“ПУЛИ ЗАБОНИ ЧИНӢ”. ДАВРИ НИҲОИИ ОЗМУНИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ МИЁНИ ДОНИШҶӮЁНИ ТОҶИКИСТОН ҶАМЪБАСТ ГАРДИД
Санаи 15-уми майи соли ҷорӣ бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҳамкорӣ бо донишкадаҳои Конфутсийи назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ даври ниҳоии даъвати 24-уми Озмуни байналмилалии “Пули забони чинӣ” миёни донишҷӯён дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Ин чорабинии сатҳи баланд дар толори фарҳангии бинои таълимии факултети забон ва адабиёти руси ДДОТ ба номи С.Айнӣ доир гашт.
Дар чорабинӣ мушовири масъалаҳои давлатии Сафорати Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ван Гуочун, муовини ректори ДДОТ ба номи С. Айнӣ оид ба корҳои илмӣ Сироҷиддин Раҷабзода, муовини ректори ДДОТ ба номи С. Айнӣ оид ба робитаҳои байналмилалӣ, ҳамзамон раиси Ҷамъияти дӯстии Тоҷикистону Чин Рухшона Қурбонзода, ҷонишини раиси Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷ Иброҳимҷон Абдуллозода, сардори раёсати муносибатҳои байналмилалии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Амонулло Каримов, намояндагони вазоратҳои корҳои хориҷӣ ва фарҳанг, ректори Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода Жило Гулназарзода, муовини ректори Донишгоҳи миллии Точикистон оид ба корҳои тарбиявӣ Давлатбахт Маҷидзода, муовини директори Иттиҳодияи чиниҳои бурунмарзӣ дар Тоҷикистон Хан Дончи, роҳбарони зиёда аз 20 ширкати чинӣ дар Тоҷикистон, ректори Донишкадаи Конфутсийи назди Донишгоҳи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон аз ҷониби Чин Рэн Гэнтиен, директорони Донишкадаи Конфутсийи назди ДМТ аз ҷониби Тоҷикистон М. Имомзода ва аз ҷониби Чин Сун Ҷинг, инчунин, зиёда аз 700 нафар устодону донишҷӯёни Донишкадаи мазкур ва филиалҳои таълимии он дар кишвар иштирок ва шоҳиди ин чорабинии бузург гардиданд.
Ҳамзамон, намояндагони шабакаи Телевизиони давлатии Тоҷикистон, шабакаи давлатии ТВ “Сафина” ва Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон - рӯзномаи “Ҷумҳурият” барои сабти гузориш ба маҳали баргузории чирабинӣ ташриф оварданд.
Дар оғози чорабинӣ муовини ректори ДДОТ ба номи С.Айнӣ оид ба робитаҳои байналмилалӣ Рухшона Қурбонзода суханронӣ намуда, аз нахустин маротиба баргузор гардидани даври ниҳоии Озмуни байналмилалии “Пули забони чинӣ” миёни донишҷӯён дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ДДОТ ба номи С.Айнӣ, истиқбол намуд. Ӯ изҳори умед намуд, ки ин Озмун ба густариши минбаъдаи омӯзиши забони чинӣ дар кишвар такони ҷиддӣ бахшида, дар оянда ба дастовардҳои боз ҳам назаррас дар ин самт мусоидат хоҳад кард.
Мушовири масъалаҳои давлатии Сафорати Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ван Гуочун дар суханронии худ изҳор дошт, ки Озмуни байналмилалии “Пули забони чинӣ” яке аз платформаҳои муҳими табодули илмӣ ва фарҳангӣ миёни Чин ва Тоҷикистон ба шумор меравад ва маънои амиқи ҳамдигарфаҳмӣ ва омӯхтани фарҳангҳоро инъикос мекунад. Зимнан, Ван Гочун таъкид намуд, ки дӯстии халқҳо заминаи асосии равобити байнидавлатӣ мебошад. Дӯстии абадии Тоҷикистон ва Чин ниёз ба ҷавонони соҳибистеъдоди ду кишвар дорад, ки на танҳо забони чиниро медонанд, балки аз вазъу фарҳанги ду кишвар низ огоҳ ҳастанд. Ӯ изҳори умедворӣ намуд, ки донишҷӯён бо руҳияи масъулиятшинос ва бо ҳадафи бунёди ҷомеаи муштараки сарнавишти Тоҷикистон ва Чин, омӯзиши пурмаҳсул намуда, донишҳои забони чинии худро пайваста такмил медиҳанд ва ҷиҳати таҳкими ҳамкориҳои амалӣ ва дӯстии абадии миёни ду кишвар неру ва ҷавонии худро дареғ намедоранд. Ван Гочун, ҳамзамон, ба ҳамаи иштирокчиёни Озмун барору комёбӣ орзу намуд.
Бо баланд гардидани садои мусиқии шоду фархунда, ҳашт нафар довталаб аз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи славянии Россияву Тоҷикистон, Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон, Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон саҳнаро бо шукӯҳу шаҳомат ҷило доданд. Мусобиқа аз чор давр иборат буд. Даври якуми Озмун – маъруза бо забони чинӣ ва намоиши ҳунару истеъдод буд. Довталабон атрофи мавзуи «Забони чинӣ - пули дӯстӣ, як ҷаҳон - як оила» бо забони равони чинӣ ва эҳсоси самимӣ қиссаҳои худро оид ба омӯзиши ин забон баён намуда, тавассути ҳунарҳои мухталиф маҳорати хешро муаррифӣ карданд.
Даври дуюми он, ки “Бо ҷуръат ба пеш ҳаракат намудан” номгузорӣ шудааст, дониш ва фаҳмиши довталабонро дар самти забони чинӣ, фарҳанги Чин ва воқеияти имрӯзаи Ҷумҳурии Мардумии Чин месанҷид.
Дар даври сеюми Озмун “Мушкилӣ дар тангкӯча” номгузорӣ шудааст. Дар он довталабонро мебоист тасвиреро, ки ба таври тасодуфӣ интихоб менамуданд, дар муҳлати муайяншуда бо забони чинӣ шарҳ дода, мазмун ва мафҳуми онро васеъ баён намоянд.
Даври чоруми он, ки «Ҳаракат ба самти ғолибият» номгузорӣ шудааст, марҳалаи ҳалкунанда ва даври ниҳоии мусобиқа ба ҳисоб мерафт. Дар ин бахш довталабон бо иҷрои супориши грамматикӣ (ҷойи холиро пур кардан) қобилияти истифодаи мураккаби қоидаҳои наҳв, луғат ва таркибҳои забон, инчунин, малакаҳои мантиқӣ ва фикрронии умумии худро намоиш доданд.
Пас аз рақобати шадид дар даврҳои гуногун, донишҷӯи факултети забонҳои Осиё ва Аврупои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Лайло Муродова ғолиб дониста шуда, сазовори ҷойи аввал гардид. Ҷойи дуюм насиби донишҷӯи Донишгоҳи славянии Россия ва Тоҷикистон Анора Наҷмуддинова гардид. Ҷойи сеюмро донишҷӯи Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон Рустами Назар ва донишҷӯи Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон Муҳаммадҷон Раҳимов соҳиб шуданд.
Ҷоизаи “Бештарин маъруфият” насиби донишҷӯи ДДОТ ба номи С. Айнӣ Мадина Ҷурахонова, ҷоизаи “Беҳтарин суханвар” насиби донишҷӯи Донишгоҳи славянии Россия ва Тоҷикистон Муҳаммадсолеҳи Синозод, ҷоизаи “Беҳтарин ҳунарманд” насиби донишҷӯи ДМТ Мирзоумар Умарзода ва ҷоизаи “Беҳтарин истеъдод” бошад, насиби донишҷӯи ДМТ Дилшод Ҳамзазода гардид.
Инчунин, донишҷӯён Мадина Тошматова аз ДДОТ ба номи С. Айнӣ, Имрон Одинзода аз ДБЗХТ ба номи С. Улуғзода ва Шерхон Турсунализода аз Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон бо ҷоизаи “Беҳтарин маъруфият дар шабакаи Интернет” қадрдонӣ гардиданд.
Озмуни байналмилалии “Пули забони чинӣ” на танҳо барои омӯзандагони забони чинӣ дар Тоҷикистон як минбари арзишманди намоиши истеъдод ва маҳорати хеш дар омӯзиши забони чинӣ фароҳам овард, балки ба тамошогарон ҷозибаи забон ва фарҳанги Чинро муаррифӣ намуд. Ҳамзамон, ин чорабинӣ аз дастовардҳои нав дар ҳамкориҳои соҳаи маорифи Тоҷикистону Чин шаҳодат дода, ба таври муассир мубодилаи забон ва фарҳанги миёни ду кишварро таҳким бахшид.
Донишкадаи Конфутсийи назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
Санаи нашр: 22.05.2025 №: 102
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
29 январ 2025, Чоршанбе
БО МАРДУМ ВА БАРОИ МАРДУМ Ё КОРНОМАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР СОЛИ 2024 БО РАҚАМҲО
18 ноябр 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ИҶОРАИ МОЛИЯВӢ (ЛИЗИНГ)»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
13 феврал 2025, Панҷшанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МОРАТОРИЙ БА САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРӢ