ГУФТУГӮИ РАҚАМӢ: ЧӢ ГУНА ТЕЛЕФОНҲО БА ФАРҲАНГИ МУОШИРАТ ТАЪСИР МЕРАСОНАНД?

13 май 2025, Сешанбе
4
Дар гузаштаи на чандон дур одамон ба хотири суҳбат бо дӯстонашон дар гулгашту хиёбонҳо қадам мезаданд ва ё ба ҳам нома менавиштанд. Имрӯзҳо бошад, бо пешрафти технология, мардум, бахусус ҷавонон, бо рафиқони худ, дар аксар ҳолат, тавассути телефонҳои мобилӣ ё интернет дар тамос мешаванд. Ин навъи муоширатро гуфтугӯи рақамӣ ё визуалӣ меноманд, ки имрӯзҳо бисёре аз одамон онро бештар меписанданд. Дар ин мақола мо дар бораи фарҳанги муоширати имрӯза сухан хоҳем гуфт. Яъне, бо пайдо шудани гуфтугӯи рақамӣ мо чӣ ба даст овардем ва чӣ аз даст додем?
Паёмак бартар аз дидор
Имрӯзҳо одамон ба муколамаи бавосита (мисоли паёмак, занги телефонӣ ё гуфтугӯ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ) назар ба гуфтугӯи рӯбарӯ бартарии бештар медиҳанд. Ин интихоби ноаён, вале густарда, боиси тағйироти ҷиддӣ дар фарҳанги муошират мегардад. Суҳбати бевосита, ки пештар воситаи асосии ифодаи эҳсос, ҳамдардӣ ва фаҳмиши якдигар буд, акнун ҷойи худро ба гуфтугӯҳои сареъ ва аксаран сатҳӣ додааст.
Натиҷаҳои як тадқиқоти Донишгоҳи давлатии педагогии Мордовия (Федератсияи Россия) низ ин нигарониро тақвият медиҳанд: 83 дарсади наврасон мушкилоти шахсии худро бештар бо дӯстон тавассути телефон ё шабакаҳои иҷтимоӣ ҳаллу фасл мекунанд, на дар суҳбатҳои рӯбарӯ. Ин далели возеҳи коҳиши иртиботи бевосита, махсусан дар байни насли ҷавон, мебошад.
Ба ҷои ташаккур "дилак"
Яке аз паҳлуҳои манфии гуфтугӯи рақамӣ ихтисор шудани калимаҳо ва иваз шудани онҳо бо тасвир аст. Ҳангоми муошират тавассути телефон, одамон зиёдтар ба истифодаи ишораҳои графикӣ, смайлик ва стикерҳо рӯ меоранд. Калимаҳову ибораҳои муҳим ва пурмаъно, ба мисли «салом», «раҳмат» ё «дӯст медорам», бо нишонаҳои одӣ иваз мешаванд. Албатта, ин роҳи баёни фикр тез ва қулай аст, аммо оё худдорӣ аз истифодаи вожаҳои зебову пурмазмун арзиши гуфтугӯро паст намекунад?
Бояд донист: калимаҳо на танҳо барои расондани маълумот, балки баён кардани ҳурмату эҳтиром ва муҳаббати дӯстдорӣ хидмат мекунанд. Бешубҳа, вақте онҳо кам истифода мешаванд, гуфтугӯ рангу муҳтавои худро гум мекунад ва агар одам эҳсоси худро ба ҷои сухан бо як ишора ифода кунад, ӯ, тадриҷан, маҳорат ва одати гуфтугӯи равшан ва пурмазмунро аз даст медиҳад.
Чӣ бояд кард?
Мушкилӣ дар телефони мобилӣ ва ё интернет нест. Мушкил он аст, ки мо чи гуна аз онҳо истифода мебарем. Аз ин лиҳоз, баҳри рафъи ин мушкилот чанд пешниҳод дорем.
• Дар мактабҳо бояд дарси одоби муоширати рақамиро ҷорӣ кард. Ин пешниҳод аз он бармеояд, ки кӯдакон ва наврасон ҳарчи бештар дар муҳити рақамӣ қарор доранд. Ба онҳо бояд омӯзонда шавад, ки интернетро бо масъулият ва самаранок (барои боло бурдани донишҳои худ) истифода баранд; ҳузури дигаронро эҳтиром кунанд ва тарзи гуфтугӯи босаводонаи рақамиро аз худ намоянд.
• Дар мамлакат як рӯзи бе телефони мобилӣ ва интернет эълон гардад. Ин амал кумак мекунад, ки аҳли хонавода ва ҷомеа барои суҳбати рӯбарӯ вақт пайдо кунанд. Дар аксияҳои монанди «Шоми оилавӣ» ё «Як рӯз бе интернет ва телефони мобилӣ», одамон меомӯзанд, ки то чи андоза иртиботи воқеӣ ва оромӣ муҳим аст.
• Суҳбатҳои рӯбарӯро эҳё кунем. Ин анъана дар гузашта воситаи асосии омӯзиш ва ба мерос гузоштани арзишҳои миллии фарҳангӣ буд. Аз нав эҳё кардани онҳо метавонад ба наздик шудани аъзоёни оила мусоидат кунад.
Хулоса, дар ин ҷода тамоми аҳли ҷомеа бояд саҳм гузорад, зеро суҳбати рӯбарӯ ва қадам задан дар гулгашту хиёбонҳо одамонро ба ҳам наздик мегардонад ва меҳру муҳаббати ҳамдигариро меафзояд.
Дилноз ҲУКМАТУЛЛОЕВА, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 13.05.2025 №: 93-94