ТО РОҲРАВ НАБОШӢ...

02 июн 2025, Душанбе
13
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” (28-уми декабри соли 2024) таъкид доштанд: "Ба Ҳукумати мамлакат, Вазорати маориф ва илм ва роҳбарони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ супориш дода мешавад, ки дар панҷ соли оянда бо истифода аз ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ ва бо дарназардошти ҳадафи гузошташуда, барои фарогирии 50 фоизи кӯдакони синну соли томактабӣ бунёди 800 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва беш аз 1000 муассисаи таҳсилоти умумиро таъмин намоянд".
Дар ҳаққиқат, масъалаи тарбияи кӯдак ва макони тарбияи он яке аз масъалаҳои асосӣ ба шумор меравад. Чунин як иқдом ва додани дастур аз ҷониби Пешвои миллат бесабаб нест. Устувории ҳар хонаву кох ба бунёди он иртибот мегирад. Масъулон бо дарки ин ҳақиқати бебаҳс тамоми тадбирҳоро андешида истодаанд ва дар оянда низ меандешанд. Аммо ин танҳо вазифаи ниҳодҳои махсуси ҷомеа нест, балки аҳли ҷомеа бо эҳсоси масъулияти бузург дар он бояд саҳми саривақтӣ ва дуруст бигирад.
Тарбияи кӯдак аз оила оғоз меёбад. Агар оила солим набошад, кӯдак руҳан солим намемонад ва баъдҳо низ корро дар муассисаҳои томактабӣ ва мактабӣ барои омӯзгор душвор месозад.
Имрӯз, агар ба таълиму тадриси ин қишри ҷомеа машғул мешаванд, мепиндоранд ба мақсади асливу ниҳоӣ расидаанд. Мутаассифона, ин гуна нест. Беҳуда нафармудаанд:
Сурататро чӣ кунам, чун ту надорӣ сират?
Кас ба як ҷав нахарад сурати бемаъниро.
Кӯдакон, дар баробари таълиму тадрис, ба тарбияи ахлоқӣ, ахлоқи миллӣ ниёзманданд. Мақсади асосӣ ва ниҳоӣ инсон, инсони комил шудан аст. Агар дар ин фазо холигӣ ба вуҷуд биёяд, донишу ихтироъҳо ба зидди ҷомеаи инсонӣ равона мегардад. Беҳуда нафармудаанд:
Ҳон, эй писар, бикӯш, ки рӯзе падар шавӣ.
Ё:
То роҳрав набошӣ, кай роҳбар шавӣ?
Ва ё:
Надорам он мусулмонзодаро дӯст,
Ки дар дониш фузуду аз адаб кост.
Мутаассифона, баъзе, балки аксар волидайни мо ба усулҳои тарбияи кӯдак ошноӣ надоранд. Мепиндоранд, ки тарбияи дуруст кардан задани кӯдак аст. Намедонанд, ки кӯдак руҳан шикаст мехӯрад ва таъсири он як умр дар вуҷуди ӯ боқӣ мемонад.
Пештар кӯдаконро аз “аҷина”, “бало”, “аҷуза”, “гург”, “бачабарак” метарсонданд. Ҳолиё баъзе аз бозиҳои интернетӣ ҷойи онҳоро иваз кардаанд. Барои волидайн ором нишастани кӯдакони бо саргармии инчунин бозиҳои интернетӣ муҳим ба шумор меравад, ки ин оқибати хуб надорад.
Бозиҳои пештараи миллии кӯдакона батадриҷ аз байн рафта истодаанд. Ҳол он ки ин бозиҳо на танҳо тарғиб мешуданд, балки барои дуруст ба роҳ мондани онҳо фолклоршиносон китобҳо таълиф кардаву масъулон паҳн намуда буданд. Имрӯз кӯдак бо бозичаҳои ба мисли мошину автомат ва дигар силоҳҳои ҷангӣ бозӣ кардан мехоҳад ва ба дигар бозиҳои дилхушкунандаву зарарнок рӯ овардааст. Дар ин гуна бозиҳо ӯ аз садамаҳои нақлиётӣ, куштори одамон фараҳ меёбад. Ҳарчанд марказҳои ин гуна бозиҳои дилхушкунандаро бастаанд ва иҷозати идомаи фаъолияташонро намедиҳанд, аммо дар хона шароити бештар аз ин вуҷуд дорад. Албатта, баъзе аз бозиҳо, аз қабили хонасозӣ, бунёди боғҳо, пухтупаз моҳияти тарбиявӣ доранд. Бо вуҷуди ин, ҷойи машғул кунондани кӯдаконро аз ҷониби волидайн иваз карда наметавонанд. Масалан, кӯдак пештар ҳамроҳи модар барои омода кардани хамир дар суфраи ордбезӣ ва пухтани нон омода мешуд. Барояш бозӣ ва шуғли хуб маҳсуб мегардид. Ва ё ҳамроҳи падар ва ҳам дар алоҳидагӣ бо лой хоначаҳо месохт.
Дар аксар оилаҳо барои кӯдакон афсонаҳо мегуфтанду мехонданд. Ҳолиё, агарчи бихоҳанд ҳам, аксар ба ин гуна адабиёт дастрасӣ надоранд ва гӯё фурсати хонданашон.
Адабиёти мо корҳои зиёду муфиде дар таълифи шеъру ҳикояву қиссаҳои кӯдакона доранд, аммо ин кор ба қадри зарурӣ иҷро намешавад. Сабабҳо зиёданд.
Адабиёти бачагона он имконияти пешинро аз даст додааст. Вохӯриҳои адибон барои тарбияи кӯдакон бисёр кам сурат мегиранд. Мазмуну мундариҷа, ғояҳои баъзе аз асарҳои бачагона ҷавобгӯи талаботи давр нестанд. Аз ин рӯст, ки андешаи кӯдакони миллат вобаста ба пешрафти замони муосир васеъ нест.
Бо эҳсоси муҳимияти масъалаи мазкур, соли 2019 Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Ҷумҳурият” Озмуни ҷумҳуриявии “Беҳтарин шеъри бачагона”-ро баргузор намуд ва дар иҷрои он муваффақ ҳам шуд.
Умуман, ҳамаи соҳаҳо дар ин самт ба як таҳаввулоти ҷиддӣ ниёз доранд. Агар ба ин масъалаи бисёр муҳим диққати ҷиддӣ дода нашавад, мо ба муваффақиятҳои бузург, он тавр ки бояд, ноил гардида наметавонем.
Абдулқодири РАҲИМ, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 30.05.2025 №: 108