СУҒД. ТАҶЛИЛИ 35-СОЛАГИИ МУҚАДДАСТАРИН ҶАШНИ МИЛЛӢ МОНДАГОР ХОҲАД БУД

07 май 2025, Чоршанбе
4
Дар ҷаласаи ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят дар се моҳи соли равон муовини раиси вилояти Суғд Файзулло Қосимӣ дар робита ба корҳои сохтмонӣ иброз дошт, ки фаъолияти ширкатҳои бинокории ҳамаи шаҳру навоҳии вилоят нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 назаррас мебошад. Дар ин давра як қатор иншооти гуногуни дорои аҳамияти иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангиву варзишӣ ба истифода дода шуданд.
Дар моҳҳои январ-марти соли 2025 барои сохтмони иншооти соҳаҳои иҷтимоию фарҳангӣ ва истеҳсолӣ тадбирҳои муассир роҳандозӣ шуда, аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо ба маблағи 274,7 миллион сомонӣ фондҳои асосӣ ба истифода дода шуданд. Суръати афзоиш назар ба ҳамин давраи соли қаблӣ ба 103 фоиз баробар гардид. Дар ин давра аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо 9 ҳазору 509 метри мураббаъ манзил ба истифода дода шуд.
Бо назардошти муҳимияти соҳаи маориф сохтмони мактабу синфхонаҳои иловагӣ дар ҳамаи 18 шаҳру навоҳии вилоят бо суръату сифати баланд идома дорад.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз масъулони соҳаи сохтмон ва маориф даъват ба амал овард, ки то Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ тамоми мактабҳои садамавии шаҳру навоҳии вилоятро навсозӣ ва таъмир кунанд.
Айни замон дар ноҳияи Спитамен бунёди ду бинои нави таълимӣ оғоз ёфт. Сохтмони бинои нави таълимии №7 дар шаҳри Хуҷанд шуруъ шуд, ки то Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёд мешавад.
Дар шаҳри бостонии Панҷакент то ин Ҷашни миллӣ бо ибтикори соҳибкорони маҳаллӣ 40 бинои бисёрошёна сохта мешавад. Соли равон як қисми онҳо мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳанд гирифт.
Дар шаҳри Гулистон бошад, бо ташаббуси соҳибкори маҳаллӣ Қаҳрамон Ҳамроқулов корхонаҳои истеҳсоли шифер ва газоблок сохта мешаванд, ки дар арафаи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ мавриди истифода қарор мегиранд.
Корҳои навсозӣ дар меҳмонхонаи машҳури “Хуҷанд” воқеъ дар шаҳри Бӯстон низ идома доранд. Меҳмонхонаи мазкур иборат аз 14 ошёна буда, баъди таъмиру таҷдид то 300 меҳмонро дар як навбат қабул карда метавонад. Меҳмонхонаи “Хуҷанд” дар арафаи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дарҳои худро ба меҳмонон боз мекунад.
Ҷовиди АШТӢ, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 07.05.2025 №: 90