КӮДАКОНРО БОЯД ДӮСТ ДОШТ

30 май 2025, Ҷумъа
21
Ҳамасола 1-уми июн дар сартосари ҷаҳон, аз ҷумла дар Тоҷикистони азизи мо, яке аз муҳимтарин рӯз - Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон ҷашн гирифта мешавад.
Кӯдакон маънии асосии зиндагӣ, ширинтарин меваи умри инсон, идомадиҳандаи насли башарият маҳсуб меёбанд. Табиист, ки ҳар яки мо мехоҳем ин меваҳои лазиз бенуқсон ба воя расанд ва дар оянда коми волидайни худро бо хулқи накуву рафтори шоиста ва хизмати фидокорона ба манфиати давлату миллат шодоб гардонанд.
Роҳбари давлат дар ҳама суханрониҳояшон аз боби солимии ҷомеа, баланд бардоштани сатҳи дониш ва бетараф набудан дар тарбияи кӯдакону наврасон, таъмини шароити хуби зиндагӣ барои онҳо сухан мекунанду таъкид месозанд, ки нисбат ба онҳо меҳрубон бошед.
Воқеан, ҳифзи саломатӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои инкишоф, имконияти дарки истеъдод ва қобилияти кӯдакон равона кардани тамоми қувва баҳри хушбахтии онҳо вазифаи бевоситаи мо – насли калонсол аст.
Борҳо аз худ суол мекунам, ки имрӯзҳо кӯдакам бузург шудааст ва ё ман хурд шуда бошам? Бештари вақт ба саволҳои пайдарҳаму хоҳишҳои ӯ соатҳо банд мешаваму дар дунёи бекарони тифлӣ сайри олами афсонавӣ фориғ аз ҳама мушкилоти рӯзгор пар мезанам.
Кӯдакон бештар ба навозиш ва таваҷҷуҳ ниёз доранд. Аз ин рӯ, кӯдаконро бояд дӯст дошт ва эҳтиёт кард. Чун маҳз онҳо метавонанд номи моро барои садсолаҳо ҳифз намоянд.
Гулнисои САЪДОНШО, “Ҷумҳурият”
«МАЛАКАИ КАСБӢ». ҒОЛИБОНИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВӢ МУАЙЯН ГАРДИДАНД
26-27-уми май дар Боғи фарҳангу фароғати ба номи Садриддин Айнӣ маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Малакаи касбӣ» миёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ баргузор гардид.
Дар маросим Дилрабо Мансурӣ, муовини Сарвазири мамлакат, Фарҳод Раҳимӣ, раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ва дигар шахсони расмӣ иштирок доштанд.
Дилрабо Мансурӣ зимни сухани ифтитоҳӣ гуфт: “Бо мақсади пешрафти зинаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ва беҳтар намудани сатҳу сифати донишандӯзии хонандагону донишҷӯён ва тайёр намудани мутахассисони касбии дар бозори меҳнат рақобатпазир ва, ба ин васила, ғанӣ гардондани неруи зеҳнӣ ва касбии коргарӣ Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ таъсис дода шуд. Ҳукумати ҷумҳурӣ касбомӯзии шаҳрвандон ва бо шуғл таъмин кардани нафарони бекорро яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати худ дониста, мунтазам барои рушду нумӯи он тадбирҳо меандешад. Аз ин рӯ, моро месазад, ки ҷиҳати баланд бардоштани маҳорату малакаҳои насли наврас ва барои саҳм гузоштан дар пешрафти илм ва фарҳанг, кадрҳоеро омода намоем, ки чи дар дохили ҷумҳурӣ ва чи берун аз он номбардори миллат ва фарҳанги миллӣ бошанд. Маҳз ҳамин гуна озмунҳо боис мегарданд, ки чеҳраҳои нави донишманд пайдо гарданд ва номи миллати тоҷикро дар сартосари ҷаҳон баланд бардоранд”.
Дар идома Фарҳод Раҳимӣ иброз дошт: “Ташкили озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ, агар аз як ҷиҳат боиси таҳкими дӯстии хонандагон гардад, аз дигар паҳлу ба рушди сайёҳии дохилӣ замина мегузорад, зеро аксари донишҷӯён ба шаҳри Душанбе ва мавзеъҳои гуногуни кишвар сафар карда, бо таърих, имкониятҳои сайёҳӣ ва инфрасохтори мавҷуда шинос мешаванд”.
Таъкид шуд, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Малакаи касбӣ» соли дуюм аст баргузор мегардад. Имсол он дар ду давр доир гашта, иштирокдорон аз рӯи 15 номинатсия, аз ҷумла системаи компютерӣ ва интернет-технология, челонгар оид ба таъмири муҳаррики автомобил, тракторчӣ-мошинисти истеҳсолоти кишоварзӣ, монтёри барқӣ оид ба таъмир ва хизматрасонии таҷҳизоти барқӣ, барқчӣ оид ба таъмири қисмҳои барқии автомобил, дӯзанда, ҳисобдор, сабқат намуда, 60 нафар сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардид.
Гулнисои САЪДОНШО,
“Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 29.05.2025 №: 107