ТОҶИКИСТОН МИЗБОНИ БОЗ ЯК ЧОРАБИНИИ МУҲИМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
Тавре хонандагони рӯзномаи “Ҷумҳурият” иттилоъ доранд, дар пойтахти ҷумҳуриамон – шаҳри Душанбе аз 29-ум то 31-уми майи соли ҷорӣ Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо баргузор мегардад. Ин чорабинии муҳим дар доираи Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо (2025), ки бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешбарӣ гардида, дар иҷлосияи 77-уми Маҷмаи умумии СММ 14-уми декабри соли 2022 аз ҷониби беш аз 150 кишвари аъзои ин Созмон якдилона дастгирӣ ёфт, доир мешавад.
Ҳадафи аслии он муттаҳид намудани талошҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ барои таҳияи стратегияҳои муассир оид ба ҳифзи пиряхҳо ва идоракунии устувори захираҳои обӣ мебошад. Ҳамчунин, дар Конфронс нақши муҳими пиряхҳо дар нигоҳдории мувозинати экологӣ ва зарурати иқдоми фаврии ҷаҳонӣ барои боздоштани обшавӣ ва ақибнишинии пиряхҳо бори дигар таъкид хоҳад шуд. Тибқи нақша дар кори он беш аз 1000 нафар, аз ҷумла сиёсатмадорон, коршиносони байналмилалӣ, олимон ва намояндагони созмонҳои ҷамъиятӣ иштирок менамоянд.
Дар Конфронс ба навовариҳои илмӣ, фаъолияти муштарак ва ҳамкории сиёсӣ дар мубориза бо оқибатҳои тағйирёбии иқлим таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда мешавад.
Тавре АМИТ “Ховар” иттилоъ додааст, дар доираи он чорабинии пешазконфронсӣ доир ба соҳаи кишоварзӣ дар марҳалаи обшавии пиряхҳо (мубориза бо хушксолӣ ва обхезӣ тавассути ҷудо кардани карбон ва баланд бардоштани устуворӣ дар минтақаҳое, ки аз пиряхҳо вобаста мебошанд), Форуми минтақавии Осиёи Марказӣ оид ба масъалаҳои пиряхҳо ва криосфера, форумҳои байналмилалии занон, ҷавонон ва кӯдакон оид ба ҳифзи пиряхҳо ва амалиёти иқлимӣ, Конфронси “Аз Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо то Даҳсолаи амал оид ба илмҳои криосфера (2025-2034)” гузаронда мешаванд.
Муколамаи вазирон оид ба устувории иқлим, ҳифзи пиряхҳо ва ҳамкорӣ дар соҳаи об ва тақвияти ҳамкории фаромарзӣ барои устувории иқлимӣ дар ҳавзаҳои пиряхҳои Осиёи Марказӣ аз чорабиниҳои муҳими канории Конфронс ба ҳисоб мераванд. Инчунин, баргузории нишастҳои муҳиме дар масири идоракунии устувори захираҳои об ва нақши мониторинги криосфера дар қабули қарорҳо оид ба тақсимоти захираҳои об дар назар аст.
Муҳаммадуллоҳ ТАБАРӢ, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 15.05.2025 №: 96
