ДАР ХОҶА ОБИ ГАРМ РОҲАТ ДОШТЕМ!
Солҳост, ки аз ҳавои соф, буғи гарми осоишгоҳи Хоҷа Оби Гарм ва дастони сабуку шифобахши кормандони ин муассисаи истироҳатию табобатии дар солҳои соҳибистиқлолӣ овозааш берун аз ҷумҳурӣ доман густурда, бисёр шунидаему аз нашрияҳо низ мехонем, аз ҷумла аз рӯзномаи «Ҷумҳурият». Гуфтем: «Шунидан кай бувад монанди дидан. Боре биравем, аз буғу оби шифобахшу ҳавои муаттари Хоҷа Оби Гарм ҳаловат бурда, бо дидани кӯҳҳои хушманзараи атрофаш ҳам саломатиамонро барқарор созему ҳам чашмонамонро пурнур».
Дар осоишгоҳ моро хуш пазируфтанд, аз лутфу таманноҳои табибони шуъбаи қабул Фирдавс Раҳмонов ва Хисрав Ҷумъаев табъамон болида гашт, худро аллакай табобатгирифта эҳсос намудем. Рӯзҳои минбаъда бо истироҳату табобат ҷараён гирифтанд. Як ҳафта чӣ тавр сипарӣ гардид, нафаҳмида мондем. Табибони ҳозиқ Нозим Назарову Абдусамад Асоев пайваста аз саломатӣ ва тарзи истироҳати мо бохабар мешуданд, бо тавсияву дармони онҳо аз бемории тарбоду сутунмуҳра халос шудем, дасташон дард накунад. Гуфтан мумкин, ҳам аз буғи шифобахшу ҳам аз муносибати нек баҳра бардоштем. Пас аз чунин табобату муносибат, лутфу муҳаббат ва самимияташон тасмим гирифтем, ки тавассути рӯзномаи мардумии «Ҷумҳурият» сидқан миннатдории худ ва ҳазорҳо маризону истироҳаткунандагонро ба онҳо иброз дорем.
Бо эҳтиром,
Зебо МИРЗОЕВА,
Абдуғаффор МИРЗОЕВ, сокинони ноҳияи Ёвон
Санаи нашр: 16.05.2025 №: 97
Ҳамчунин хонед:
29 январ 2025, Чоршанбе
БО МАРДУМ ВА БАРОИ МАРДУМ Ё КОРНОМАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР СОЛИ 2024 БО РАҚАМҲО
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
18 ноябр 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ИҶОРАИ МОЛИЯВӢ (ЛИЗИНГ)»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН