ЛИБОСИ МИЛЛӢ. МО ВА ФАРҲАНГИ МО
Фарҳанги либоспӯшӣ дар муаррифии арзишҳои миллӣ нақши муҳим дорад, зеро либос рамзи ифодаи фарҳанг, анъанаҳои ҳар як халқ аст. Либос метавонад таърихи миллат, хусусиятҳои фарҳангӣ, динии инсонҳо ва ҳатто замонҳои таърихиро ифода кунад. Ҳар як миллат фарҳанги хос ва арзишҳои миллии худро дорад, ки бо мурури замон пеш рафта, такмил меёбад.
Ин аст, ки тайи солҳои соҳибистиқлолӣ таваҷҷуҳи роҳбарияти мамлакат ба эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ва ташвиқу тарғиби либоси миллӣ беш аз пеш меафзояд. Дар робита ба ин, Вазорати фарҳанг «Дастурамали либосҳои тавсиявӣ барои духтарон ва занони Тоҷикистон»-ро нашр ва ба шаҳрвандони мамлакат пешниҳод намуд, зеро тарғиби арзишҳои миллӣ тавассути либос роҳи муҳими ҳифзи фарҳанг ва анъанаҳои ҳар як миллат мебошад.
Тавҳида Ҷӯраева, аъзои Шурои занони кумитаи кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, доир ба ин масъала чунин ибрози андеша кард:
– Либос дар арсаи байналмилалӣ муаррифгари давлат ва миллат аст. Агар давлатро аз як тараф аз рӯи муқаддасоташ шиносанд, аз тарафи дигар, либос низ муаррифгари миллат мебошад. Бо ин васила, ба либоси бегона низ таваҷҷуҳ коста мегардад.
Дар ҳақиқат, вақте бонуи тоҷикеро, ки дар бар либоси миллӣ дорад, мебинӣ, дар назар зеботар менамояд. Метавон гуфт, ки ҳар як минтақаи кишвари офтобрӯяамон бо анъанаҳои худ машҳур гардидааст. Масалан, атласу адраси вилояти Суғд, чаканҳои рангоранги вилояти Хатлон, гулдӯзиҳои нотакрори водии Рашт, алочаву шоҳии водии Ҳисор, рангҳои пурҷилои куртаву тоқӣ ва ҷуробҳои Помир ҷаҳонро тасхир кардааст.
Бале, либос, пеш аз ҳама, воситаи ифодаи ҳувияти миллӣ аст. Мо бояд кӯшиш кунем, ки фарҳанги либоспӯшии худро нигоҳ дошта, онро ба насли оянда ба мерос гузорем. Ҳифз ва тарғиби арзишҳои миллӣ бояд вазифаи ҷонии мо бошад.
Имрӯз ба шарофати соҳибистиқлолии давлати азизамон, бисёр ҷавонони мо дар хориҷа таълим гирифта истодаанд. Бо мақсади баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии онҳо бояд волидайн ва омӯзгор дар бораи таърихи тоҷикон, анъанаҳо ва либоси миллӣ маълумот диҳанд, то онҳо тамаддуни миллати хешро берун аз кишвар низ муаррифӣ намоянд.
Устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Шаҳноза Зарифова, дар ин хусус чунин андеша дорад:
– Хушбахтона, имрӯзҳо теъдоди зиёди бонувони тоҷик либоси миллиро бо ифтихор ба бар мекунанд. Тарғиби либоси миллӣ бо диди нав, завқу ҷустуҷӯи тоза ва истифода аз матоъҳои истеҳсоли ватанӣ роҳандозӣ шуда, бояд тавассути ҷалби бештари сайёҳон ба ҷаҳониён муаррифӣ гардад.
Арҷгузорӣ ба либоси миллӣ чун ҷузъи фарҳанги миллат бояд пайваста мавриди таваҷҷуҳи аҳли зиё, ҷавонон ва ҳунармандону тарроҳон ва умуман, аҳли ҷомеа бошад. Мо бояд фарҳанги либоспӯшии худро нигоҳ дорему арзишҳои миллиро дар замони муосир ҳифз ва тарғиб кунем.
Сурайё ҲАКИМОВА, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 13.05.2025 №: 93-94
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
29 январ 2025, Чоршанбе
БО МАРДУМ ВА БАРОИ МАРДУМ Ё КОРНОМАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР СОЛИ 2024 БО РАҚАМҲО
18 ноябр 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ИҶОРАИ МОЛИЯВӢ (ЛИЗИНГ)»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН