КӮЧАИ НЕЪМАТ ҚАРАБОЕВ. АГАР БОЗ ЯК БОҒИ ДИГАР БУНЁД МЕШУД...
Шаҳри азизамон – Душанбе ҳамарӯза мешукуфад. Шукуфоӣ ва пешрафти онро дар ҳар қадам: вақти сохтмони биноҳои баландошёна, бунёди роҳу пайроҳаҳои нав ва гулгашту хиёбонҳо мушоҳида менамоем. Ҳар як иншоот дар доираи нақшаи мукаммал вобаста ба талаботи аҳолӣ сохта шуда истодааст. Махсусан, хонаҳои баландошёна бо назардошти афзоиши аҳолӣ бунёд гардида, талабот ба онҳо сол ба сол меафзояд.
Вале, дар баъзе мавридҳо, аз ҳисоби пай дар ҳам сохтани биноҳои истиқоматии баландошёна шумораи аҳолӣ дар баъзе мавзеъҳо аз меъёр зиёд мегардад. Дар мисоли кӯчаи Неъмат Қарабоеви ноҳияи Фирдавсӣ гуфтан мумкин аст, ки ин ҷо аз гузаргоҳи сеюм то гузаргоҳи якуми назди Сирк биноҳои баландошёна зиёд буда, теъдоди аҳолӣ бамаротиб афзудааст. Зиёдшавии аҳолӣ, махсусан шомгоҳон, ҳангоми ба сайругашт баромадани сокинон эҳсос мегардад. Хуб мешуд дар радифи хуррамгардонии пойтахти азизамон дар ҳамин мавзеъ низ боғи фарҳангию фароғатие бунёд гардад.
«Шаҳри мо хеле зебо шудааст, вале дар ин тарафи кӯчаамон ҷой барои истироҳату сайругашт ёфтан мушкил. Ҳар бегоҳ барои ҳавохӯрӣ ва сайругашт ба Боғи фарҳангию фароғатии ба номи А. Фирдавсӣ рафтан номумкин аст, зеро он ҷо дур аст», – мегӯянд сокинон. Аз ин рӯ, хуб мешуд, агар дар ин гӯшаи пойтахт низ боғи фароғатӣ бунёд карда шавад, махсусан аз гузаргоҳи сеюми кӯчаи Неъмат Қарабоев то гузаргоҳи дуюм, зеро дар ин ҷо бунёд кардани боғи фароғатӣ аз бисёр ҷиҳат манфиатовар аст. Пеш аз ҳама, ниёзи сокинони шаҳр ба макон ва ҷойи истироҳату сайругашт бароварда мешавад. Ғайр аз ин, пиёдароҳҳо аз партовҳои маишӣ тоза нигоҳ дошта шуда, майдони гулрези назди Сирк низ зебою шукуфон мемонад. Умуман, аҳамияти парку боғҳо дар замони муосир хеле бузург аст, чун онҳо на танҳо макони истироҳату фароғат, балки василаи муҳими беҳтарсозии муҳити зист ва саломатии ҷомеа мебошанд. Парку боғҳо ҳаворо тоза мекунанд, чанг ва газҳои зарарнокро коҳиш медиҳанд ва сатҳи ҳароратро дар шаҳр муътадил нигоҳ медоранд. Муҳимтар аз ҳама, парку боғҳо имкони истироҳат, сайругашт ва оромиши руҳиро фароҳам меоваранд. Ҳоло ки бошандагони кӯчаи Неъмат Қарабоев ва дигар сокинони атрофи он ба чунин парку боғ ниёз доранд, бовар аст, ки масъулон дар ин самт тадбирҳои зарурӣ меандешанд.
Оҳистамоҳ ВАФОБЕК,
сокини шаҳри Душанбе
Санаи нашр: 15.05.2025 №: 96
Ҳамчунин хонед:
29 январ 2025, Чоршанбе
БО МАРДУМ ВА БАРОИ МАРДУМ Ё КОРНОМАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР СОЛИ 2024 БО РАҚАМҲО
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
18 ноябр 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ИҶОРАИ МОЛИЯВӢ (ЛИЗИНГ)»
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН