ОИЛА ВА КӮДАК. ҒАМХОРИҲОИ ҲУКУМАТ ДАР ҲОЛИ АФЗОИШАНД
Дар Маркази саломатии шаҳрии №15-и шаҳри Душанбе маросими ифтитоҳи шуъбаи дастгирии ҳамаҷонибаи оила ва кӯдак баргузор шуд, ки дар он муовини Сарвазири мамлакат, раиси Шурои миллӣ оид ба инкишофи барвақтии кӯдакон дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамолиддин Абдуллозода, директори иҷроияи Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) Кетрин Мери Рассел иштирок намуданд.
Шуъба бо ташаббуси Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва ҳамкорию дастгирии намояндагии ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон таъсис дода шудааст.
Дар доираи чорабинӣ вохӯрии муовини Сарвазири мамлакат Дилрабо Мансурӣ бо директори иҷроияи Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) Кетрин Мери Рассел баргузор гашт, ки зимни он ҳамкориҳои Тоҷикистон бо ин ташкилоти бонуфуз дар соҳаи тандурустӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Тавре ба мо аз Вазорат иттилоъ доданд, фаъолияти шуъба се соҳаи муҳим – тандурустӣ, маориф ва ҳифзи иҷтимоиро бо ҳам муттаҳид менамояд ва нақши калидии онро муносибати оилавӣ ташкил медиҳад.
Ифтитоҳи шуъба барои фаро гирифтани ҳар як кӯдак дар ҷойи истиқомати онҳо мусоидат намуда, яке аз роҳҳои асосии пешгирии ҷойгир намудани кӯдакон дар муассисаҳои будубоши доимӣ ва ё ҷудошавии кӯдак аз оила мебошад ва ба беҳтар намудани сифати зиндагии кӯдак таъсири мусбат мерасонад.
Иқдоми мавриди назар бори дигар собит месозад, ки дар Тоҷикистон ҳифзи саломатии модару кӯдак яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоӣ ба шумор меравад. Дар ин самт бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсан бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар 20 соли охир теъдоди зиёди муассиса ва шуъбаҳо дар соҳаи ҳифзи саломатии модару кӯдак сохта шуда, дар беҳдошти хизматрасонии иҷтимоӣ саҳм мегузоранд.
Кароматулло АТО,
«Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 02.06.2025 №: 109
