ҲАБИБ ЮСУФӢ. ШОИРИ ҶОНФИДО ДАР РОҲИ ВАТАН

13 май 2025, Сешанбе
19
Ҳабиб Юсуфӣ барои рафтан ба ҷанг 11 маротиба ариза навишт, аммо ҳар бор иҷозат намедоданд, зеро омӯзгорону олимону адибон варақаи нарафтан ба ҷанг доштанд. Вақте бори 12-ум ариза навишт, иҷозати иштирок дар Ҷанги дуюми ҷаҳонро пайдо кард. Яъне, шоири озода ҷодаи сарсупурдагиро худаш баргузид ва дар ин роҳ шаҳид гардид.
Ба ин таъкиди шоир дар яке аз номаҳояш таваҷҷуҳ кунед: "Вақте ки мо ба комиссияи қабул даромадем, ҳама ҳайрон монданд, ки чаро Тоҷикистон коркунҳои илмии худашро фиристодааст (дар байни ҳама мо ду нафар соҳиби маълумоти олӣ ва коркуни илмӣ будем), ки ҳар ду аз Сталинобод омада будем. Ман ба шӯхӣ гуфтам, ки дар Тоҷикистони мо барин кадрҳо садҳо, ҳазорҳо! Дар ҳақиқат ҳамин тавр не-мӣ?
Умуман, моро бисёр нағз қабул карда гирифтанд, чунки ба ғайр аз мо, тамоми одамони аз дигар республикаҳо омада фақат классҳои 7-8-ро тамом кардагӣ буданду халос."
Шоири ҷанговар, шаҳиди майдони мардонагӣ Ҳабиб Юсуфӣ аз зумраи эҷодкорони асиле буд, ки на танҳо васфи ватанаш – Тоҷикистонро кард, балки дар ҳаёт низ ба дифои он бархоста, дар майдони набард қаҳрамонона ҳалок гардид ва ба қавли Ҳофиз собит кард, ки дилаш бо забон якест.
Шеърҳои «Ман Ватанро беш аз ҳарвақта дорам дӯсттар», «Вақти он аст, эй қалам», «Зи ишқи Ватан ҷӯш дорад дилам», «Гар, Ватан, дилро ту мехоҳӣ, фидо созам ба ҷон» ва дигар ашъори дилошӯби ӯро дар бештари хонадони тоҷикон медонанду месароянд. Баъзе аз мисраъҳои барҷастаи шеъри шоир ба шиор ва масал табдил ёфтаанд.
Ҳабиб Юсуфӣ дар бештари шеърҳояш ишораи равшан дорад, ки ман омодаам барои ин Меҳан фидо шавам. Аз ҷумла:
Ба роҳи Ватан ҷон фидо мекунем,
Ватан ҳар чӣ гӯяд, адо мекунем.
Бавижа, дар замони ҶБВ меҳанпарастии шоир дучанд боло гирифта, суханонаш бо ҳарорату эҳсоси ҷӯшон ба коғаз рехтаанд. «Ман Ватанро беш аз ҳарвақта дорам дӯсттар» гуфтани шоир айнан ба рӯзҳои аввали оғози ҷанг робита дорад. Яъне, аду ба хоки ту қадам монду қадру қимат, меҳру муҳаббати туро бештар ҳис кардам ва шинохтам.
Шоир аслан, аз оғоз забткориҳои фашистонро маҳкум мекард, ҳол он ки пои онҳо то ба хоки Иттиҳоди Шуравӣ нарасида буд. Дар баробари ин, ба амалҳои зиддинсонии душманони кишварҳои шуравӣ ҳамеша вокуниш нишон медод.
Гуфтан равост, ки шоири ҷавонмарди мо бештари ашъори меҳанпарастӣ ва мақолаҳои нағзу пурмағзашро доир ба забон ва фарҳанг дар саҳифаҳои «Ҷумҳурият», ки он замон «Тоҷикистони сурх» ном дошт, интишор додааст. Пайдост, ки ин ҷарида ҳамеша минбари баланди Ватан ва ватандӯстон будаст.
Агар дафтарҳои ҷангии шоир гум намешуданду то ба мо мерасиданд, то кадом дараҷа ватандӯсти азхудгузашта будани шоирро бештар эҳсос мекардем. Бо вуҷуди ин, эҳсоси баланди садоқаташро ба Меҳан аз номаҳои он ки дар майдони разм навиштааст, пай бурдан мумкин аст.
Масалан, ба устод Лоҳутӣ чунин менависад: «Дар байни ин ҳама ҷангу ҷидоли пуршиддат саломатии Шумо барин устодони азиз …барои халқу Ватан хеле чизи пурқимат аст. Шумо ҳеҷ гоҳ аз ёди ман фаромӯш намешавед. Чунки рӯзе нест, ки байтҳои Шуморо нахонам». Аз ин ҳам ҳарфҳои гармтарро бо шавқ ба коғаз рехта, дар охир таъкид мекунад: «Ман ин сатрҳоро дар зери снаряд ва тири душманон нишаста менависам. Хоҳиш мекунам, ба самимияти онҳо боварӣ намеояд…».
Дареғ, ки ҷисми ӯ 2 моҳ пеш аз пирӯзӣ бо хоки Варшава пайваст ва ӯ дигар ба дидори Ватани муқаддасаш, ки вассофи якумраи он буд, нарасид. Дар номаи комиссариати ҳарбӣ, ки ба унвони хонаводаи шоир ирсол шудааст, ин паёми пурдареғ сабт аст: «Лейтинант Юсуфов Ҳабибулло (ному насаби ҳуҷҷатии шоир – Б. Б.) дар фронт сахт ярадор шуда, 4 феврали соли 1945 дар Полша вафот кард ва дар қабри 9-уми қабристони ҳарбиёни рус, дар мавзеъчаи Вешнуи губернияи Варшава дафн шудааст».
Шоир то вопасин нафас ноумед набуд. Ҳар лаҳза таъкид мекард, ки пирӯзӣ наздик аст. Воқеан ҳам, ғалаба бар фашизм аз ормонҳои Ҳабиб Юсуфӣ буд, ки бо худ ба хок бурд. Аммо ба ивази ҷонфишонии шоир хоки Меҳанаш дар амон монд. 80 сол аст, ки чандин насли одамӣ аз шаҳди ғалаба ва лаззати озодие, ки ба ивази ҷони Ҳабиб Юсуфӣ ва миллионҳо ҷавонмардони далери дигар ба бор омад, мечашанд.
Бузургмеҳри БАҲОДУР, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 13.05.2025 №: 93-94