«ОВОЗИ ТОҶИК: 100 СОЛИ ПУРОВОЗА». КИТОБЕ, КИ ТАЪРИХИ МАТБУОТИ МОРО БОЗГӮ МЕКУНАД
Ин китоб таҳти унвони «Овози тоҷик: 100 соли пуровоза» ба муносибати 100-умин солгарди рӯзнома нашр гардид. Ба он сардабири рӯзномаи «Овози тоҷик» Шерпӯлод Вакилов бо унвони «Оинаи ҳақиқатнамои ҷомеа» пешгуфтор навиштааст. Дар он қайд шудааст: «Овози тоҷик» чун оинаи таърих ифодакунандаи дӯстии беҳамтои халқҳои тоҷик ва ӯзбек буда, алҳол нафақат аз ҳастии миллат дар Ӯзбекистон, балки аз мақоми забон, адабиёт ва фарҳанги тоҷикон дар ин сарзамини соҳибистиқлол чеҳранамоӣ мекунад. Ба майдон омадани ин рӯзнома ҳаргиз тасодуфӣ набуда, ба туфайли зарурат арзи ҳастӣ кардааст, ки онро таърих тақозо менамуд»
Нахустин матлабе, ки китоби мазкур бо он шуруъ мешавад, мақолаи «Қавми тоҷик ва рӯзнома»-и устод Садриддин Айнӣ мебошад, ки дар шумораи аввалини рӯзномаи «Овози тоҷик» 25-уми августи соли 1924 бо имзои «Сод-Айн» дарҷ ёфтааст. Ба навиштаи устод, рӯзномаи ҳар як қавм ва миллат забони эшон аст. «Ҳар қавме, ки рӯзнома надорад, гӯё, ки забон надорад. Яъне қавми берӯзнома мисли қавми безабон аст», - омадааст дар ин мақолаи устод.
Гуфта мешавад, ки дар таъсису тарвиҷи ин нашрия ба ҷуз аз аллома Садриддин Айнӣ, инчунин Саидризо Ализода, Абдуқайюми Қурбӣ, Раҳим Ҳошим, Фахриддини Роҷӣ, Тамҳид, Тӯрақул Зеҳнӣ ва дигар абармардон саҳми хеле калон гузоштаанд.
Китоб аз се боб иборат аст ва дар бобби аввал дар бораи сардабирони рӯзномаи «Овози тоҷик» маълумоти возеҳ дода шудааст. Онҳо Абдулқайюми Қурбӣ, Муҳаммадҷон Ҳасанов, Шаҳобуддин Садруллин, Қамариддин Мирзоев, Мирбарот Фозилов, Абдулло Ҳакимов, Шавкат Ниёзов, Эҳсон Турдиқулов ва сардабири вақти он Шерпӯлод Вакилов мебошанд.
Дар боби дувум дар бораи кормандони рӯзномаи «Овози тоҷик» ва матолибе дарҷ ёфтаанд, ки фаъолияти мухбирони собиқи ин рӯзномаро баррасӣ мекунанд. Дар боби сеюм паёмҳои шодбошӣ гирдоварӣ ва мавриди нашр қарор дода шудаанд. Аз ҷумла, сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон академик Абдуҷаббор Раҳмонзода, Ҳунарпешаи мардумии Иттиҳоди Шуравӣ Ҷӯрабек Муродов, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим, нависанда Абдулҳамид Самад, раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Зинатуллоҳ Исмоилзода, сардабири рӯзномаи «Овози Самарқанд» Баҳодур Раҳмонзода ва чанде дигарон ҷашни 100-солагии ин рӯзномаро табрику шодбош гуфтаанд.
Дарвоқеъ, силсиламақолаҳои Журналисти шоистаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Маъруф Отахонзода таҳти унвони «Ёди ёдҳо» дар бораи ҳодисаву воқеаҳои зиёде нақл мекунад, ки марбут ба ин рӯзнома мебошанд.
Фасли «Таърихи рӯзнома дар суратҳо» аксҳои таърихии устодони сухан Пайрав Сулаймонӣ, Абдусалом Деҳотӣ, Суҳайлӣ Ҷавҳаризода, Ҳабиб Юсуфӣ, Муҳаммадҷон Васфӣ ва Ҷонибек Қувноқро мунташир сохтааст, ки дар ин рӯзнома кор кардаанд.
Китоби «Овози тоҷик»:100 соли пуровоза» бо теъдоди 500 нусха дар чопхонаи «Маҳорат»-и шаҳри Самарқанд интишор ёфта, метавонад барои олимон, муҳаққиқон, омӯзгорону донишҷӯёни факултетҳои филология ва журналистика ва алоқамандони таърихи матбуоти тоҷик ба сифати манбаи омӯзиш хидмат кунад.
Мирасрор АҲРОРОВ, шаҳри Тошкент
Санаи нашр: 06.05.2025 №: 89
Ҳамчунин хонед:
29 январ 2025, Чоршанбе
БО МАРДУМ ВА БАРОИ МАРДУМ Ё КОРНОМАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР СОЛИ 2024 БО РАҚАМҲО
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
18 ноябр 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ИҶОРАИ МОЛИЯВӢ (ЛИЗИНГ)»
27 март 2023, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҶҶАТИ ЭЛЕКТРОНӢ ВА ИМЗОИ ЭЛЕКТРОНӢ
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН