СИЁСАТИ ДАВЛАТӢ. МО ВА ОЯНДАИ МО
Пешрафт ва густариши маориф ва илми кишвар аз оғози фаъолияти роҳбарӣ дар маркази таваҷҷуҳи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошт. Ин аст, ки ба шароити таълиму тадрис ва зиндагии омӯзгорон, боло бурдани сатҳи таълим диққати махсус медоданд. Пешвои миллат, нахуст, имкониятҳои муҳиму фазои солими соҳаро ба вуҷуд оварданду пас аз он дар бораи рақобатпазирии мутахассисони кишвар дар ҷаҳон ибрози ақида ва пешниҳодҳои муфид намуданд.
Агар ба солҳои пеш назар афканем, мебинем, ки баъзе аз мактабҳо дар вагонҳо ва хонаҳои шахсӣ фаъолият мекарданд. Шумораи мактабҳои садамавӣ ва куҳна зиёд буданду ба талаботи замони муосир ҷавоб намедоданд. Ба озмоишгоҳ, китобҳои дарсӣ ва дигар маводи таълимӣ ниёзмандиҳо эҳсос мегардид. Ин ҳама, албатта, ба пешрафти соҳа таъсири манфӣ мерасонд. Ҳолиё мушкилоти зикршуда дигар дар аксар ҳолатҳо вуҷуд надорад. Шумораи мактабҳои замонавӣ афзуд.
Сарвари давлат диққати аҳли ҷомеаро ба рушди соҳаи маориф ҷалб намуданд. Ҳамасола зимни ироаи Паём барои пешрафти он, боло бурдани сатҳу сифати таълим дастурҳо медиҳанд.
Дар Паёми навбатиашон (28-уми декабри соли 2024) ба ин масъала дар қиёс ба солҳои пеш бештар истода гузаштанд. Инчунин, моҳияти илму маорифро дар замоне, ки техникаву технология ба сурати кайҳонӣ пеш мераванд, равшан бозгӯ карданд.
Дар ин Паём ба Ҳукумати мамлакат, Вазорати маориф ва илм ва роҳбарони Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳоқимияти давлатӣ супориш доданд, ки бо сабаби афзоиши аҳолии кишвар дар панҷ соли оянда 800 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва беш аз 1000 муассисаи таҳсилоти умумӣ бунёд намуда, мавриди истифода қарор диҳанд.
Иҷрои ҳашт барномаи давлатӣ ва ду стратегияи дарозмуддат ба пешрафти соҳа бештару беҳтар мусоидат карда метавонад. Инчунин, ба рушду инкишофи таълиму тарбия ва татбиқи ислоҳоти соҳа мусоидат менамояд. Ба ҷуз ин, 11 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ татбиқ шуда истодааст.
Ҳамин тавр, дар замони соҳибистиқлолӣ, тавре Пешвои миллат дар Паём ироа доштанд, 3670 муассисаи нави таҳсилоти миёнаи умумӣ, 262 муассисаи томактабӣ, 35 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ сохта, мавриди истифода қарор гирифтааст.
Ин нуктаро низ зикр карданд, ки дар давраи мазкур беш аз 117 ҳазор ҷавони боистеъдоди кишвар барои таҳсил ба донишгоҳҳои бонуфузу пешрафтаи 42 мамлакати дунё фиристода шуданд.
“Ҳамеша дар хотир бояд дошт, ки ҳамаи пешравию пирӯзии ҳар як давлат ва ҷомеаро мактабу маориф ва илму дониш таъмин мекунанд”, – иброз доштанд Сарвари давлат.
Ба таъкидашон дар хусуси он, ки эътибор надодан ба сифати мактабу маориф, саҳлангории тарбияи кӯдак сабаби бадбахтии миллатҳост, бояд ҳар масъул, дӯстдори ин Ватану миллат таваҷҷуҳи махсус бидиҳад. Бешак, ҳеҷ кадоми мо, хосса зиёиён, мардуми солимфикр бадбахтии миллатамонро намеҳохему намехоҳанд.
Аз ин рӯ, саъю кӯшиши мо ва аҳли ҷомеа бояд ба он равона гардад, ки ба умқи суханони Пешвоямон бирасем. Инчунин, моҳияти онро дарк намоем. Талош варзем, то ин ҳама ғамхориҳои пайвастаи давлату Ҳукумат нисбати насли имрӯзу оянда самараи дилхоҳ ба бор биёранд.
Мадина АБДУЛЛОЗОДА,
прокурори раёсати назорати қонунӣ будани санадҳои судӣ оид ба парвандаҳои гражданӣ, оилавӣ, маъмурӣ ва иқтисодии
Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Санаи нашр: 03.06.2025 №: 110
