САФАРИ РАСМИИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БА ФЕДЕРАТСИЯИ РОССИЯ
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ 28-уми май бо сафари расмӣ вориди шаҳри Москва гардиданд.
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Внуково-2 меҳмони олиқадрро муовини Раиси Шурои Федератсияи Маҷлиси федералии Федератсияи Россия ва дигар шахсони расмӣ гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.
Сафари расмии Раиси Маҷлиси миллӣ муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар Федератсияи Россия бо гузоштани гулчанбар дар назди оромгоҳи сарбози номаълум дар боғи Александри шаҳри Москва оғоз гардид. Рустами Эмомалӣ таҳти садои мусиқии маросимӣ дар назди «гулхани абадӣ» гулчанбар гузошта, бо дақиқаи хомӯшӣ хотираи қаҳрамононро пос доштанд. Дар ин маросим Раиси Маҷлиси миллиро намояндагони воломақоми Шурои Федератсия ҳамроҳӣ намуданд.
Нимаи дуюми рӯзи 28-уми май Раиси Маҷлиси миллӣ, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Президенти Федератсияи Россия муҳтарам Владимир Путин мулоқот намуданд. Дар ибтидо муҳтарам Рустами Эмомалӣ паём ва таманниёти самимонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Президенти Федератсияи Россия муҳтарам Владимир Путин расонданд.
Ҳангоми вохӯрӣ доираи васеи масъалаҳои ҳамкории шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии Тоҷикистону Россия мавриди баррасӣ қарор гирифанд. Таъкид шуд, ки равобити байнипарламентии ду кишвар беш аз пеш густариш меёбад. Муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз натиҷаҳои бобарори сафари расмии ахири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Россия ёдовар шуда, барои дастгириву таваҷҷуҳ дар амалӣ гардидани ду лоиҳаи муҳими иҷтимоӣ дар шаҳри Душанбе – сохтмони бинои Театри давлатии драмаи русии ба номи В. Маяковский ва бунёди Маркази кӯдакони болаёқати «Сириус» ба Президенти Федератсияи Россия изҳори сипос намуданд.
Бо зикри зарфиятҳои бузурги истифоданашуда, тавсеаи фаъолияти Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ ҷиҳати тақвияти робитаҳои минбаъдаи ду кишвар дар ҳамаи бахшҳои ҳамкорӣ салоҳ дониста шуд.
Дар идомаи суҳбат ҷонибҳо ба масъалаҳои рушди робитаҳои фарҳангию гуманитарӣ, аз ҷумла ҳамкории густурда дар соҳаи маориф, омӯзиши забон ва тарғиби фарҳанги русӣ, таваҷҷуҳ зоҳир карданд. Вобаста ба вазъи сиёсии ҷаҳон ва минтақа, аз ҷумла атрофи вазъияти ноустувор дар Афғонистон ва дигар масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ низ мубодилаи афкор сурат гирифт.
Дар доираи сафари расмии хеш Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Раиси Шурои Федератсияи Маҷлиси федералии Федератсияи Россия муҳтарам Валентина Матвиенко вохӯрданд.
Нахуст, мулоқоти хосаи муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва муҳтарам Валентина Матвиенко баргузор гардида, сипас, музокироти ҷонибҳо бо иштироки ҳайатҳо идома ёфт.
Дар он доираи васеи масъалаҳои ҳамкории дуҷонибаю шарикии стратегии Тоҷикистону Россия, ҳамчунин, масоили мубрами минтақавию байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд. Таъкид гашт, ки Тоҷикистон ба рушду тавсеаи ҳамкориҳои мутақобила бо Россия, аз ҷумла дар бахшҳои сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ, фарҳангиву гуманитарӣ, илмию техникӣ, ҳарбӣ, ҳарбию техникӣ ва дигар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ авлавият медиҳад.
Аз сатҳи феълии муколамаи байнипарламентии ду кишвар, аз ҷумла дар доираи Комиссияи ҳамкорӣ байни Маҷлиси миллӣ ва Шурои Федератсия ва Форуми байнипарламентии «Тоҷикистону Россия: неруи ҳамкории байниминтақавӣ», изҳори қаноатмандӣ шуд.
Ҷонибҳо ба сатҳи имрӯзаи муносибатҳои Тоҷикистону Россия, ки ба анъанаҳои ҳамдигарфаҳмӣ, баробарҳуқуқӣ ва эътимоди тарафайн асос ёфта, бо талошҳои муштараки роҳбарони ду давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Владимир Путин пайваста таҳким меёбад, баҳои баланд доданд.
Зимни вохӯрӣ мусоҳибон, инчунин, дурнамои муносибатҳои ду кишвар дар соҳаҳои ояндадори тиҷоратию иқтисодӣ, энергетика ва саноатро мавриди баррасӣ қарор дода, ҷалби сармояи Россия барои таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ бо назардошти талаботи бозори истеъмолии Россия, ташаккули паркҳои саноатӣ бо маҳаллисозии истеҳсоли молҳо ва рушди инфрасохтори муосири логистикиро зарур донистанд.
Дар идома таъкид гардид, ки ду кишвар дар доираи созмонҳои байналмилалию минтақавӣ, пеш аз ҳама СММ, ИДМ, СҲШ ва СААД, ҳамкории фаъол доранд. Ҳамчунин, дар иртибот ба Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон гардидани соли 2025, ба нақши Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо дар Душанбе таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд.
Аснои суҳбат, инчунин, масъалаҳои амният, афзоиши хатарҳои фаромиллӣ ва вазъи имрӯзаи Афғонистон ва минтақа мавриди таваҷҷуҳи хосаи ҷонибҳо қарор гирифт.
Аз рӯи натиҷаи мулоқот, ҷонибҳо назари некбинонаи хешро аз дурнамои ҳамкории стратегии ду кишвар таъкид сохта, изҳори умед карданд, ки сафари расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба Федератсияи Россия дар таърихи муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Россия саҳифаи тоза боз хоҳад намуд.
«ҶУМҲУРИЯТ»
