“ПУЛИ ТАЪЛИМӢ” САҲИФАИ НАВ ДАР ТАЪЛИМОТИ ЗАБОНИ ЧИНӢ
Замоне ки тавофуқоти нишасти нахустини вазирони маорифи Ҷумҳурии Мардумии Чин ва давлатҳои Осиёи Марказӣ дар амал татбиқ мегардад, мавҷи навовариҳои «Конфронси Чин ва Осиёи Марказӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи истеҳсолот, таҳқиқот ва рушди инноватсионӣ» бошиддат пеш меравад ва маросими ифтитоҳи филиали Донишкадаи рушди омӯзгорони ҷаҳон дар Осиёи Марказӣ оҳанги қавии ҳамкориро танинандоз мекунад, дар таърихи ҳамкориҳои кишварҳои Чин ва Тоҷикистон саҳифаи нав боз мегардад. Ин рӯйдодҳои муҳим дар низоми маорифи қораҳои Аврупо ва Осиё як шабакаи ҳамкории гуногунҷабҳаро бунёд мекунанд. Чунин воқеаҳои таърихӣ на танҳо далели рушди босуръати ҳамкориҳои Чин ва кишварҳои Осиёи Марказӣ дар соҳаи маориф мебошанд, балки ба густариши таълими забони чинӣ дар Тоҷикистон низ таъсири мусбат хоҳанд расонд. Ҳамчун як гиреҳи муҳими Роҳи бостонии Абрешим, Тоҷикистон имрӯз дар чорроҳаи табодули забон ва тамаддун қарор дорад. Дар чунин шароити нави таърихӣ истифодаи самараноки ин гуна платформаҳои ҳамкорӣ барои ноил шудан ба ҷаҳиш дар сифати таълимоти забони чинӣ ба як масъалаи калидии замони муосир табдил ёфтааст.
ТАРҲИ ДАҚИҚ, МЕХАНИЗМИ УСТУВОР – РОҲ БА СӮИ МАРҲАЛАҲОИ НАВ
Нишасти нахустини вазирони маорифи Ҷумҳурии Мардумии Чин ва давлатҳои Осиёи Марказӣ дар таҳкими ҳамкориҳои гуманитарии Тоҷикистон ва Чин воқеаи муҳим арзёбӣ мегардад. Тасвиби расмии «Оинномаи кории Механизми нишасти вазирони маорифи Чин – Осиёи Марказӣ» аз оғози марҳалаи нави ҳамкориҳои муназзам ва мунтазами дуҷониба дар соҳаи маориф гувоҳӣ медиҳад. Дар Эъломияи Урумчӣ, ки ҳамчун нақшаи мукаммали ҳамкорӣ тарҳрезӣ шудааст, омӯзиши байналмилалии забони чинӣ яке аз самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ эътироф гардидааст.
Ин тарҳ барои рушди омӯзиши забони чинӣ дар Тоҷикистон манфиатҳои амалӣ, аз қабили таҳияи маводҳои таълимӣ аз ҷониби мутахассисони соҳаи ҳар ду кишвар, омода намудани барномаҳои таълимии дорои хусусиятҳои зеҳнӣ ва мутобиқ ба талаботи донишомӯзони тоҷикро ба бор меорад. Илова бар ин, бо таъсиси механизми табодули омӯзгорон ва гузарондани омӯзишҳои муштарак, барои омӯзгорони тоҷик як пойгоҳи мутахассисони баландихтисоси дорои дониши хуби методикаи таълим ва фарҳанги Чин ташкил дода мешавад.
ҲАМГИРОИИ ИСТЕҲСОЛОТ ВА МАОРИФ – МУҲАРРИКИ НЕРУИ НАВ ВА ОМОДАСОЗИИ АМАЛИИ КАДРҲОИ ҶАДИД
Платформаи ҳамкории «Ҳукумат – истеҳсолот – маориф – илм – амалия», ки дар чаҳорчӯби Конфронси Чин ва Осиёи Марказӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи истеҳсолот, таҳқиқот ва рушди инноватсионӣ таъсис дода шудааст, имконоти наве барои рушди таълимоти забони чинӣ дар Тоҷикистон мебошад. Тули солҳои зиёд Донишкадаи таълимию фарҳангии Конфутсийи назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон фаъолона модели омӯзиши «забони чинӣ + касб»-ро таҷриба мекунад, то ба талаботи иҷтимоии маҳаллӣ ба «забони чинӣ +» ҷавобгӯ бошад. Дар доираи ин ташаббус, курсҳои «забони чинӣ + дипломатия», «забони чинӣ + идоракунӣ», «забони чинӣ + соҳаи маъдан», «забони чинӣ + санъати ошпазӣ» ва ғайра таъсис дода шудаанд. Дар пасманзари мавҷи навовариҳои Конфронси Чин ва Осиёи Марказӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи истеҳсолот, таҳқиқот ва рушди инноватсионӣ, курсҳои махсуси фармоишии ширкатҳои чинӣ, ки дар Тоҷикистон фаъолият мекунанд, таъсис ёфтаанд ва дар онҳо омӯзиши забони чинӣ бо талаботи амалӣ ва касбии ширкатҳо зич пайванд мебошад. Умед аст, ки донишомӯзон пас аз хатм мустақиман ба кор дар корхонаҳои муштараки Тоҷикистону Чин ҷалб мешаванд. Ин модели таълими «забон + ихтисос» на танҳо мушкили мавҷудаи омӯзиши забони чинӣ ва бозори меҳнатро дар Тоҷикистон ҳал мекунад, балки забони чиниро ба «калиди тиллоӣ»-и ҳамкории иқтисодию тиҷоратии ду кишвар табдил медиҳад. Дар оянда, ҷонибҳои Тоҷикистону Чин дар соҳаҳое, ба монанди истеҳсоли энергия, кишоварзии муосир ва иқтисоди рақамӣ ҳамкориҳоро дар заминаи ҳамгироии таълим ва истеҳсолот амиқ хоҳанд кард, то ҷавонони зиёди тоҷик тавассути омӯхтани забони чинӣ имкони ворид шудан ба занҷираи ҷаҳонии саноатро ба даст оранд.
ОМӮЗГОР – ПОЯИ УСТУВОРИ МАОРИФ ВА АҲЛИ ХИРАД, ДОНИШ БОШАД, КАФИЛИ ПЕШРАФТ
Таъсиси филиали Донишкадаи рушди омӯзгорони ҷаҳон дар Осиёи Марказӣ ба монанди «пойгоҳи таъминоти омӯзгорон» мебошад, ки ҳеҷ гоҳ пӯшида намешавад. Ин Донишкада дар асоси базаи илмии Донишгоҳи омӯзгории Синзяни Чин системаи таълимии “онлайн + офлайн”-ро махсус барои омӯзгорони тоҷик тарҳрезӣ намуда, курсҳои асосӣ, мисли забоншиносӣ ва методикаи таълимро, пешниҳод мекунад ва, ҳамзамон, модулҳои хоси таблиғоти фарҳанги Чин ва муоширати байнифарҳангиро дар бар мегирад. Ҳоло, гурӯҳи аввалини омӯзгорони забони чинӣ аз Тоҷикистон ба филиали Донишкадаи рушди омӯзгорони ҷаҳон дар Осиёи Марказӣ сафар намуда, бо мутахассисони чинӣ ба омӯзиш ва таҳқиқи муваққатӣ машғул мебошанд. Дар нақша аст, ки дар миёнаҳои моҳи июн гурӯҳи дувуми омӯзгорони маҳаллӣ барои омӯзиш ба он ҷо фиристода шаванд. Ин навъи омӯзиш бо истифода аз технологияҳои нави зеҳнӣ ва захираҳои таълимии босифат моро ҳавасманд мекунад, ки баландкӯҳҳои Помирро убур намуда, сифати таълимоти забони чиниро дар минтақаҳои маҳаллӣ ба таври назаррас баланд бардорем.
БО НЕРУИ ТАВОНО САҲИФАҲОИ НАВРО БОЗ МЕКУНЕМ ВА БО ҲАМГИРОИИ ФАРҲАНГӢ РУШДУ НУМӮ МЕНАМОЕМ
Барои пешбурди босифати омӯзиши забони чинӣ дар Тоҷикистон лозим аст, ки як низоми рушди ҳамкориҳои гуногунҷабҳа таҳия карда шавад. Дар шаҳри Душанбе, Донишкадаи таълимию фарҳангии Конфутсийи назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ки натиҷаи ҳамкории Тоҷикистону Чин дар соҳаи маориф ба шумор меравад, мунтазам чорабиниҳои илмӣ – омӯзишӣ ва фарҳангиро баргузор менамояд, то омӯзиши забони чиниро бештар ба ҳаёти рӯзмарра ворид созад.
Дар вилояти Хатлон барномаи омӯзишии «забони чинӣ + технологияҳои кишоварзӣ» ба зиёда аз 300 хоҷагии деҳқонӣ кумак намудааст, ки донишҳои муосири кишоварзиро аз худ кунанд. Дар оянда ду ҷониб нақша доранд, ки механизми шинохти ягонаи кредитии таҳсилро ҷустуҷӯ кунанд ва ҳамкории муштарак миёни донишгоҳҳои Тоҷикистон ва донишгоҳҳои сатҳи «дугонаи аввал»-и Чинро густариш диҳанд. Инчунин, бо истифода аз технологияҳои зеҳни сунъӣ платформаҳои таълимии фардишударо таҳия намуда, бо шахсони синну сол ва касбҳои гуногун хизматҳои дақиқ пешниҳод намоянд.
Аз қаторкӯҳҳои Помир то пастхамиҳои Тиёншон, пули ҳамкории таълимӣ ҳамчун василаи муҳими муколамаи тамаддунҳо амал мекунад. Бо таҳким бахшидани механизмҳои ҳамкории таълимии байни Чин ва кишварҳои Осиёи Марказӣ, омӯзиши байналмилалии забони чинӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон имкониятҳои нави рушдро эҷод менамояд. Бо афзоиши шумораи ҷавонони тоҷик, ки бо забони чинӣ қодир ба бозгӯ намудани достонҳои ташаббуси “Як камарбанду як роҳ” ва навиштани саҳифаҳои нав дар риштаҳои дӯстии Тоҷикистону Чин мегарданд, забон ба унсури муҳими ҳамдигарфаҳмӣ ва пайванди қалбҳо табдил меёбад. Ин раванд ба таҳкими робитаҳои фарҳангӣ ва густариши арзишҳои муштарак мусоидат намуда, барои бунёди ҷомеаи созгор ба сарнавишти башарӣ заминаи устувор фароҳам месозад.
Сун ҶИН,
дотсенти Институти сиёсат ва ҳуқуқи Донишгоҳи омӯзгории Шинҷон,
доктори илмҳои муносибатҳои байналмилалӣ,
Маҳина ИМОМЗОДА,
дотсенти кафедраи забонҳои хориҷии факултети забонҳои Осиё ва Аврупои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, номзади илмҳои филология
Санаи нашр: 02.06.2025 №: 109
