ВАРЗИШИ САБУК

03 июн 2025, Сешанбе
15
Дави экологӣ дар Тоҷикистон
1-уми июн дар ҳошияи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо дар Душанбе бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва Ассотсиатсияи дав ва марафонҳои Тоҷикистон дар мавзеи Маҷмааи лижаронии «Сафед-дара» дави экологӣ доир гашт, ки дар он меҳмонони хориҷӣ, иштирокчиёни Конфронс низ ширкат доштанд.
Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ зимни сухани ифтитоҳӣ иброз намуд, ки баргузории чунин рӯйдодҳо барои ташвиқи тарзи ҳаёти солим, таҳкими дӯстии халқҳо ва баланд бардоштани нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ аҳамияти хос дорад. Ҳадафи асосии дави имрӯза ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба масъалаи обшавии пиряхҳо, ҳифзи муҳити зист ва тағйирёбии иқлим мебошад.
Мусобиқа дар ду масофа – 5 км ва 1,6 км доир шуда, ғолибон бо медал ва дигар туҳфаҳои таъсисдодаи ташкилкунандагон сарфароз гардонда шуданд.
ФУТБОЛ
Лигаи олӣ: “Вахш” марҳалаи якумро бебохт ҷамъбаст кард
Марҳалаи аввали Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ ба анҷом расид.
Дастаи “Вахш”-и Бохтар ин марҳаларо бебохт ҷамъбаст кард. Ин даста дар даври даҳум дар майдони худ тими “Равшан”-и Кӯлобро бо ҳисоби 1:0 мағлуб намуд. Дар бозиҳои дигари давр “Барқчӣ” бар “Эсхата” (1:0), КМВА бар “Хуҷанд” (2:1) пирӯз гардида, “Ҳулбук” аз “Ҳосилот” (2:5), “Панҷшер” аз “Регар-ТадАЗ” (1:2) мағлуб шуданд. Бозӣ байни дастаҳои “Истиқлол” – “Истаравшан” ба вақти дигар гузошта шуд.
Ҳамин тавр, бо натиҷагирӣ аз марҳалаи аввал “Вахш” бо 23 хол дар садри ҷадвали мусобиқа аст. КМВА ва “Истиқлол” бо 21-холӣ дар зинаҳои дуюму сеюм мавқеъ доранд. Аммо “Истиқлол” як бозӣ камтар анҷом додааст.
Марҳалаи дуюми чемпионат, пас аз бозиҳои тими миллии кишвар бо Камбоҷа (5-уми июн) ва Филиппин (10-уми июн), 13-уми июн оғоз хоҳад шуд.
ҶОМИ ОСИЁ-2026
Ҳарифони тими олимпии Тоҷикистон (U-23) муайян шуданд
Дар Мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 оид ба футбол тими мунтахаби олимпии Тоҷикистон ҳамроҳ бо дастаҳои Сурия, Филиппин ва Непал ба гурӯҳи “К” шомил шуд.
Марҳалаи интихобӣ дар гурӯҳи “К” аз 3 то 9-уми сентябр дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад.
Ғолибони 11 гурӯҳ, ҳамчунин чор тими беҳтарини зинаи дуюм, ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2026, ки аз 7 то 25-уми январ дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад, роҳ меёбанд.
Ҷиҳати омодагӣ ба мусобиқаи интихобӣ, дастаи мунтахаби олимпии мо бо дастаҳои олимпии Ҳиндустон ва Қирғизистон ду бозии дӯстона анҷом медиҳад. Силсилаи бозиҳои рафиқона миёни дастаҳои олимпии се кишвар аз 18 то 24-уми июн дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор баргузор мешавад. 18-уми июн Тоҷикистон бо Ҳиндустон бозӣ мекунад. 21-уми июн вохӯрӣ миёни тимҳои олимпии Қирғизистону Ҳиндустон баргузор мешавад. Ниҳоят, 24-уми июн дастаҳои олимпии Тоҷикистону Қирғизистон бо ҳам вомехӯранд.
Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 03.06.2025 №: 110