СУҲБАТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО ШАҲБОЗ ШАРИФ

02 июн 2025, Душанбе
17
29-уми май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Шаҳбоз Шариф, ки барои иштирок дар нахустин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо ба шаҳри Душанбе ташриф оварданд, мулоқот намуданд.
Дар вохӯрӣ рӯзномаи ҷории равобити ду кишвар ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо баррасӣ гардиданд.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки мо саҳми Покистонро дар татбиқи ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои обу иқлим қадр мекунем.
Аз рушди бемайлони муносибатҳои кишварҳо изҳори қаноат гашта, муштаракоти таърихӣ ва фарҳангии ду кишвар заминасози ин раванд номида шуд.
Дар робита ба тамоюлҳои таҳаввулоти ҷиддӣ ва афзоиши нооромиҳо дар минтақаҳои гуногуни сайёра, тақвияти беш аз пеши ҳамкорӣ дар арсаҳои мудофиа ва амният муҳим арзёбӣ гардид.
Ҷонибҳо ба густариши робитаҳои ду кишвар дар соҳаҳои мухталифи иқтисод, бахусус дар бахшҳои энергетика, коммуникатсия ва нақлиёт, таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намуданд.
Аҳамияти тарҳи CASA-1000 ҳамчун пайвандгари минтақаи фарохи Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ таъкид шуд.
Таъкид рафт, ки Тоҷикистон барои такмили пайвастагии минтақавӣ алоқаманди тавсеаи роҳҳои ҳавоӣ, оҳан ва мошингард, ҳамчунин дастрасӣ ба бандарҳои Покистон мебошад.
Мусоҳибон барои тавсеа бахшидан ба ҳамкории иқтисодӣ идомаи фаъолияти самарабахши Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ, Шурои муштарак ва Форуми навбатии соҳибкорони Тоҷикистону Покистон маъқул донистанд.
АРМИДА САЛСИАҲ АЛИШАҲБАНА ДАР ҲУЗУРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ
29-уми май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, котиби иҷроияи Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид барои Осиё ва уқёнуси Ором (ЭСКАТО) Армида Салсиаҳ Алишаҳбанаро, ки барои иштирок дар нахустин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо ба Душанбе ташриф овардаанд, ба ҳузур пазируфтанд.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки мо саҳми Созмон, махсусан ниҳоди иқтисодию иҷтимоии онро дар рушди бахшҳои мухталифи кишварҳо муҳим медонем.
Ба ҳалли мушкилоти ҷаҳони муосир, аз ҷумла рӯзномаи обу иқлим ва қабули қатъномаи пешниҳоднамудаи Тоҷикистон дар мавзуи “Тақвияти ҳамкорӣ дар масоили обу иқлим дар минтақаи Осиё ва уқёнуси Ором” таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид.
Рушди инфрасохтор ва таъсиси марказҳои логистикии минтақавӣ, дастрасӣ ба неруи устувор, пешрафти соҳаҳои кишоварзӣ ва таъсиси ҷойҳои нави кор аз мавзуоти дигари суҳбат буданд.
Таъкид шуд, ки Тоҷикистон ҳамчун кишвари маҳсур дар хушкӣ аз иҷрои барномаҳои Комиссия дар бахшҳои вомбаргҳои сабз, тиҷорати байнисарҳадии бидуни коғаз, маблағгузории бахши энергетика, ҳолатҳои фавқулода, ҷалби сармоягузорони мустақим, татбиқи технологияи рақамӣ, дастгирии лоиҳаи нақлиёти сабз қаноатманд мебошад.
ГУФТУГӮИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО МУҲАММАДРИЗО ОРИФ
29-уми май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо муовини аввали Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадризо Ориф, ки бо сафари расмӣ ва ҷиҳати иштирок дар нахустин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо ба Душанбе ташриф овардаанд, мулоқот намуданд.
Дар вохӯрӣ масоили рушду тавсеаи робитаҳои гуногунҷанбаи ду кишвар баррасӣ гардиданд.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки мо аз раванди рӯ ба густариши муносибатҳои дуҷонибаи кишварҳоямон изҳори қаноатмандӣ менамоем ва алоқаманди рушди минбаъдаи онҳо ҳастем. Ба робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.
Тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика, нафту газ, ҳамлу нақли байналмилалӣ, илмиву фанновариҳо, кишоварзӣ, тандурустӣ ва дигар бахшҳо аз масъалаҳои муҳими суҳбат буданд. Таъкид гардид, ки дар тавсеаи ҳамкории гуногунҷанба робитаҳои байнипарлумонӣ нақши бориз доранд.
Алоқамандии ду кишвар ба тавсеаи ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва Созмони ҳамкории исломӣ таъкид карда шуд.
Дар зимн, дар доираи созмонҳои мазкур таҷрибаи пуштибонӣ аз ташаббусҳои ҳамдигар баланд арзёбӣ гардид.
Санаи нашр: 30.05.2025 №: 108