КИТОБ ВА ҶАНГ. АЗ ФАЪОЛИЯТИ ПУРСАМАРИ КИТОБХОНАҲОИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОЛҲОИ ҶБВ
Дар давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ фаъолияти корхонаву ташкилотҳо, аз ҷумла китобхонаҳо, тибқи талаботи айёми ҷанг мувофиқ ба роҳ монд шуданд. Дар нақшаҳои кории китобхонаҳо бештар чорабиниҳое тарҳрезӣ гаштанд, ки ба тарғиби ғояҳои олии инсондӯстӣ, сулҳпарварӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва фаҳмондадиҳии ҳадафҳои ғаразноки истилогарони фашизм равона шуда буданд.
Солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар баробари кам шудани нашри китоб, фаъолияти баъзе китобхонаҳо муваққатан қатъ гардид. Масалан, агар соли 1940 дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ 401 китобхонаи оммавӣ фаъолият карда бошад, пас соли 1945 фақат 171 китобхона фаъолият намудааст. Тибқи маълумоти Палатаи китоби ҷумҳурӣ (ҳоло МД "Агентии миллии Созмони байналмилалии рақамгузории стандарти китоб – Хонаи китоби Тоҷикистон") солҳои 1941-1945 ҳамагӣ дар Тоҷикистон 850 номгӯи китоб, аз ҷумла 580-то ба забони тоҷикӣ, 226 ба забони русӣ ва 40-тои дигар ба забони ӯзбекӣ ба табъ расидааст.
Дар ин давра китобхонаҳои ҷумҳурӣ корҳои сиёсӣ-маърифатиро байни аҳолӣ ҷоннок намуда, ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи дониши сиёсӣ ва фарҳангии омма ва тарғиби адабиёти сиёсию ҳарбӣ бештар саҳм гирифтанд. Бо ин мақсад, дар китобхонаҳо гӯшаҳои махсус, намоишҳои китоб, лавҳаҳо, конференсияҳои хонандагон, суҳбатҳо ва лексияҳо ташкил ва баргузор мешуданд. Таваҷҷуҳи хосса ба тарғиби корнамоиву қаҳрамониҳои ҷанговарони шуравӣ дар муҳорибаҳои мухталифи айёми Ҷанги Бузурги Ватанӣ зоҳир мегардид. Бахусус, аз рӯзҳои аввали оғози Ҷанги Бузурги Ватанӣ кормандони Китобхонаи давлатии ҷумҳуриявии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ (ҳоло Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон) фаъолияти хешро ба тақозои айёми ҷанг мувофиқу созгор намуда, дар баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ ва тарғиби адабиёти сиёсӣ, ҳарбӣ-мудофиавӣ бештар кӯшиш ба харҷ доданд.
Дар китобхона фаъолияти библиографӣ дуруст роҳандозӣ шуд. Кормандони бахшу шуъбаҳои библиографӣ дар таҳияи картотека ва дастурҳои библиографӣ саҳм гирифтанд. Талаботи библиографии кормандони саноат ва хоҷагии қишлоқ, ки дар иҷрои супоришҳои давлатӣ барои ҷабҳа саҳм доштанд, қонеъ мегардид. Мувофиқи дархости кормандони илм, тарғиботчиён ва гурӯҳҳои дигари хонандагон, маълумотномаҳои хаттӣ ва шифоҳӣ пешниҳод мешуданд. Танҳо соли 1942 кормандони Муассиса ба хонандагон 4803 маълумотнома доданд. Умуман, солҳои ҷанг ба хонандагон наздики 19 ҳазор маълумотномаи библиографӣ дода шуда, беш аз 31 ҳазор нафар хонанда ҷиҳати дарёфт ва мутолааи маводи зарурӣ маслиҳат гирифтааст. Аз ҷониби китобхона ба бемористонҳои ҳарбӣ барои маҷруҳон китобҳо ба забонҳои тоҷикиву русӣ фиристода шуданд. Ҳамзамон, солҳои ҷанг Китобхонаи давлатии ҷумҳуриявии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ беш аз 80 баста китобҳоро ба бемористонҳо фиристод.
Китобхонаи шаҳрии ба номи Абулқосим Лоҳутии шаҳри Душанбе тавассути ташкили китобхонаҳои сайёр чор бемористонро бо китоб таъмин кард. Китобхона солҳои ҷанг ба маҷруҳон 25000 нусха китоб дода, чорабиниҳои мухталиф, аз қабили суҳбатҳо, хонишҳои баланд ва ҳунарнамоии маҳфилҳои худфаъолиятии бадеиро роҳандозӣ мекард.
Дар ин солҳои мудҳиш, дар радифи китобхонаҳои шаҳрӣ, китобхонаҳои ноҳиявӣ ва деҳотӣ низ фаъолияти худро ба тақозои талаботи айёми ҷанг мувофиқ намуда, дар ташкил ва баргузории чорабиниҳои мухталиф саҳми муносиб гузоштанд. Чунонки муҳаққиқ З. Шевченко ишора кардааст, дар ин самт фаъолияти китобхонаҳои ноҳияҳои Қӯрғонтеппа (ҳоло Бохтар), Конибодом, Ӯротеппа (ҳоло Истаравшан), Сарихосор (ҳоло Балҷувон) хеле назаррас буд.
Меҳроҷ КОМИЛОВ,
номзади илмҳои таърих
Санаи нашр: 13.05.2025 №: 93-94
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
29 январ 2025, Чоршанбе
БО МАРДУМ ВА БАРОИ МАРДУМ Ё КОРНОМАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР СОЛИ 2024 БО РАҚАМҲО
18 ноябр 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ИҶОРАИ МОЛИЯВӢ (ЛИЗИНГ)»
30 июн 2023, Ҷумъа
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ПАЛАТАИ ҲИСОБИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН