«НУМӮИ ТОҶИКИСТОН». ИҚДОМЕ, КИ БАРОИ ТАРБИЯИ НАСЛИ СОЛИМ ВА ТАВОНО ЗАМИНА МЕГУЗОРАД
Тоҷикистон ба рушди захираи инсонӣ аҳамияти махсус медиҳад. Дар ин робита аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва Вазорати маориф ва илм бо дастгирии Бонки ҷаҳонӣ маъракаи «Нумӯи Тоҷикистон» роҳандозӣ шудааст. Ин маърака дар доираи лоиҳаи «Инкишофи барвақтии кӯдакон барои густариши сармояи инсонӣ дар Тоҷикистон» амалӣ гардида, ҳадаф баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷомеа дар бораи аҳамияти рушди барвақтии кӯдакон ва ташвиқи дастрасии баробар ба хизматрасониҳои тиббӣ, тарбиявӣ ва таълимӣ барои кӯдакони то 6-сола мебошад.
Тадқиқоти ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки 80 фоизи рушди мағзи сари инсон дар панҷ соли аввали ҳаёт сурат мегирад. Ин марҳала барои ташаккули қобилиятҳои ақлонӣ, ҷисмонӣ, равонӣ ва иҷтимоии кӯдак муҳимтарин шуморида мешавад. Агар кӯдак дар ҳамин давра муҳити орому ғанӣ, ғизои дуруст, дастгирии равонӣ ва имконияти омӯзиши барвақтӣ дошта бошад, метавонад ҳамчун шахсияти комил ба воя расад. Аз ин рӯ, сармоягузорӣ ба ин марҳала сармоягузорӣ ба ояндаи дурахшони Тоҷикистон маҳсуб мешавад.
Дар доираи чорабинӣ масъалаҳои муҳим, мисли ғизои муфид барои занҳои ҳомила, муҳайё намудани муҳити бехатар барои кӯдакон, таъмини ғизои дурусту нигоҳубини навзодон, ташвиқи хониши муштарак дар хона, омӯзиши кӯдакон ва иштироки фаъолонаи падару модарон дар тарбияи фарзандон баррасӣ мешаванд. Ҳамаи ин тадбирҳо ба боло рафтани мақоми занону духтарон ва таъмини баробарии имкониятҳо дар оила ва ҷомеа мусоидат менамоянд.
Татбиқи чорабинӣ феълан дар ноҳияҳои Кӯшониён, Вахш, Дӯстӣ, Кубодиён, Абдураҳмони Ҷомӣ, Ҷайҳун, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Восеъ, Кӯҳистони Мастчоҳ, Варзоб, Рӯдакӣ, Тоҷикобод, Файзобод ва шаҳри Ҳисор ҷараён дорад. Дар ин шаҳру ноҳияҳо хадамоти тиббӣ, таълимӣ ва иттилоотӣ ба таври марҳалавӣ амалӣ шуда, натиҷаҳои он ба табақаҳои гуногуни аҳолӣ расонда мешавад.
Дар доираи чорабинӣ, ҳамчунин, омӯзиши мутахассисони соҳаи тандурустӣ ва маориф, инчунин, фаъолони ҷомеа ба роҳ монда шудааст. Ҷаласаҳои иттилоотӣ барои волидон низ доир шуда, дар онҳо усулҳои баланд бардоштани савияи дониш, ташвиқи муҳаббат ва ғамхорӣ дар муҳити оила, рушди барвақтӣ тавассути бозӣ ва хониши муштарак муҳокима мешаванд.
Ташкилкунандагони маъракаи «Нумӯи Тоҷикистон» кӯшиш мекунанд, ки тавассути таблиғ ва амалӣ сохтани таҷрибаҳои беҳтарин, огоҳии ҷомеаро дар бораи аҳамияти рушди барвақтии кӯдакон баланд бардоранд ва истифодаи хизматрасониҳои марбут ба ин марҳалаи ҳаётро афзоиш диҳанд. Дар натиҷа, сатҳи тандурустӣ, қобилиятҳои равонӣ ва иҷтимоии кӯдакон такмил ёфта, насли солиму босаводи ҷомеа ба камол хоҳад расид.
Дилноз ҲУКМАТУЛЛОЕВА, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 26.05.2025 №: 104
