ПИРЯХҲОИ ТОҶИКИСТОН – САРЧАШМАИ ОБ ДАР ОСИЁИ МАРКАЗӢ
Осорхонаи ҷумҳуриявии таърихию кишваршиносии ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакии шаҳри Панҷакент таҳти ҳамин унвон бо ифтихор гӯшае таъсис додааст, ки ба мавзуи муҳими ҷаҳонӣ – ҳифзи пиряхҳо бахшида шудааст. Дар ин гӯша пиряхҳо ҳамчун унсури муҳими табиӣ ва стратегӣ барои обёрӣ, энергетика ва амнияти экологӣ муаррифӣ мешаванд.
Бо дарки хатари нобудшавии пиряхҳо ва аҳамияти онҳо барои ҳаёти башарият, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳифзи пиряхҳо"-ро 3-юми январи соли 2024, таҳти № 2026 ба имзо расонданд. Ин Қонун бори аввал дар Осиёи Марказӣ ба таври махсус ва мустақил ба масъалаи пиряхҳо равона шудааст, ки нуктаҳои асосии он чунинанд:
Муқаррароти ҳуқуқӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо ҳамчун объекти муҳими муҳити зист ва манбаи об;
Нақши давлат дар таҳқиқ, назорат ва муҳофизати пиряхҳо;
Ҷорӣ намудани манъ ё маҳдудиятҳо ба фаъолияти иқтисодӣ дар минтақаҳои пиряхдор;
Таъсиси мониторинги мунтазам ва иттилооти расмӣ оид ба вазъи пиряхҳо;
Ташвиқи тадқиқоти илмӣ ва ҳамкории байналмилалӣ дар ин самт.
Қонуни мазкур Тоҷикистонро ба яке аз аввалин кишварҳои дорои чунин санади ҳуқуқии муосир дар масъалаи пиряхҳо табдил медиҳад.
Дар сатҳи байналмилалӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо пешниҳоди навоварона аз минбари СММ хостори он шуд, ки соли 2025 - Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон гардад. Ин иқдом аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид пазируфта шуд ва он имкони таърихӣ барои муттаҳидсозии ҷомеаи ҷаҳонӣ баҳри ҳифзи сарчашмаҳои об гардид.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пиряхҳоро захираи асосии оби соф арзёбӣ карда, таъкид намуданд: "Обшавии босуръати пиряхҳо дар баробари зиёдшавии истеъмоли об, ки бо афзоиши аҳолӣ ва рушди иқтисодӣ вобастагӣ дорад, метавонад ба оқибатҳои бағоят манфӣ оварда расонад".
Ин гуфтаҳо аҳамияти ҷиддии мавзуъро нишон медиҳанд: нобудшавии пиряхҳо метавонад на танҳо ба камбуди об, балки ба буҳрони минтақавии об ва озуқаворӣ оварда расонад.
Гӯшаи “Пиряхҳои Тоҷикистон – сарчашмаи об дар Осиёи Марказӣ” дар осорхона бо чунин мақсадҳо таъсис ёфтааст:
Баланд бардоштани огоҳии ҷомеа, бахусус ҷавонон, дар бораи аҳамияти пиряхҳо;
Пешниҳоди маълумоти илмӣ, харитаҳо ва аксҳои воқеӣ аз вазъи пиряхҳо;
Тарғиби ақидаи ҳифзи муҳити зист ва амали инфиродӣ дар ин самт;
Муаррифии қонунгузории миллӣ ва ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон.
Тасвиби Қонуни вижа ва гӯшаи осорхонавӣ баёнгари он аст, ки Тоҷикистон дар ҳифзи табиат ва об пешсаф аст.
Мақсуд МИЗРОБЗОДА,
директори “Осорхонаи ҷумҳуриявии таърихию кишваршиносии ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакии
шаҳри Панҷакент”
Санаи нашр: 29.05.2025 №: 107
