СУҒД. БУРДУ БОХТИ ХОҶАГИИ ХАЛҚИ ВИЛОЯТ ДАР СЕМОҲАИ АВВАЛИ СОЛИ ҶОРӢ
Дар шаҳри Хуҷанд бо ширкати фаъолон натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Суғд дар семоҳаи аввали соли 2023 мавриди баррасӣ ва таҳлил қарор гирифтанд. Анвар Яъқубӣ, муовини раиси вилоят аз рӯи ин масъала назди ҳозирин гузориш дод. Таъкид шуд, ки сарфи назар аз таъсири манфии омилҳои беруна, давоми се моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар вилоят ба маблағи 5 миллиарду 892,4 миллион сомонӣ расонда шуда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта суръати афзоиш 110,1 дарсад таъмин гардид.
Дар семоҳаи аввали соли 2023 нақшаи даромадҳои буҷети давлатӣ (бе дарназардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ) ба андозаи 103,5 фоиз таъмин гашта, ба буҷет 968,5 миллион сомонӣ ворид шуд, ки нисбат ба нақшаи тасдиқгардида 32,9 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Давоми се моҳи соли 2023 дар миқёси вилоят 35 корхонаву коргоҳи нав бо 286 ҷойи нави корӣ ба фаъолият оғоз бахшид.
Ҳамчунин, ҷиҳати таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба таваҷҷуҳи ҷиддӣ ба коркарди ниҳоии нахи пахта ва пӯст дар дохили кишвар ва ҷалби сармояи хориҷӣ аз тарафи корхонаҳои саноатии вилоят бунёди сиклҳои нави истеҳсолӣ барои маҳсулоти тайёр корҳо идома доранд.
Кишоварзони вилоят ҳам ба хотири рушди соҳа тадбирҳои судманд андешида, ба ҳолати 1 апрели соли 2023 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ ба маблағи 1 миллиарду 47,4 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол карданд, ки суръати афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 107,3 фоиз таъмин гардид.
Ба ҳолати 1 апрели соли 2023 дар хоҷагиҳои кишоварзии вилоят 284,6 гектар боғ ва 10,7 гектар токзори нав бунёд гаштааст.
Муносибатҳои иқтисодӣ – тиҷоратию савдо бо кишварҳои хориҷии дуру наздик аз ҷумлаи ченакҳои муҳими рушди иқтисодӣ дар давраи низоми бозоргонӣ маҳсуб меёбад ва бино ба гузориши муовини раиси вилоят, дар моҳҳои январ-марти соли 2023 ҳаҷми гардиши савдои хориҷӣ ба 701,6 миллион доллари ИМА расидааст.
Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо андешаронӣ аз дастовардҳои меҳнаткашони шаҳру навоҳии Суғд дар семоҳаи аввали соли 2023 боз ҳам аз баҳрабардории имконоти васеи мавҷудаи вилоят ҷиҳати таконбахшии рушди иқтисод таъкид кард.
– Мо бояд мутобиқи талаби давру замон қадам гузорему ҷиҳати ободии диёр, боло бардоштани сатҳи зиндагии мардум дар талош бошем, ки аз дастурҳои доимии Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, – гуфт раиси вилоят.
Сарфи назар аз пешравиҳо, ҳамоно дар соҳаҳои гуногуни шаҳру навоҳии вилоят камбудиҳо ҷой доранд, ки бояд ба ҳаллу фасли онҳо мусоидат кард. Раиси вилоят аз он нигаронӣ дошт, ки то имрӯз 12 шаҳру наҳия дар ҳолати дастнигарӣ – субвенсионӣ қарор дошта, ба ин самт маблағҳои зиёди буҷа масраф мешаванд. Масалан, танҳо дар семоҳаи аввали соли равон барои пардохти музди маош ва ҳаллу фасли чандин масоили иҷтимоӣ ба ин шаҳру навоҳӣ 91,7 миллион сомонӣ ҷудо шудааст. Бино ба гуфтаи Анвар Яъқубӣ, ҳоло аз 12 шаҳру навоҳии субвенсионӣ шаҳри Истиқлол ва ноҳияҳои Мастчоҳу Ашт, ки ин ҷо солҳои охир чандин коргоҳҳои хурду бузурги истеҳсолӣ бунёд ёфтаву ба фаъолият оғоз мебахшанд, имконияти раҳоӣ аз ин ҳолатро доранд.
Раиси вилоят дар ҷараёни маҷлиси фаъолон аз раисони шаҳру навоҳии Панҷакент, Хуҷанд, Бӯстон, Деваштич, сарварони соҳаҳои маориф, тандурустӣ, кишоварзӣ ва масъулони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ оид ба амалишавии дастуру супоришҳои Президенти мамлакат дар иртибот ба киштукори баҳорӣ, саноатикунонии босуръат, таъсиси ҷойҳои нави кор, назорати ҷараёни даъвати ҳарбӣ, пешгирии ҷинояту қонуншиканиҳо бозпурсӣ кард.
Ҷовиди АШТӢ, «Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 25.04.2023 №: 85