КОНФРОНСИ САТҲИ БАЛАНД ОИД БА ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. ТАШАББУСИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ КОРШИНОСОНИ БАЙНАЛМИЛАЛИРО ДАР ДУШАНБЕ БА ҲАМ МЕОРАД

20 май 2025, Сешанбе
11
Инак, беш аз ду даҳсола мешавад, ки Пешвои миллати мо аз минбарҳои баланд дар бораи ҳалли мушкилоти об сухан ронда, таъкид менамоянд, ки миллионҳо нафар сокинони сайёраи Замин дастрасӣ ба оби тоза надоранд ва ҳам захираҳои оби ошомиданӣ коҳиш ёфтаанд, зеро пиряхҳо бо суръати баланд об шуда, хатари дигари басо ҷиддӣ – норасоии обро дар сатҳи ҷаҳон ба миён меоранд.
Ҳамин суханрониҳои инсонпарваронаю пурмуҳтавои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон заминаи мусоид гардиданд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ташаббускори асосии эълон гаштани Соли байналмилалии оби тоза (2003), Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт» (2005-2015), Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об (2013), Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» баромад намояд.
14-уми декабри соли 2022 боз як хушхабар расид, Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид ташаббуси панҷуми Тоҷикистонро дар соҳаи об якдилона бо қабули қатъномаи махсуси худ тасдиқ намуд. Тибқи ин қатънома, соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон шуд ва аз оғози соли 2025 минбаъд ҳар сол 21-уми март ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо таҷлил мешавад. Инчунин, мутобиқи ин қатънома, Созмони Милали Муттаҳид таҳти ҳамоҳангии Дабири кулли ин Созмон Фонди трастии мақсаднок, яъне Хазинаи байналмилалии мақсадноки эътимодро ҷиҳати ҳифзи пиряхҳо таъсис дода, аз 29-ум то 31-уми майи соли 2025 дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба масъалаҳои ҳифзи пиряхҳо баргузор мегардад.
Баргузор шудани Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо дар шаҳри Душанбе табиист, зеро Тоҷикистон ташаббускори асосии қабули қатънома аст ва ҳам пиряхҳои зиёд дар кӯҳистони Тоҷикистон доман густурдаанд, ки зиёда аз ҳазортои он об шудааст ва ин обшавӣ бо суръат идома дорад. Тағйирёбии иқлим ба устувории пиряхҳо таъсири манфӣ расонда, боиси коҳишёбии маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳам боигариҳои кӯҳистон мегардад. Аз рӯйи натиҷаи мушоҳидаҳои олимон, дар давоми панҷоҳ соли охир, захираи пиряхҳои кӯҳҳои Помир, сарчашмаи обҳои зулол, ду баробар кам шудааст.
Ҷомеаи ҷаҳонӣ аз Конфронси мазкури шаҳри Душанбе интизориҳои зиёде доранд ва бовар ҳаст, ки дар ин ҳамоиши бузург коршиносон бо ҳам боз ҳам муттаҳидтар шуда, масъалаҳои мубрами тағйирёбии иқлим, табиат ва сабабҳои обшавии пиряхҳоро баррасӣ менамоянд ва роҳҳои илмию амалии ҳалли мушкилотро меёбанд.
Ёдовар мешавем, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон гашт ва мувофиқи моддаи 2 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ҳар сол 21-уми март чун Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо таҷлил мешавад.
Қурбон МАДАЛИЕВ, «Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 20.05.2025 №: 99-100