ХОНАИ КИТОБИ ТОҶИКИСТОН. ДАР БОРАИ ТАТБИҚИ ЯК ЛОИҲАИ САМАРОВАР

13 май 2025, Сешанбе
10
Дар Муассисаи давлатии “Агентии миллии Созмони байналмилалии рақамгузории стандарти китоб – Хонаи китоби Тоҷикистон”-и Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими ифтитоҳи амалишавии лоиҳаи грантии “Беҳтар намудани таҷҳизоти нигоҳдорӣ, рақамикунонӣ ва истифодабарии китобҳои Муассисаи давлатии “Агентии миллии Созмони байналмилалии рақамгузории стандарти китоб – Хонаи китоби Тоҷикистон” баргузор гардид.
Мавриди зикр аст, ки лоиҳаи мазкур дар доираи ҳамкориҳои дӯстонаи Тоҷикистон ва Ҷопон аз ҷониби Агентии Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (JICA) амалӣ гардида, он имкони хуберо ҷиҳати нигоҳдошти осори чопии воридшуда фароҳам меорад.
Дар ин маросими бошукӯҳ вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён, сафири фавқулода ва мухтори Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Кейко Фурута, роҳбари намояндагии Агентии Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (JICA) дар Тоҷикистон Имай Сэйдзю ширкат варзиданд.
Зимни суханронии худ Матлубахон Сатториён иброз намуд: “Лоиҳа барои ҳамқадам намудани соҳаи китобдорӣ ба замони муосир заминаи хеле хуб фароҳам меоварад. Аз ҷумла, дар самти рақамигардонии осори нашрӣ ва рӯ овардани китобхонаву муассисаҳои китобдорӣ ба технологияи муосир яке аз самтҳои сиёсати фарҳангии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, алалхусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Вазорати фарҳанг пайваста кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки фаъолияти ҳамаи соҳаҳои фарҳанг ҳамқадам бо замони муосир бошад. Аз ин рӯ, татбиқи лоиҳаи мазкур метавонад қадами устуворе барои беҳтар кардани шароити нигоҳдорӣ, рақамикунӣ ва истифодабарии китобҳои дигар муассисаҳои китобдорӣ бошад.
Акбар АСКАРЗОДА,
сардори шуъбаи нозироти стандарти нашр ва
воридоти нусхаҳои назоратии Муассисаи
давлатии “Агентии миллии Созмони байналмилалии рақамгузории стандарти
китоб - Хонаи китоби Тоҷикистон"
Санаи нашр: 13.05.2025 №: 93-94