозанд, солҳоеанд муждарасон аз ҳаёти наву хуррамона. Бояд ҳар соли даврони соҳибистиқлолиро бо мушкилоту комёбиҳояш, душвориҳову ғалабаҳояш, маҳрумиятҳову фаровониҳояш ба ҷавонон шарҳ диҳем, таҳлил намоем, то барояшон дарси ибрат бошад ва дарк созанд, ки ин ҳама неъмат чи сон ба даст омадааст. Дар зеҳн бигиранд, ки зодмандон бо кадом душвориҳо ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ расиданд, сулҳ оварданд ва таҳкурсии давлати милливу демократиро гузоштанд ва имрӯз ташаббусҳои ҷаҳонсози Сарвари давлати тоҷикон дар саросари кишварҳои сулҳпарвар доман задаанд ва дар амал татбиқ мегарданд. Мо бояд ҳамеша ҷузъиётҳои раванди сулҳоварӣ ва давлатсозии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Пешвои муаззами миллатро дар ёд дошта бошем ва музаффариятҳои сулҳро таҳким бахшем.
Қурбон МАДАЛИЕВ, «Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 06.05.2025 №: 89
Ҳамчунин хонед:
29 январ 2025, Чоршанбе
БО МАРДУМ ВА БАРОИ МАРДУМ Ё КОРНОМАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР СОЛИ 2024 БО РАҚАМҲО
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
18 ноябр 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ИҶОРАИ МОЛИЯВӢ (ЛИЗИНГ)»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН