ДЕВАШТИЧ. АВЛАВИЯТ БА РУШДИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ ВА ИННОВАТСИЯ

02 июн 2025, Душанбе
25
Бо суръат гирифтани раванди рақамикунонӣ ва таҳаввулоти технологӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон низ тадриҷан ба марҳалаи нави рушди иқтисоди рақамӣ ворид мешавад. Дар ин замина, аз ҷумла дар ноҳияи Деваштич, бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда ва ҷалби захираҳои навоварона ба рушди иқтисоди рақамӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир мегардад.
Солҳои охир дар ноҳия бо ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии Ҳукумати мамлакат як қатор барномаҳо ва лоиҳаҳои инноватсионӣ роҳандозӣ шудаанд. Бо назардошти эълон гаштани солҳои 2025-2030 ҳамчун Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия, мақомоти маҳаллӣ низ барои ҳамоҳангсозии барномаҳои инноватсионӣ иқдом намудааст, ки ҳадафи ин ташаббусҳо гузариш аз шаклҳои анъанавии иқтисод ба шаклҳои рақамӣ ва мутобиқшавӣ ба талаботи иқтисодиёти муосир мебошад.
Татбиқи системаҳои муосири ҳисоботи молиявӣ, истифодаи барномаҳои автоматикунондашуда дар бахши савдо, хизматрасонӣ ва кишоварзӣ самаранокиро зиёд намуда, шаффофияти равандҳоро таъмин мекунад. Бо дастгирии мақомоти маҳаллӣ ва ниҳодҳои дахлдор соҳибкорон ба платформаҳои пардохти электронӣ, хидматрасониҳои мобилӣ ва системаҳои идоракунии рақамӣ рӯ меоранд.
Муовини раиси ноҳияи Деваштич Ганҷина Нуруллозода самтҳои асосии рушди инноватсиониро чунин арзёбӣ намуд:
– Бо мақсади баланд бардоштани шаффофият ва самаранокии хизматрасониҳо Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ба рақамикунонии равандҳои идорӣ шуруъ намудааст. Бо истифода аз технологияҳои нав деҳқонон ва хоҷагиҳои деҳқонӣ дар самти беҳтар намудани ҳосилнокӣ ва идоракунии захираҳо корҳои назаррас анҷом медиҳанд. Баҳри таҳкими ҳамкорӣ бо муассисаҳои илмӣ бо марказҳои илмӣ ва таҳқиқотӣ, аз ҷумла Маркази таҳқиқоти технологияҳои инноватсионӣ, ҳамкорӣ намуда, барои ҷорӣ намудани технологияҳои пешрафта дар соҳаҳои гуногун талош меварзад.
Дар ноҳия бо мақсади омода намудани мутахассисони соҳаҳои инноватсионӣ барномаҳои таълимӣ, курсҳои кӯтоҳмуддат барои ҷавонон ва кормандони давлатӣ ташкил шуд, инчунин, дар ин самт як қатор омӯзиш, тренинг ва маҳфилҳои маърифатӣ дар муассисаҳои таълимӣ гузаронда мешаванд. Ҷалби ҷавонон ба барномаҳои омӯзишии технологияҳои рақамӣ боиси рушди босифати ин равандҳо мегардад.
Дар ноҳия ба таҳкими нақши занон дар соҳаҳои илм ва технология низ таваҷҷуҳи хосса зоҳир мешавад. Дар доираи барномаи «Бурди оянда», ки аз ҷониби ташкилоти «Шамс» бо дастгирии USAID амалӣ мегардад, духтарони деҳотӣ дар самтҳои илм, технология, муҳандисӣ ва математика (STEM) омӯзиш мегиранд. Ин барнома ба таҳкими нақши занон дар рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсионӣ мусоидат мекунад.
Ноҳияи Деваштич бо пайгирии сиёсати давлатии инноватсионӣ ва татбиқи лоиҳаҳои навоварона ба сӯи рушди устувор ва иқтисоди рақамӣ қадамҳои устувор мегузорад. Ин иқдомҳо на танҳо барои беҳбудии сатҳи зиндагии сокинон, балки барои таҳкими мавқеи ноҳия дар арсаи миллӣ ва байналмилалӣ мусоидат мекунанд.
Сурайё ҲАКИМОВА, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 02.06.2025 №: 109