DUSHANBE GRAND SLAM 2025. МАҚОМИ АВВАЛИ ТОҶИКИСТОН БО 11 МЕДАЛ

07 май 2025, Чоршанбе
11
Аз 2-юм то 4-уми май пойтахти Ватани азизамон мизбони Мусобиқаи бонуфузи Dushanbe Grand Slam 2025 буд. Баргузории Мусобиқаи мазкур ба иди ҳақиқии варзиш, тантанаи гӯштии ҷудо ва дӯстиву рафоқат мубаддал гардид.
Владимир Барта, директори варзиши IJF, зимни қуръакашии мусобиқа иброз намуд: "Аз номи IJF ва президенти он Мариус Визер ба президенти Федератсияи ҷудои Тоҷикистон Исмоил Маҳмадзоир ва тими кории ӯ барои ба як платформаи рушди ҷудо дар сартосари ҷаҳон табдил додани ин чорабинии варзишӣ ташаккур мегӯям".
Эргаш Маҳмадбеков, ноиби аввали президенти Федератсияи ҷудои Тоҷикистон, гуфт: "Мехоҳам ба мутахассисон ва кормандони Федератсияи байналмилалии ҷудо, бахусус президент Мариус Визер, барои боварӣ ба мо ҷиҳати баргузории Мусобиқаи мазкур изҳори сипос намоям. Умедворем, ки мусобиқа барои мо ва шумо фаромӯшнашаванда хоҳад буд".
Варзишгарони мо маҳорати баланд нишон дода, 11 медал: 4 тилло, 3 нуқра, 4 биринҷӣ гирифтанд ва Тоҷикистон дар ҳисоби даставии медалҳо миёни 27 кишвари ширкаткунанда ба дарёфти ҷойи аввал мушарраф гашт.
РӮЗИ 1: финали тоҷикӣ
Дар рӯзи аввал зӯрозмоиҳо дар 5 вазни сабук – 3 вазн миёни занҳо, 2 вазн миёни мардҳо сурат гирифтанд. Варзишгарони мо Муҳаммадсолеҳ Қувватов (-60 кг), Эмомалӣ Нуралӣ ва Обид Ҷебов (-66 кг) аз пешсафҳо дониста мешуданд.
Дар вазни -60 кг Муҳаммадсолеҳ Қувватов имкон дошт, ки медали биринҷӣ ба даст орад, вале ҳарифи фаронсавиаш Максим Мерлин аз ӯ пурқувваттар баромад.
Дар вазни -66 кг гӯштигири маъруфи кишвар Эмомалӣ Нуралӣ дар нимфинал бародараш Ёсин Бобокалоновро мағлуб карда, дар финал ҳамдастааш Обид Ҷебовро шикаст дод ва сазовори медали тилло гашт. Ёсин ҳам аз медал бенасиб намонд. Ӯ дар зӯрозмоӣ барои ҷойи сеюм Тойли Муродови туркманро шикаст дод. Ҳамин тариқ, аз чор медали вазни -66 кг сетоаш дар Тоҷикистон монд. Аммо ин охири кор набуд, зеро бонувонамон ҳам майдондорӣ мекарданд ва мухлисон аз онҳо умеди медал доштанд. Мадина Қурбонзода дар вазни -52 дар зӯрозмоӣ барои медали биринҷӣ бар Сиужи Ҷианг (Чин) ғалаба кард. Ин медал ҳам барои Мадина ва ҳам барои Тоҷикистон (аввалин медали Гранд-слам миёни бонувон) таърихӣ гардид.
Ҳамин тавр, ҷудочиёни мо рӯзи аввалро бо 5 медал ҷамъбаст карданд.
РӮЗИ 2: дурахши Муҳиддин Асадуллоев
Дар рӯзи дувуми Мусобиқа паҳлавони ҷавон Муҳиддин Асадуллоев (-73 кг) дар финал ҷудокори Муғулистонро шикаст дода, медали дуюми тиллоро ба дастаи Тоҷикистон зам намуд. Абубакр Шеров, дар даври тасаллобахш, варзишгари озарӣ ва дар зӯрозмоӣ барои ҷойи сеюм Беҳрӯз Хоҷазодаро ноком карда, соҳиби медали биринҷӣ шуд.
Паҳлавони дигари маъруфи кишвар Сомон Маҳмадбеков, ки соли гузашта дар Бозиҳои олимпии Париж ва Чемпионати ҷаҳон дар Абу-Забӣ медали биринҷӣ ба даст овард, зери мавҷи кафкӯбию овозҳои тавонбахши мухлисон зӯрозмоиҳояшро бо пирӯзӣ анҷом дода, ба финал роҳ ёфт. Дар финал бар Адам Сечоев (намояндаи IJF) дастболо гашт ва медали сеюми тиллоро барои тими ҷудои кишвар овард.
РӮЗИ 3: медали тиллои деринтизори Темур Раҳимов
Рӯзи сеюм паҳлавонони гаронвазн рӯйи татами баромаданд. Ҳама чашмҳо ба ҳунарнамоии Темур Раҳимов ва Ҷаҳонгир Маҷидов дӯхта шуданд. Темур дар ду зӯрозмоии мушкил бар намояндагони Чин ва Ӯзбекистон бо маҳорати хос пирӯз гашта, ба финал баромад. Дар даври ниҳоӣ ӯ бар намояндаи Озарбойҷон Ҷамол Ҳамзатхонов ғолиб омада, медали деринтизори тиллоро сазовор шуд. Дар вазни -100 кг бошад, Ҷаҳонгир Маҷидов то финал расид, вале медали нуқра ба даст овард. Намояндаи дигари кишварамон дар ин вазн Кароматулло Ҳакимов ҷойи сеюмро гирифт.
Душанбе ба ҷойи Париж
Сомонаи расмии IJF дар натиҷагирии Мусобиқа навишт: “Мо аз Гранд-слами Душанбе чӣ омӯхта метавонем? Бисёр чизҳо. Пеш аз ҳама, метавон гуфт, ки ҷудо дар Тоҷикистон варзиши рақами як аст. Шаҳомат ва муваффақияти ин мусобиқа далели раднопазири гуфтаҳои фавқуззикр аст.
Дар давоми се рӯз Қасри теннис ва маҷмааи варзишҳои обӣ пур аз мухлисон буданд. Ду соат пеш аз оғози зӯрозмоиҳо омода буданд, ки ҷудочиёни худ ва ҳамаи онҳоеро, ки барои намоиши зебоиҳои ҷудо омада буданд, дастгирӣ кунанд. Вақте мо дар бораи муваффақият сухан меронем, аксар вақт ба Гранд-слами Париж ишора мекунем. Ҳоло гуфта метавонем, ки Душанбе як шаҳри бузурги ҷудо аст, ки мардум ва дӯстдорони варзишро ҷалб мекунад”.
Назриев – довари дуюми байналмилалӣ аз Тоҷикистон
Пеш аз қисми ниҳоии рӯзи охири мусобиқа маросими супурдани ҷоизаву унвонҳо баргузор шуд. Мудири варзиши IJF Владимир Барта ба мураббии тими ҷудои Тоҷикистон Фотеҳ Маҳмадбеков шаҳодатномаи дани 6-уми ҷудоро супурд.
Сардовари IJF Флорин Ласкау бошад, ба Зариф Назриев (Тоҷикистон) сертификати довари дараҷаи байналмилалиро супурд. Ӯ дуюм довари чунин сатҳ пас аз Рамзӣ Шамиров мебошад ва ин боз як далели афзудани нуфузи ҷаҳонии Тоҷикистон дар намуди гӯштии ҷудо мебошад.
Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 07.05.2025 №: 90