МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО ҶОРҶА МЕЛОНИ

02 июн 2025, Душанбе
16
30-юми май дар шаҳри Остона Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи нахустин саммити сарварони давлатҳои “Осиёи Марказӣ – Италия” бо Сарвазири Ҷумҳурии Италия Ҷорҷа Мелони мулоқот намуданд.
Дар вохӯрӣ вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои ду кишвар баррасӣ шуданд.
Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки татбиқи мувофиқаҳои як сол пеш дар Рим ҳосилшуда, омили рушди минбаъдаи робитаҳо хоҳад буд.
Ба таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ, аз ҷумла тиҷоратию иқтисодӣ, сармоягузорӣ, энергетика, саноат ва кишоварзӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид.
Ҷонибҳо истифодаи имкониятҳои бахши истихроҷ ва коркарди маъданҳои фоиданок, коркарди амиқи пахта ва содироти маҳсулоти тайёр, ҷалби сармоя ва воридоти технологияро аз самтҳои ояндадор номиданд.
Тавсеаи робитаҳо дар бахшҳои фарҳангиву гуманитарӣ, тандурустӣ, сайёҳӣ ва варзиш, маориф, ҷудо кардани бурсияҳои донишҷӯӣ барои шаҳрвандони Тоҷикистон, инчунин, кушодани филиалҳои мактабҳои таҳсилоти олии Италия дар кишвари мо аз мавзуъҳои муҳими суҳбат буданд.
Ба рушди робитаҳо дар чорчӯби созмонҳои байналмилалӣ, ҳамкории муштарак барои ҳалли мушкилоти глобалӣ, аз ҷумла тағйирёбии иқлим ва масъалаҳои таъмини амнияти минтақавию глобалӣ, низ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид.
Дар фароварди суҳбат Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз хонум Ҷорҷа Мелони даъват намуданд, ки ба Тоҷикистон бо сафари расмӣ ташриф оранд.
МУЛОҚОТИ САРВАРИ ДАВЛАТ БО САЛИМ АЛ-МОЛИК
30-юми май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон директори генералии Созмони ҷаҳонии исломӣ оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг (ИСЕСКО) Салим ал-Моликро, ки барои иштирок дар нахустин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо ба Душанбе ташриф овардаанд, ба ҳузур пазируфтанд.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки Тоҷикистон ба густариши ҳамкорӣ дар самтҳои фарҳанг, илм ва маориф бо шарикони байналмилалӣ, аз қабили ИСЕСКО таваҷҷуҳи хос зоҳир мекунад.
Таҳияи лоиҳаҳои муштарак дар бахшҳои омӯзиши мероси ғайримоддӣ, тарғиби ҳунарҳои суннатӣ ва таҳкими заминаҳои илмии ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ аз мавзуъҳои муҳими суҳбат буданд.
Гуфта шуд, ки Тоҷикистон омода аст, бо такя ба мероси ғании илмиву фарҳангии худ дар ҳамкорӣ бо ИСЕСКО ба рушди фазои фарҳангиву илмии минтақавӣ ва ҷаҳонӣ, ҳамчунин, соҳаи маориф минбаъд ҳам саҳмгузор бошад.
ПЕШВОИ МИЛЛАТ МАФАЛДА ДУАРТЕРО БА ҲУЗУР ПАЗИРУФТАНД
30-юми май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон директори иҷроияи Бунёди иқлими сабз Мафалда Дуартеро, ки барои иштирок дар нахустин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо ба Душанбе ташриф овардаанд, ба ҳузур пазируфтанд.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори умед карданд, ки Бунёди иқлими сабз ба татбиқи ҳадафҳои Конфронс ва пешбурди талошҳои глобалӣ баҳри пешгирӣ аз обшавии босуръати пиряхҳо мусоидати муассир хоҳад кард.
Ба масъалаи татбиқи лоиҳаҳо дар соҳаҳои энергетика, кишоварзӣ, таъмини устуворӣ дар муқобили хатарҳои табиӣ, рушди бахши хусусӣ ва беҳтар намудани хизматрасонӣ дар бахши обуҳавошиносӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид.
ВОХӮРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО ШЭН ЮЭЮЭ
30-юми май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи аввалин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо муовини раиси Шурои машваратии сиёсии мардумии Чин, раиси Кумитаи Созмони ҳамкории Шанхай оид ба ҳамсоягии нек, дӯстӣ ва ҳамкорӣ хонум Шэн Юэюэро ба ҳузур пазируфтанд.
Дар мулоқот роҳҳои таҳкиму тавсеаи минбаъдаи шарикии ҳамаҷонибаи стратегии Тоҷикистону Чин баррасӣ шуданд.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рушди муносибатҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Чин бар асоси усули ҳамсоягии нек изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Дастгирии доимии якдигар, аз ҷумла ташаббусҳои ҷаҳонии кишвари мо дар соҳаҳои обу иқлим, ҳамчунин, татбиқи онҳо таъкид шуд.
Ба татбиқи босамари муштараки лоиҳаҳо дар бахшҳои гуногуни иқтисод, бахусус энергетика, саноат, инфрасохтори нақлиётӣ, кишоварзӣ ва дигар соҳаҳои калидӣ, таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид.
Атрофи ташаббуси “Як камарбанд – як роҳ”, ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби Созмони ҳамкории Шанхай ва қолаби “Осиёи Марказӣ – Чин” табодули афкор сурат гирифт.
Пешниҳод шуд, ки байни Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ва Шурои машваратии сиёсии мардумии Чин робитаҳои корӣ ба роҳ монда шаванд.
Санаи нашр: 02.06.2025 №: 109