РАШТУ ТОҶИКОБОД. ТАТБИҚИ ДАСТУРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР АМАЛ
Тавре хабар дода будем, заминларзаи шадид, ки 13-уми апрел ба вуқуъ пайваст, дар ноҳияҳои Рашту Тоҷикобод хисороти зиёде ба бор овард.
Дар ин ҷо 94 хонаи истиқоматӣ пурра ва 50 хона қисман вайрон шуда, ба 61 хонаи дигар осеби сабук расид. Ҳамчунин, 3 муассисаи таҳсилоти умумӣ ва 200 иншооти гуногуни дигар зарар дид.
Дар ин робита дастуру супоришҳое, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Маҷлиси ғайринавбатии Ҳукумати ҷумҳурӣ 15-уми апрел ба масъулон доданд, мавриди амал қарор гирифта, корҳои сохтмонӣ аллакай дар иншооти зарардида оғоз гардидаанд. Тибқи мушоҳидаи хабарнигори “Ҷумҳурият”, бунёди хонаҳои истиқоматие, ки пурра зарар дидаанд, аз ҳисоби вазорату идораҳо ва Ҳукумати кишвар шуруъ гардида, ба ҳар оилае, ки хонаҳояшон қисман зарар дидаанд, 2 маротиба ёрии молиявӣ, масолеҳи сохтмонӣ аз қабили регу шағал, арматуру сим, меху шруп, семент ва дигар лавозимот дода шуд.
Ёдовар мешавем, ки дар радифи ҳидоятҳои башардӯстонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тарафи бошандагони дигар шаҳру навоҳии кишвари азизамон, аз ҷумла вилояти Суғд, корвонҳои хӯрок ва маводҳои сохтмонӣ расиданд.
Зарина Идизода, раиси ноҳияи Рашт, дар ҷаласаи ситод миннатдории сокинони ноҳияро ба Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ғамхориҳои беназирашон иброз дошта, зикр кард, ки соҳибкорон ва шахсони саховатпешаи ноҳия низ дар радифи дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ саҳм хоҳанд гузошт.
Раиси ноҳияи Тоҷикобод Қадриддин Фақерзода зимни боздид аз ҷойи ҳодиса дар суҳбат бо хабарнигори рӯзнома гуфт, ки Ҳукумати кишвар ва Пешвои муаззами миллат мардуми осебдидаро ҳеҷ гоҳ танҳо намегузоранд. Дар баробари мардуми осебдида шабонарӯз заҳмат кашидани гурӯҳи кории Ҳукумати кишвар баҳри бартараф намудани хисороти офати табиӣ аз сиёсати саршори ғояҳои инсонпарварӣ ва самимияту муҳаббати Пешвои муаззами миллат дарак медиҳад. Мардуми осебдида танҳо нестанд. Онҳо аз ғамхории Сарвари давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳраваранд.
Дар муҳлати кӯтоҳ оқибатҳои офати табиӣ бартараф гардида, барои осебдидагон шароити аз пештара хуб муҳайё карда мешавад.
Худодод ЗАЙНИДДИН, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 06.05.2025 №: 89
Ҳамчунин хонед:
29 январ 2025, Чоршанбе
БО МАРДУМ ВА БАРОИ МАРДУМ Ё КОРНОМАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР СОЛИ 2024 БО РАҚАМҲО
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
18 ноябр 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ИҶОРАИ МОЛИЯВӢ (ЛИЗИНГ)»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН