АЛИШЕР СИДДИҚОВ: ""РОҒУН" МАКТАБИ КАМОЛОТИ ДОНИШ ВА НОМУС АСТ"

06 май 2025, Сешанбе
13
Дар баробари ҳаёту фаъолияти соҳибони касбу корҳои гуногун, аз ҷумла ҳунармандону овозхонон, рӯзноманигорону таърихшиносон, соҳибкорону косибон, корнома ва зиндагиномаи мутахассисони варзидаи кишвар, ки дар таъмини истиқлоли энергетикӣ саҳм мегузоранд, ҷолибу рангин аст.
Яке аз ин нафарон Алишер Сиддиқов – муҳандиси соҳаи геодезию маркшейдерӣ ва чеҳраи шинохтаи тахассуси мазкур дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори шуъбаи геодезию маркшейдерии ҶСК “Тоҷикгидроэлектромонтаж” мебошад, ки фаъолияти ӯ комилан ба рушди устувори Тоҷикистон, бахусус бунёди иншоотҳои стратегии кишвар, аз ҷумла Неругоҳи барқи обии “Роғун”, бахшида шудааст.
Алишер Сиддиқов фаъолияти худро дар корхонаи заршӯии “Зарафшон” оғоз кардааст. Баъдан бо дастур ва ҳидояти роҳбарияти корхона ҳуҷҷатҳои худро ба факултети кӯҳӣ-металлургии яке аз донишгоҳҳои шаҳри Тошкент супурда, донишҷӯ мешавад. Аз мутахассисони соҳа таҷрибаи кофӣ касб намуда, сазовори тахассуси маркшейдер мегардад.
Алишер Сиддиқов дар бунёди нақби “Истиқлол” ҳамчун муҳандиси соҳаи маркшейдерӣ солҳои 2004-2006 фаъолият карда, тарҳкашии охирини баҳамвохӯрии нақбҳоро, ки ду тарафи нақб ба ҳам мепайванданд, бо нишондоди баланди тахассусӣ иҷро намуд, ки боиси ифтихори шогирдон мебошад. Баъд аз анҷоми корҳо дар нақби “Истиқлол” доираи фаъолияти мутахассис бо корхонаҳои бузург пайванд мегирад. Аз ҷумла, НБО “Сангтӯда-1” (соли 2006), кони тиллои Муғулистон (2006-2009), НБО “Роғун” (2009-2011), кони тиллои ноҳияи Дарвоз (2011-2012), кони тиллои Муғулистон (2012-2013), КМ “Тиллои тоҷик” (2013-2017), НБО “Роғун” (аз соли 2017 то ҳол), раванди фаъолияти мутахассисро дар бар мегирад. Бояд гуфт, ки солҳои зиёди фаъолияташ дар бунёди НБО “Роғун” сипарӣ гаштааст. Дар ин иншооти бузург солҳои зиёд фаъолият намудан, заҳмату матонати зиёдро талаб мекунад.
Алишер Сиддиқов аз моҳи марти соли 2017 роҳбари шуъбаи маркшейдерию геодезии ширкати ҶСК “Тоҷикгидроэлектромонтаж” интихоб гардида, фаъолияти пурмаҳсули худро дар ин ширкати бонуфузи кишвар идома медиҳад.
Фаъолият дар иншооти бузурги стратегиву саноатӣ, заҳмати густурда дар НБО “Роғун”, омодасозии мутахассисони соҳа, бозкушоии нақбҳои зиёд, маслиҳатҳо барои пешрафти сохтмонҳо ва саҳми босазо дар нумӯи Тоҷикистони азиз аз муҳимтарин паҳлуҳои фаъолияти Алишер Сиддиқов арзёбӣ мегардад. Муносибату рафтори нек, эҳтироми ин марди асил байни ҳамкорон ва хидматҳояш дар тарбияи мутахассисони соҳа қобили зикранд. Алишер Сиддиқов як маслиҳатгар, дастурдеҳи беминнат ва шахсияти ботамкинест, ки зиндагиномааш намунаи ибрат аст.
Нақибхон ШАРИФОВ,
муҳандис-маркшейдери пешбари ҶСК “Тоҷикгидроэлектромонтаж”
Санаи нашр: 06.05.2025 №: 89