ФУТБОЛ – МАЪРУФТАРИН НАМУДИ ВАРЗИШ

27 май 2025, Сешанбе
10
Машғул шудан ба бозии футбол яке аз роҳҳои беҳтарини беҳдошти саломатӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим, худи футбол муҳимтарин василаи муттаҳидсозии халқу миллатҳо мебошад.
Мувофиқи маълумот, футбол аз Англия сарчашма мегирад. Аммо хеле пеш аз ин дар гӯшаҳои гуногуни ҷаҳон бозиҳое ба футбол монанд буданд. Тибқи маълумот, бори аввал ин бозӣ дар Чин ва Рими Қадим ҳанӯз пеш аз милод пайдо шудааст. Чиниҳо бо тӯби мудаввар дар майдончаҳои мураббаъ бозӣ мекарданд. Ин тӯб чармӣ буда, дохили он бо пари паранда ва пашми ҳайвонот пур карда мешуд. Замони ҳукмронии сулолаи Хон, дар давраи аз соли 206 то мелод то соли 220 мелодӣ, футбол қисми ҷудонопазири маросимҳои тантанавӣ буд, ки ба ифтихори рӯзи таваллуди император баргузор мешуд ва "сзу-чу" номида мешуд.
Барои римиён футбол на ҳамчун вақтхушӣ, балки ҳамчун машқ барои ҷанговарон буд.
Футболи муосир, ки асри 12-и мелодӣ дар Англия пайдо шудааст, фарқиятҳои зиёд дорад. Масалан, қаблан ба ғайр аз зарбаи пой ба тӯб, зарбаҳои мушт низ иҷозат дода мешуд. Ғайр аз ин, дар бозӣ на 11 нафар аз ҳар даста, балки тамоми издиҳом иштирок мекарданд, ки дар натиҷа аксар вақт бозӣ ба ҷанҷоли калон анҷом меёфт.
Бори аввал ин намуди бозиро дар Англия “футбол” номиданд, аммо ҷолибтар ин аст, ки ин ном на дар вақти пайдоиши бозӣ ва эътирофи расмии он, балки дар вақти манъи бозӣ дода шудааст.
Ҳамин тариқ, футбол миёни дастаҳои мактабӣ, алахусус муассисаҳои таълимии давлатӣ рушд карда, ба як падидаи байналмилалӣ табдил ёфта, миллионҳо нафарро дар саросари ҷаҳон муттаҳид кард. Ниҳоят соли 1904 Федератсияи байналмилалии футбол (ФИФА) таъсис ёфт, ки дар рушди ин бозӣ нақши калидӣ мебозад. Аз ин пеш соли 1900 футбол бори аввал ҳамчун намуди варзиш ба барномаи бозиҳои олимпӣ дохил карда шуд. Солҳои 1930 футбол чунон маъмул гардид, ки дар кишварҳои гуногун лигаҳо таъсис ёфтанд. ФИФА соли 1930 аввалин чемпионати ҷаҳонро дар Уругвай ташкил намуд.
Футбол ҳамчун намуди варзиш дар Тоҷикистон замони шуравӣ пайдо шуд. Пас аз ба даст овардани истиқлоли давлатӣ 25-уми декабри соли 1991 Федератсияи футболи Тоҷикистон созмон ёфта, соли 1994 ба узвияти ФИФА ва Конфедератсияи футболи Осиё пазируфта шуд.
Дар мамлакат баҳри рушду равнақи соҳа иншооти нави варзишӣ бунёд гашта истодаанд. Тадбирҳои андешидаи Ҳукумати мамлакат имкон фароҳам овард, ки варзишгарони мамлакат дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ иштирок ва футболи тоҷикро муаррифӣ намоянд. Иштирок ва ҳунарнамоии дастаи миллии футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё-2023, ки дар Қатар баргузор гардид, далели гуфтаҳои болост. Дар таърихи футболи мамлакат бори нахуст дастаи мунтахаби Тоҷикистон то даври чорякфиналӣ баромада, ба қатори ҳашт дастаи беҳтарини қораи Осиё ворид шуд. Ин чорабинии варзишӣ қобилияти варзишро барои муаррифии давлат ва иттиҳоду сарҷамъии миллат нишон дод. Чунин дастовард дар таърихи футболи тоҷик муваффақияти бузург буда, натиҷаи талошҳову тадбирҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи футболи Тоҷикистон ва заҳмати содиқонаи футболбозони кишвар мебошад.
Имрӯз дар шаҳри Душанбе варзишгоҳи нав бо 30 ҳазор ҷойи нишаст бунёд гардида истодааст. Дар нақша аст, ки солҳои оянда бо дарназардошти фароҳам овардани инфрасохтори соҳаи варзиш дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷоми Осиё оид ба футбол баргузор шавад.
Хулоса, футбол танҳо бозӣ нест, пеш аз ҳама мактаби хуби тарбияи ҷавонону наврасон, бедор кардани ҳисси ватандӯстиву ифтихори миллӣ, имкони пайдо кардани мавқеи худ дар зиндагӣ мебошад.
Ғоибназар ИСМОНОВ,
муовини директори Мактаб-интернати №5 барои кӯдакони имконияташон маҳдуди шаҳри Душанбе
Санаи нашр: 26.05.2025 №: 104