ГУЛИСТОН. ДАРИ ДИЛ БА ИСТИҚБОЛИ МЕҲМОНҲО БОЗ АСТ!

03 июн 2025, Сешанбе
16
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар марказҳои вилояту шаҳру навоҳии мамлакат, бо назардошти ниёзмандии мардум ва такя ба таҷрибаҳои пешрафтаи кишварҳои хориҷӣ, теъдоди зиёди осоишгоҳу марказҳои солимгардонӣ, боғҳои замонавии фароғативу фарҳангӣ бунёд ёфта, барои баҳрабардорӣ ба ихтиёри истироҳаткунандагони мамлакат ва меҳмонони хориҷии дуру наздик вогузор шудаанд.
Шаҳри Гулистон (собиқ Қайроққум) бо мавқеи ҷойгиршавии ҷуғрофии худ, доштани мавзеъҳои сарсабзу хуррам, гулрезу гулпӯш ва обу ҳавои фараҳбахш дар фасли баҳору оғози мавсими фароғативу саёҳатӣ дар маркази таваҷҷуҳи сокинони ҷумҳуриву меҳмонони хориҷӣ қарор мегирад.
Шаҳри Гулистон дар озмуни вилоятии “Беҳтарин шаҳри ободу созанда” дар қатори ғолибон ҷой гирифт. Дар суҳбат раиси шаҳр Илҳом Пӯлотзода иброз дошт, ки имкониятҳои шаҳри соҳили “Баҳри Тоҷик” ба хотири боз ҳам ободу зебо кардан ва тамоми шароитҳои истироҳатро муҳайё намудан, бузург аст.
Аз суҳбат бо меҳмонони ватаниву хориҷӣ бармеояд, ки истироҳат дар Гулистон барояшон писанду гуворо аст. Айни замон дар ҳудуди шаҳр 6 меҳмонхона, 5 осоишгоҳ, марказҳои солимгардонӣ, истироҳатгоҳи мактабии “Шоҳин” ва 14 ёдгории таърихию фарҳангӣ мавҷуданд. Осоишгоҳу марказҳои солимгардонии шаҳр имконият доранд, ки дар як вақт зиёда аз ду ҳазор истироҳаткунандаву табобатгирандаро бипазиранд. Дар назар аст, ки солҳои наздик боз ду осоишгоҳи замонавии ҷавобгӯй ба талаботи байналмилалӣ сохта мешавад.
Дар се моҳи соли равон 1 ҳазору 47 нафар сайёҳи хориҷӣ аз навад кишвари хориҷии дуру наздик ва 3 ҳазору 827 истироҳаткунандаи ватанӣ ба осоишгоҳу марказҳои солимгардонии Гулистон ташриф оварданд. Ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли рафта қариб 600 нафар зиёд мебошад. Ҳаҷми маблағи воридшуда дар ин давра аз ҳисоби хизматрасониҳои сайёҳӣ ва табобатӣ 8,8 миллион сомониро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,8 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Интизор меравад, ки солҳои наздик дар ҳамкорӣ бо ширкатҳои сайёҳии вилояту минтақаҳои дигари кишвар дар дигар мавзеъҳои зебои Гулистон: Адрасмон, Зарнисор, Навгарзан, ки табиати басо сарсабзу хуррам доранд, сайёҳии экологиро низ вусъат бахшанд.
Ҷовиди АШТӢ, “Ҷумҳурият”
АЙНӢ. НОҲИЯЕ, КИ РУШДИ САНОАТ АВЛАВИЯТ ДОРАД
Барои расидан ба ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати мамлакат, дар ноҳияи Айнӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад. Афзунбахшии иқтидорҳои иловагӣ шароит фароҳам овард, ки ҳамаи 22 корхонаи саноатии ноҳия дар чор моҳи соли равон ба маблағи 4 миллиарду 480 миллиону 40 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда, нишондиҳандаи баландтаринро дар даврони соҳибистиқлолӣ ба даст оранд.
Кормандони соҳа нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 ба маблағи 2 миллиарду 904 миллиону 109, 8 ҳазор сомонӣ бештар маҳсулоти саноатӣ истеҳсол карданд. Дар ин давра истеҳсоли маҳсулоти бозоргир, аз қабили ангишт, хокаи 30-фоизаи сурмадор, металли симоб, хокаи сурмаи тиллодор ва хокаи тиллои сулфурдор, дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта афзуд.
– Маҳз ба шарофати соҳибистиқлолӣ мо ба рушди устувори соҳаи саноат ноил шуда, аз дастнигарии молиявӣ раҳоӣ ёфта, имрӯз аз ҷумлаи ноҳияҳои саҳмгузор ҷиҳати дастгирии молиявии шаҳру навоҳии дастнигари кишвар табдил ёфтаем, – иброз медорад Рӯзибой Раҳимзода, раиси ноҳияи Айнӣ, – бо ин дастовардҳои назаррас мо маҳдуд нашуда, пайваста дар талошем, ки то 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар ноҳия боз чанд лоиҳаро оид ба бунёди коргоҳҳои азими саноатӣ амалӣ карда, марҳалаи дуюми корхонаҳои истеҳсолиро роҳандозӣ намоем.
Бо дастгирии пайвастаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Айнӣ соҳаи саноат дар даҳ соли охир вусъати тоза касб карда, бо ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ аз лиҳози иқтидори истеҳсолӣ ва содиротӣ боз ҳам нерумандтар мегардад. Аз ҷумла, Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди “ТВЕА Душанбе саноати кӯҳӣ”, ки соли 2022 дар ноҳияи Айнӣ ба фаъолият шуруъ карда буд, дар рушди васеи иқтисодиёти ноҳия саҳми муассир гузошта, ба шарофати он садҳо ҷавони маҳаллӣ соҳиби ҷойи кор гашта, рӯзгори хешро пеш мебаранд. Ҳамзамон, дар ин рӯзҳо раёсати корхона бо мақсади тавсеаи фаъолият ва таъсиси ҷойҳои нави кор ҷидду ҷаҳд дорад, то марҳалаи дуюми лоиҳа – истихроҷи маъданро роҳандозӣ кунад. Чанде қабл Раҷаб Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд, бо ҷараёни татбиқи марҳалаи дуюми лоиҳа шинос гашта, таъкид дошт, ки барои фаъол шудани марҳалаи дуюм зиёда аз 600 миллион сомонӣ сармоя пешбинӣ гардидааст. Бо татбиқи лоиҳа зиёда аз 300 нафар соҳиби ҷойи кор мешавад.
То ҷашни истиқлолияти кишвар дар ноҳия боз як корхонаи бузург – ҶДММ “Араб-менирал групп” оид ба холисгардонии маъдан бо иқтидори 10 тонна дар як шабонарӯз ба истифода дода шуда, 150 ҷойи нави кор муҳайё мегардад.
Имрӯз дар ноҳияи Айнӣ қариб 15 намуд маҳсулот истеҳсол мешавад, ки аксарияти онҳо воридотивазкунанда мебошанд.
Мутахассисони вилоят барои боз ҳам баланд бардоштани сифати маҳсулоти истеҳсолшаванда, таъмини рақобатпазирии онҳо дар бозори ҷаҳонӣ ва ноил гаштан ба рушди устувори иқтисодӣ саъй доранд.
Ҷовиди АШТӢ, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 03.06.2025 №: 110