АВВАЛИН ШТУРМАНИ ТОҶИК

13 май 2025, Сешанбе
3
Порае аз зиндагиномаи лейтенанти хурди гвардия Ҳикматулло Азимов, ки дар қисми 26886-уми ҳарбӣ-баҳрӣ вазифаи лётчик-штурманро адо карда, 16-уми октябри соли 1944 қаҳрамонона ҳалок шудааст
Ҳикматулло Азимов 25-уми майи соли 1918 дар деҳаи Чубеки ноҳияи Муъминобод ба дунё омада, соли 1933 ба Омӯзишгоҳи педагогии шаҳри Кӯлоб дохил шуд. Баробари таҳсил, дар газетаҳои маҳаллӣ ва матбуоти ҷумҳуриявӣ мақолаҳояш дарҷ мегардиданд. Соли 1936 Омӯзишгоҳро хатм намуда, аввал чун ходими рӯзномаи вилоятии «Ҳақиқати Кӯлоб», сипас, баъди хатми Мактаби олии ҳизбии шаҳри Тошканд, ба ҳайси котиби якуми Кумитаи комсомоли шаҳри Кӯлоб фаъолият намуд.
Вақте финҳо ба СССР ҳуҷум оварданд, Ҳикматулло Азимов дар қатори аввалин ихтиёриён 10-уми сентябри соли 1940 барои адои хизмати Ватан меравад… Ин ахбори кӯтоҳест аз саргузашти марди шуҷоъ, ки барои авлодаш боқӣ монда буд. Ба ғайр аз ин дар дасти бародарон Раҳматулло ва Маҳмадулло чанд расм ва мактуб аз додарашон ёдгор монда. Дар як номааш аз шаҳри Грозний Ҳикматулло Азимов расми самолётро кашида, дар поёни он чунин менависад:
«Бародарони азизу меҳрубони аз чашм дур ва ба дил наздикам Раҳматуллоҷон ва Маҳмадуллоҷон, нома аз номи додари дурафтодаатон Азимов Ҳикматулло. Ман дар мактаби ҳарбӣ хонда истодаам. Сиҳатӣ ва саломатии шумоёнро хоҳонам. Мактуби қиматбаҳои Маҳмадуллоҷонро, ки 22-юми ноябри соли 1941 навиштааст, гирифтам ва ба шумоён ҷавоб гардондам. Дар номаҳоям шуморо таъкид карда будам, ки ба ман пул равон накунед ва мактуб ҳам нанависед, зеро то 1-уми декабри соли 1941 мактабро тамом мекунам, ба кадом фронт мефиристонанд, маълум нест. Ман ҳозир мудофиакунандаи халқи тоҷик ва тамоми халқи советӣ мебошам. Дар роҳи шарафу озодиаш ҷон медиҳам. 28-уми ноябри соли 1941». Сатрҳои дар нома навишта шоҳиди он мебошанд, ки Азимов Ҳикматулло ватандӯсти ҳақиқӣ будааст.
Дар тули умри минбаъда дар дили бародарон ҳиссиёти ёфтани ягон хабари муфассале аз додар, ёфтани оромгоҳи ӯ ва ба ҷо овардани зиёрат туғён мезад. Вале кам будани маълумот ин орзуи онҳоро маҳдуд менамуд. Баъди он ки яке аз фарзандони бародарони Ҳикматулло Азимов - Қурбон Азимов ба воя расид, донишгоҳро хатм намуд, падар аз ӯ дархост намуд, ки барои ёфтани қабри амакаш ҳар чи коре аз дасташ меояд, иҷро намояд.
Қурбон Азимов моҳи апрели соли 1988 тарҷумаи ҳоли амакашро аз рӯи гуфтаи падар навишта, бо ду мактуб ва аксҳои дар даст доштаашон ба Сафаров Раҳмон барои корбарӣ пешниҳод намуд. Баъди ҷустуҷӯҳои тулонӣ, моҳи августи соли 1989 нависанда ба хонаи онҳо омад ва як маълумоти хурдро бо забони русӣ пешниҳод намуд, ки дар он чунин навишта шуда буд: «Самолёти экипажи лейтенанти хурди гвардия Азимовро 16-уми октябри соли 1944, соати 15:00 дар маҳаллаи Сколнес-Кибергне дар рафти қир кардани киштиҳои ҷангии душман, зенитчиёни киштии фашистон оташ заданд. Самолёт бо ҳайати экипаж дар баҳри Баренс ғарқ шуд».
Дар натиҷаи ҷустуҷӯҳои баъдина маълум шуд, ки 10-уми сентябри соли 1940 барои адои хизмати Ватан ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ даъват мешавад. Аввал дар ҳайати дивизияи 12-уми савораи Кубан хидмат намуда, баъд дар шаҳри Армавир мактаби 6-моҳаи сержанттайёркуниро тамом карда, аз моҳи январ то 1-уми октябри соли 1941 дар мактаби ҳавопаймоӣ ҳунари аз ҳаво тӯпзанӣ ва бомбапартоиро меомӯзад. Дар шаҳри Боку курси 4-моҳаи тӯпзании зенитиро хатм карда, дар ҳайати полки ҳавоии махсуси разведкаи зенитӣ таълимоти ҷанги ҳавоиро омӯхта, дар шаҳри Грозний мактаби 8-моҳаи лётчикиро хатм намудааст. Аз моҳи март то августи соли 1943 ба ихтиёри полки 611-и ҳамлавари Округи ҳарбии шаҳри Куйбишев ба сифати тирандози ҳавоӣ фиристода мешавад. Ба самолётҳои ИЛ-2 (18 соати парвози ҷангӣ), ПЕ-2 (15 соати парвози ҷангӣ) ва дар самолёти америкоии тамғаи «ДУГЛАС» А-20-Ж наздики 60 соат парвоз карда, дар маҷмуъ, зиёда аз 100 соат парвозҳои ҷангӣ намуда, тактикаи амалиёти ҷанги шабонаву рӯзонаро бо тарзи мукаммал ёд мегирад. Аз моҳи август то декабри соли 1943 ба ихтиёри полки 15-уми ОРЗАЛ-и шаҳри Перовск ба сифати штурман-разведкачӣ фиристода мешавад. Аз моҳи январ то моҳи майи соли 1944 дар шаҳри Алатир барномаи 20 - соатаи парвози шабонаву рӯзонаро аз худ менамояд. Аз моҳи майи соли 1944 ба ихтиёри қисми ҳарбии №4 МАУ фиристода мешавад. Ҳикматулло Азимов савганди ҳарбиро 23-юми феврали соли 1941 қабул кардааст. Аз рӯи тарҷумаи ҳоли навиштаи Ҳикматулло Азимов аз 11-уми майи соли 1944 ва маълумоти Бойгонии марказии авиатсияи флоти ҳарбии баҳрӣ, ӯ дар рафти омӯзиши ҷангҳои ҳавоӣ маҳорати баланд нишон додааст. Бинобар ин ӯро ба курси кӯтоҳмуддати афсарӣ фиристоданд. 16-уми июни соли 1944 курси мазкурро хатм карда, дар асоси фармони рақами 01302 ба гирифтани унвони лейтенанти хурди гвардия мушарраф шуд. Сипас, то дами марг дар ҳайати эскадрони 3-юми полки 9-уми мина-торпедии дивизияи 5-уми мина-торпедии ҳавоии қувваҳои Флоти ҳавоии баҳрӣ вазифаи штурманро иҷро карда, ба муқобили гитлерчиёни истилогар қаҳрамонона ҷангидааст.
Боиси хушнудист, ки дар арафаи 80-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ бо дастгирии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб зиндагиномаи Ҳикматулло Азимов дар шакли китоби алоҳида нашр шуд, ки аввалин лётчик-штурмани тоҷикро ба насли имрӯза муаррифӣ менамояд.
Нозир ЁДГОРӢ, адиб
Санаи нашр: 13.05.2025 №: 93-94