ФОТИМА БАДАВӢ: "ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ҒАМХОРИ АҲЛИ БАШАР АСТ!"

22 май 2025, Панҷшанбе
17


Айни ҳол, агар дар ҳар гӯшаи олам сухан аз об ва ҳифзи пиряхҳо равад, ҳатман номи Тоҷикистон ҳамчун кишвари ташаббускор дар миён хоҳад буд. Ё худ, дар ҳамоишҳои сатҳи ҷаҳонии вобаста ба обу иқлим, ки дар давлатҳои гуногун баргузор мегарданд, исми кишвари мо дар садри гуфтугӯҳо қарор мегирад. Аз ҷумла, 20-уми майи соли ҷорӣ дар Ҷумҳурии арабии Миср конфронсе баргузор гардид, ки “Тоҷикистон ва пиряхҳо: ба сӯйи рӯйкарди ҷадид” унвон дошт.
Сомонаи иттилоотии “Ал-Мувотин”-и Миср доир ба ин ҳамоиш бо сарлавҳаи “Дар ҳузури сафири Тоҷикистон дар Миср. Зимни симпозиуми Қоҳира масъалаи Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо дар Душанбе баррасӣ мешавад” гузориши муфассале таҳия ва пахш намуд. Фотима Бадавӣ, муаллиф ва хабарнигори сомонаи мазкур менависад: “Ташаббусе, ки Тоҷикистон дар соли 2022 нишон дод, аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирии васеъ ёфт. Ин бори дигар, пешсафии Тоҷикистонро дар ҳалли масъалаҳои экологии марбут ба обу иқлим тасдиқ намуд. Маҳз ба шарофати иқдомҳои пайвастаи Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки чандин ташаббусҳои байналмилалӣ, аз ҷумла: Соли байналмилалии оби тоза (2003), Даҳсолаи байналмилалии амалиёт "Об барои ҳаёт" (2005-2015), Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об (2013) ва Даҳсолаи байналмилалии амал "Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028"-ро рӯйи кор овард, соли ҳифзи пиряхҳо ба як платформаи байналмилалии таҳқиқи роҳҳои ҳалли устувори захираҳои об табдил ёфтааст".
Манбаъ зикр мекунад, ки Созмони Милали Муттаҳид маҳз дар заминаи ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон солҳои 2025-2034-ро “Даҳсолаи пиряхҳо” ҳамчун чаҳорчӯби стратегӣ барои густариши пажӯҳишҳои илмӣ, рушди системаҳои мониторинг ва рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ эълон кард.
Ғайр аз ин, дар гузориши мазкур омадааст, ки ҳадафи Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо, ки аз 29 то 31 майи соли 2025 дар шаҳри Душанбе баргузор хоҳад шуд, баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ дар бораи тағйирот дар криосфера ва дар заминаи тағйирёбии иқлим баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ дар доираи Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо мебошад (2025). Ин Конфронс дар ҳифзи пиряхҳо ва густариши ҳамкориҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ дар ин замина нақши муҳим дорад.
Муаллифи матлаб таъкид мекунад, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳост аз минбарҳои баланд дар бораи ҳалли мушкилоти об сухан мегӯяд, балки таъкид мекунад, ки бештари одамон дастрасӣ ба оби тоза надоранд. Яъне, Эмомалӣ Раҳмон ҳамоно ғамхори аҳли башар аст.
Қобили зикр аст, ки масъалаи ҳифзи пиряхҳо ба як мавзуи аввалиндараҷаи сатҳи байналмилалӣ табдил ёфтааст. Ин бесабаб нест, зеро рӯз ба рӯз захираҳои оби ошомиданӣ коҳиш ёфта истодаанд, ки хатари норасоии оби ошомиданиро дар ҷаҳон ба миён меоранд.
Ба ҳамин мазмун, имрӯзҳо на танҳо дар расонаҳои кишварҳои араб, балки сомонаҳои фазосози ҷаҳонӣ хабару гузоришҳо нашр мешаванд. Мардуми сайёра аз кори Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо дар шаҳри Душанбе умеди зиёд доранд. Интизори онанд, ки коршиносон ҳарчи зудтар роҳҳои ҳалли мушкилоти обшавии пиряхҳо – манбаи оби ошомиданиро дар миқёси ҷаҳон меёбанд.

Шодмон АБДУРАҲИМ, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 22.05.2025 №: 102