РАШТУ ТОҶИКОБОД. СОКИНОН АЗ ОҒОЗИ КОРҲОИ СОЗАНДАГӢ СИПОСГУЗОРАНД

14 май 2025, Чоршанбе
10
Тавре қаблан иттилоъ дода будем, 13-уми апрел дар ноҳияҳои Рашту Тоҷикобод заминларза рух дода, хисороти зиёд овард. Аз миён фурсати зиёд нагузашта бошад ҳам, мардум аллакай дилгармона пайи таъмиру азнавсозии биноҳои истиқоматию дигар иншооти зарардидаанд.
Хабарнигори “Ҷумҳурият” дар ҷамоатҳои деҳоти Ҳиҷбораку Аскалони ноҳияи Рашт рафти корҳои барқарорсозиро пайгирӣ кард. Тибқи иттилои ситоди фавқулода, то ҳол масолеҳи сохтмонӣ, аз қабили симу мех, қуму шағал ва семент дастрас карда шуда, корҳои бунёду барқарорсозӣ дар ҳамаи иншооти банақшагирифташуда оғоз гардидаанд.
Чанде аз зарардидагон андешаҳояшонро чунин баён карданд:
Зайдулло Боймуродов, сокини деҳаи Моҳи Хоса:
– Хонаи истиқоматии мо қисман зарар дидааст. Рӯзи аввал намояндагони Ҳукумати ҷумҳурӣ ва ноҳия омада, бо вазъ шинос шуданд ва фавран барои мо маводи хӯрока ва хайма доданд. Аз рӯзи аввали ҳодиса то ҳол намояндагони мақомоти ноҳия дар паҳлуи мо ҳастанд ва баробари мо заҳмату талош варзида истодаанд, ки арзи сипос менамоям.
Замира Ёқубова, сокини деҳаи Ярхаб:
– Оилаи мо бесарпаноҳ аст, шавҳарам дар қайди ҳаёт нест. Миннатдорӣ баён мекунам, ки тариқи ҳашар бунёди манзили нави зистамонро оғоз карданд. Чунин инсондӯстию дар паҳлуи ҳам будан ва ваҳдату якдигарфаҳмии халқамон аз ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маншаъ мегиранд.
Айниддин Қаҳҳоров, сокини деҳаи Аскалон:
– Хонаводаи мо яке аз оилаҳои камбизоати Ҷамоати деҳоти Аскалон маҳсуб мешавад. Дар синни нафақа ҳастам. Аз рӯзи аввали заминларза намояндагони ташкилоту муассисаҳои ноҳия ҳамроҳи мо ҳастанд. Сари вақт оилаи моро бо маводи хӯрокаву либос ва хайма таъмин намуданд. Аз дигар деҳоти ноҳия сокинон омада, тариқи ҳашар хонаи моро тахту ҳамвор карданд. Асароти офатро бартараф намуданд. Ҳоло Кумитаи сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сохтмони манзили зисти мо оғоз кард, ки он аз чор хона ва ҳуҷраҳои ёрирасон, аз қабили ҳаммому ошхона, иборат аст.
Худодод ЗАЙНИДДИН, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 14.05.2025 №: 95