МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО СЕЛЕСТА САУЛО

30 май 2025, Ҷумъа
9
28-уми май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Дабири кулли Созмони ҷаҳонии метеорология Селеста Саулоро, ки барои иштирок дар нахустин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо ба шаҳри Душанбе ташриф оварданд, ба ҳузур пазируфтанд.
Дар мулоқот масоили вобаста ба густариши ҳамкории дуҷониба ва рӯзномаи Конфронси сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо баррасӣ шуданд. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меҳмони олимақомро хайрамақдам гуфта, барои дастгирӣ аз ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон, аз ҷумла дар самти ҳифзи пиряхҳо, изҳори сипос карданд.
Дабири кулли Созмони ҷаҳонии обуҳавошиносӣ, дар навбати худ, ба талошҳои пайвастаи Тоҷикистон ва Сарвари давлати мо дар ҷодаи истифодаи об ҳамчун сарчашмаи сулҳу ҳамдигарфаҳмӣ баҳои баланд доданд.
Бо сарпарастии Созмони ҷаҳонии обуҳавошиносӣ ва мусоидати дигар шарикони рушд дар шаҳри Душанбе таъсис додани Маркази ҳамоҳангсозии минтақавӣ оид ба яхшиносӣ пешниҳоди муҳим дониста шуд.
Ҳамчунин, атрофи ташаббуси Тоҷикистону Фаронса оид ба Даҳсолаи амал барои илмҳои криосферӣ 2025-2034 ва дигар мавзуъҳои мавриди таваҷҷуҳи муштарак табодули судманди афкор сурат гирифт.
ГУФТУГӮИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БО НОИБИ ПРЕЗИДЕНТИ БОНКИ ОСИЁИИ РУШД
28-уми май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ноиби президенти Бонки осиёии рушд Ингминг Янг, ки барои иштирок дар нахустин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо ба шаҳри Душанбе ташриф оварданд, мулоқот намуданд.
Дар мулоқот масоили рушду тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон ва Бонки осиёии рушд баррасӣ гардид.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Бонки осиёии рушдро яке аз шарикони асосии Тоҷикистон дар ҷодаи рушд номиданд. Таъкид гардид, ки тайи солҳои ҳамкорӣ портфели маблағгузории Бонк 190 лоиҳаро ба маблағи умумии зиёда аз 2,7 миллиард доллари ИМА дар бар гирифтааст ва ин лоиҳаҳо дар рушди соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии кишвари мо нақши муҳим доранд.
Пешгирӣ ва коҳиш додани фишори омилҳои беруна ба иқтисоди миллӣ, аз ҷумла шиддат гирифтани таъсири пайомадҳои тағйирёбии иқлим, аз мавзуъҳои муҳими суҳбат буд. Барои ҳалли масъалаҳои умдаи иҷтимоӣ, энергетикӣ, рушди инфрасохтор ва коммуникатсия, ҷалби бештари сармоя барои татбиқи лоиҳаҳои соҳавӣ ва ҷудо намудани маблағҳои иловагии грантӣ зарур шумурда шуд.
Тақвияти ҳамкорӣ дар самти ташаккули минбаъдаи иқтисоди рақамӣ, рушди соҳаҳои кишоварзӣ, нақлиёт, тандурустӣ, сайёҳӣ ва бахши хусусӣ муҳим арзёбӣ гардид.
Таваҷҷуҳи зиёд ба татбиқи босамари лоиҳаи “Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имкониятҳои бокортаъминшавӣ” зоҳир шуда, таъсиси ҷойҳои кории нав ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум муҳим арзёбӣ гардид.
Изҳори умед карда шуд, ки Бонки осиёии рушд ҷиҳати дастгирии Бунёди эътимоди байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, ки тибқи қатъномаи Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи эълони соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо таъсис ёфтааст, иқдомоти шоистаро роҳандозӣ хоҳад кард.
Атрофи мукаммалсозии стратегияи навбатии шарикии Тоҷикистон бо Бонки осиёии рушд барои панҷ соли минбаъда низ табодули афкор сурат гирифт.
СУҲБАТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО МУҲАММАД ЯЛЛОУ
28-уми май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ноиби Президенти Ҷумҳурии Гамбия Муҳаммад Яллоуро, ки барои иштирок дар нахустин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо ба шаҳри Душанбе ташриф оварданд, ба ҳузур пазируфтанд.
Дар мулоқот масоили роҳандозӣ ва густариши ҳамкории Тоҷикистону Гамбия баррасӣ гардиданд.
Густариши робитаҳои сиёсӣ ва иқтисодию тиҷоратӣ муҳим дониста шуд.
Ба рушди ҳамкорӣ дар бахшҳои фарҳангӣ, илмӣ, таҳсилот ва сайёҳӣ низ таваҷҷуҳ зоҳир гардид.
Рушди ҳамкории байнипарлумонии ду кишвар, аз ҷумла таъсис додани гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонӣ, амри зарурӣ арзёбӣ шуд.
Мубориза бо таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир, аз ҷумла масоили муқовимат бо пасомадҳои тағйирёбии иқлим, аз мавзуоти дигари суҳбат буд.
Ҳамчунин, доир ба мавзуъҳои мубрами рӯзномаи минтақавию ҷаҳонӣ табодули афкор сурат гирифт.
ВОХӮРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БО МУОВИНИ ЯКУМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ЗИМБАБВЕ
28-уми май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муовини якуми Президенти Ҷумҳурии Зимбабве Константино Чивенгаро, ки барои иштирок дар нахустин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо ба шаҳри Душанбе ташриф оварданд, ба ҳузур пазируфтанд.
Дар вохӯрӣ масоили густариши муносибатҳои ҳамкории ду кишвар баррасӣ шуданд.
Таваҷҷуҳи зиёд ба таҳкиму тавсеаи робитаҳо дар арсаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, саноат, энергетика ва кишоварзӣ зоҳир гардид.
Роҳандозии ҳамкорӣ дар соҳаҳои маориф, илм, фарҳанг, варзиш ва танзими боздиди олимону ҳунармандон зарур шумурда шуд.
Ба роҳ мондани ҳамкорӣ миёни парлумонҳои ду кишвар низ муҳим арзёбӣ гардид.
Дар рафти суҳбат ҷонибҳо аз сатҳи хуби ҳамкорӣ дар доираи созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ, аз ҷумла СММ, изҳори қаноат карда, таъкид доштанд, ки минбаъд низ ташаббусҳои ҳамдигарро дастгирӣ менамоянд.
КЕТРИН МЕРИ РАССЕЛ ДАР ҲУЗУРИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
28-уми май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон директори иҷроияи Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид – ЮНИСЕФ Кетрин Мери Расселро, ки барои иштирок дар нахустин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо ба шаҳри Душанбе ташриф оварданд, ба ҳузур пазируфтанд.
Дар мулоқот масоили вобаста ба рушди ҳамкории Тоҷикистон бо ЮНИСЕФ баррасӣ гардиданд.
Таъкид шуд, ки давоми 30 соли ҳамкорӣ бо ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон барномаҳои афзалиятнок дар соҳаҳои ҳифзи саломатии модару кӯдак, таҳсилоти босифат, солимии ҷавонон, ислоҳоти сиёсати иҷтимоӣ ва ҳифзи кӯдак амалӣ гаштанд.
Мукаммал кардани муҳити омӯзиш, такмили сифати таълими кӯдакони хурдсол ва синни томактабӣ аз масоили муҳими ҳамкории оянда, аз ҷумла тавассути рушди рақамикунонии раванди таълим, дониста шуданд.
Директори иҷроияи ЮНИСЕФ ба талошҳои пайвастаи Пешвои миллат ҷиҳати фаро гирифтани кӯдакон ба таҳсилоти томактабӣ, ҷалби духтарон ба раванди таълиму тарбия ва, умуман, рушди соҳаи маориф дар кишвар баҳои баланд дод.
Санаи нашр: 29.05.2025 №: 107